Баргашт Чоп кардан

ДОҒ ДАР МОҲТОБ Ё ЧАРО БАЪЗЕ АЗ МАСЪУЛОН ДАР ОБОДКОРИҲОИ ПОЙТАХТ ХУНУКНАЗАРӢ МЕКУНАНД?

Баъди ба итмом расондани сохтмони дилхоҳ бинои баландошёнаи истиқоматӣ роҳҳои гирду атрофи бино, роҳҳои берун аз тавозуни бинобуда низ таъмиру навсозӣ мешаванд. Ин иқдом аз ҷониби соҳибкорони дар самти сохтмону меъморӣ фаъолиятдошта анҷом дода мешавад, ки баҳри ободии кишвар ва шаҳри азизамон мусоидат менамояд.
Дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ, гузаргоҳи сеюм аз ҷониби соҳибкори саховатпеша баъди анҷом ёфтани сохтмони бинои назди Соҳилӣ роҳ то масҷид пурра таъмиру барқарор карда шуд. Акнун ин макони зисти аҳолӣ хеле зебою бароҳат гаштааст. Кушодани маркази савдои «Ёвар» дар ошёнаи якуми бинои навсохт рафтуомади сокинонро ба ин кӯча боз ҳам зиёд кардааст. Аз дур бинои замонавии 18-ошёна бо тарҳи миллию муосир хеле зебо ба назар мерасад. Аз ду тарафи бино, биноҳои аз замони шуравӣ бунёдгардида низ навсозӣ шуда истодаанд. Вале дар миёни ин ҳама биноҳои навбунёд ва таъмиргашта бинои 9/1, ки солҳои шуравӣ сохта шудааст, ба таъмир ниёз дорад. Махсусан, роҳи назди бино, ки ба роҳи байни дохили шаҳракҳо ворид мешавад, таъмирталаб буда, сокинон пайваста аз фарсуда шудани он мегӯянд. Роҳи вайрона бо майдончаи варзишии бозии кӯдакон пайваст аст, аз ин рӯ, таъмир гардидани он ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи сокинон қарор дорад. Роҳи вайрона дар назди майдончаи наву замонавӣ зебоии кӯчаро коста мегардонад.

Имрӯзҳо чунин ҳолат дар кӯчаю пайроҳаҳои шаҳрамон кам дида намешавад, зеро дар пайи корҳои ободонию созандагӣ, хосса бунёди биною иншоотҳои замонавӣ, кӯчаю паскӯчаҳо ва роҳҳо низ таъмиру навсозӣ мешаванд. Роҳи назди кӯчаи Неъмат Қарабоев 9/1 низ бори аввал соли 2021 асфалтпӯш гардида буд. Вале дар давоми тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ҳангоми боридани аз меъёр зиёди барф, раёсати истифодабарии роҳҳои (РИР) ноҳияи Фирдавсиро зарур омад, ки барои бехатарии аҳолӣ роҳро намак пошад. Истифодаи намак (масалан, намакҳои NaCI ё СаСI2) барои об кардани барфу ях дар роҳҳо баъзан боиси хӯрда шудани асфалт мегардад. Аз ин ҷост, ки асфалти роҳи кӯчаи Неъмат Қарабоев 9/1 реза-реза шуда, ба сангреза табдил ёфтааст ва рафтуомади сокинонро мушкил гардондааст.
Кормандони РИР мегӯянд, ки таъмири роҳҳои байни дохили шаҳракҳо дар ваколати онҳо набуда, нозироти минтақавии «Идоракунии хизматрасонии фонди манзил”(ИХФМ) ин ваколатро ба зимма дорад.
ИХФМ, дар навбати худ, аз надоштани имконияти таъмир ва навсозии роҳҳо мегӯяд, зеро дар тавозуни он ягон техника ва таҷҳизоти барои таъмиру барқарорсозӣ мавҷуд намебошад.
Бояд гуфт, ки илоҷ ва имконияти таъмиру навсозӣ ҳаст. Мутаассифона, идораю ташкилотҳои дахлдору шахсони масъул ба ин масъалаи ҷиддӣ чандон аҳамият намедиҳанд.
Маълум аст, ки раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ дар ихтиёри худ техника ва қувваи кории зиёде дорад, вазифаи идораи мазкур дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо мебошад. Он дорои мошинҳо, грейдеру трактор ва дигар техникаи сохтмонию тозакунӣ буда, бештар хизматрасониро дар роҳҳои протоколӣ анҷом медиҳад. Аммо роҳҳои байни дохили шаҳракҳо аз ҷониби кӣ таъмиру барқарор карда мешаванд, ҳанӯз маълум нест. Сокинон бо умеди ин ду ниҳоданд, ки онҳо барои таъмири роҳ иқдом мегиранд. Вале…
Фикр мекунам, ки агар роҳбарони ниҳодҳои болозикр танҳо ба умеди якдигар нашуда, аз қувваи корӣ ва техникаи мавҷуда дуруст истифода бурда, ақаллан як роҳи байни дохили шаҳракро таъмир кунанд, рафтуомади сокинони ин кӯча беҳтару бехавф мегардад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, сокини шаҳри Душанбе