30-юми май дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.
Дар маҳали ҳамоиши сатҳи баланд – Кохи Сомони бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, беш аз 2500 коршиноси сатҳи баланд аз 80 кишвар, роҳбарони ҳайатҳои як қатор ҳукуматҳо, намояндагони воломақоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд, ҷамъ омаданд.
Чорабинӣ бо аксбардории якҷояи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид.
Бояд гуфт, ки барои инъикоси Конфронс беш аз 450 хабарнигори васоити ахбори оммаи дохилу хориҷ, аз ҷумла 150 рӯзноманигор аз расонаҳои хориҷӣ, номнавис шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор коршиносони сатҳи баланд, роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенга, ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоу, ноиби Президенти Ҷумҳурии Малдив Ҳусейн Муҳаммад Латиф, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло, муовини директори генералии ЮНЕСКО Лидия Брито, директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Кетрин Мери Рассел, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Армида Салсиаҳ Алишаҳбана, ноиби президенти Бонки осиёии рушд Ингминг Янг ва ноиби президенти Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё Аҷай Бҳушан сухан гуфта, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти пиряхҳо ва ҳифзи онҳо баҳои баланд доданд.
Дар назар аст, ки аз рӯи натиҷаи кори нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо, Даъвати Душанбе ва Ҷамъбасти Раис қабул хоҳад шуд.