28-уми май дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 10-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор шуд.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҳамчун як минбари муҳими минтақавӣ нақши калидӣ дар тақвияти равандҳои ҳамгироӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва нақлиётӣ, хусусан дар самти ҳамкориҳои байни мақомоти гумруки кишварҳои аъзоро иҷро менамояд.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук роҳбарӣ намуд. Дар суханронии хеш ӯ зарурати ҷоннок кардани ҳамкориҳоро ёдовар шуд.
Дар ҷаласа фаъолияти кумитаҳои СҲИ ва дастовардҳои ҷаласаи 9-уми Шуро, ки 20-уми июли соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардида буд, мавриди таҳлил ва натиҷагирӣ қарор гирифтанд.
Зимни он масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла рақамисозии минбаъдаи равандҳои гумрукӣ, такмили расмиёти транзитӣ, рушди низоми минтақавии мубодилаи маълумоти электронӣ (ММЭ) ва таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ миёни кишварҳои аъзо, арзёбӣ гардиданд.
Инчунин, котиботи СҲИ ҳуҷҷати муҳими стратегӣ – "Дурнамои СҲИ барои солҳои 2026 – 2035"-ро рӯнамоӣ намуд, ки ҳадаф аз он модернизатсия ва рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ бо фарогирии ҳамаи 10 кишвари аъзо мебошад.
Ҳамзамон, дар самти таҳкими иқтидори кадрии мақомоти гумруки кишварҳои аъзо, таъкид гардид, ки ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии гумрук, Агентии японии ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ва дигар шарикони рушд бояд густариш ёбанд.
Дар поёни ҷаласа ширкаткунандагон Эъломияи Теҳронро қабул намуданд, ки чаҳорчӯбаи стратегии рушди тиҷорати минтақавӣ, таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ ва пешбурди рақамисозии равандҳоро дар минтақаи СҲИ фаро мегирад.
Эъломияи мазкур қадами муҳим дар роҳи навсозии амалияҳои гумрукӣ ва таҳкими ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақа арзёбӣ гардид.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»