Баргашт Чоп кардан

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ВОЖАҲОИ РУСӢ-ИНТЕРНАТСИОНАЛӢ»
Дар ин филворд калимаҳое нуҳуфтаанд, ки тавассути забони русӣ ба забони тоҷикӣ ворид шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛО
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ШОҲМОТ»:
1. Шатранг. 2. Шаҳрух. 3. Муҳра. 4. Фарзин. 5. Гроссмейстер. 6. Қурбонӣ. 7. Гамбит. 8. Таъбия.
9. Кишт. 10. Миттелшпил. 11. Қалъабандӣ. 12. Пайт. 13. Эндшпил. 14. Рапид .15. Сугсванг. 16. Сейтнот
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-54-17
ТРАМВАЙИ ЗЕРИОБӢ
Орзуи деринаи одамон, ки Магнус Фолк амалӣ сохт
Моҳи ноябри соли 1883 сохтмони аввалин трамвай дар Британияи Кабир оғоз ёфт. Аз ин илҳом гирифта, технолог Магнус Фолк трамвайи зериобӣ сохтанӣ шуд. Фолк мехост трамвайе бисозад, ки мардумро аз як соҳил то соҳили дигари баҳр расонад. Барои расидан ба ин мақсадаш бо ширкати “British Thomson-Houston” созишнома баст. Дере нагузашта аввалин ва ягона трамвайи зериобӣ бо номи «Пионер» дар ширкати «Gloucester Railway Carriage & Wagon» сохта шуд. Овозаи ин трамвайи ғайриодӣ зуд ба атроф паҳн гардид ва мардуми таҳҷоӣ гурӯҳ-гурӯҳ барои тамошои он ба соҳили баҳр меомаданд. Трамвай аз чор поя (дарозии ҳар кадом пояҳо 8,2 метр) иборат буд ва то 40 тоннаро мебардошт. Яъне, бемалол то 150 нафарро ба соҳили дигар мебурд.
Таҳияи Кароматулло АТО
БОССАБОЛ
Боссабол маҷмуи волейбол, акробатика ва футбол аст. Консепсияи ин бозии даставӣ солҳои 2002-2004 таҳия шуда, дар Нидерланд ва Белгия ба омма пешниҳод шуд.
Дар ду тарафи тӯри волейбол батути калон гузошта мешавад ва аз ҳар даста 4-5-нафарӣ ба майдон мебарояд. Баландии тӯр аз сатҳи бозигарон вобаста аст: бозигарони касбӣ, ҳаваскор ё кӯдакон. Баръакси волейбол, дар ин намуди варзиш бозигар метавонад бо пой ё ҳар ҷойи қисми бадан пасҳо анҷом диҳад ва расиш ба тӯб на 3, балки 5 маротиба муайян гаштааст. Ба шарофати батутҳои калон бозигарон метавонанд хеле баланд ҷаҳанд ва унсурҳои акробатикиро иҷро кунанд. Дар вақти бозӣ мусиқии ҷаззоб садо медиҳад, то рақобат ба намоиши воқеӣ табдил ёбад.
Аз соли 2005-ум 7 мусобиқаи байналмилалии боссабол гузаронда шудааст ва танҳо ду кишвар ҳамеша ғолиб омадаанд: Нидерланд ва Белгия.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
200 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР
Хайри Билл Гейтс ба бани башар
Дар остонаи 70-солагӣ сармоядори маъруф Билл Гейтс эълон кард, ки тайи 20-солаи оянда 99 дарсади маблағҳояшро сарфи корҳои хайр мекунад.
«Чун аз ҳаёт рафтам, мардум дар бораи ман суханҳои зиёде хоҳанд гуфт, вале ман намехоҳам бигӯянд, ки ӯ сарватманд даргузашт», – навиштааст миллиардор дар саҳифаи иҷтимоияш.
Тавре гуфта мешавад, ӯ дар бист соли оянда 200 миллиард долларро барои беҳбуди соҳаи тандурустӣ ва рушди кишварҳо, пешгирии бемориҳое, ки боиси марги модару кӯдак мегарданд ва мубориза бо бемориҳои сироятиву раҳондани як қисми мардуми сайёра аз фақр харҷ хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки дар даҳ соли гузашта Билл Гейтс 100 миллиард долларро сарфи корҳои хайр намуда буд.
Тарҷимаи М. ҚОДИРОВА
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ЭЙНШТЕЙН ҶОСУС?
Аксарият на танҳо кашфиёти Алберт Эйнштейнро хуб медонанд, балки аз амалҳои дӯстдоштааш низ огоҳӣ доранд. Фарзи мисол, медонанд, ки Эйнштейн маҳфили зебосанамҳо, вале сайри тани танҳоро дар парус тамоми умр ихлосманд буд. Вале кам касоне огоҳанд, ки олими маъруф беш аз нисфи умри худ зери таъқиби хадамоти махсуси Амрико қарор дошт. Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки баробари омадани Эйнштейн ба ИМА Хадамоти ҷосусии Амрико нисбати ӯ парванда кушода, солҳои минбаъда таъқибаш мекард. Аҷибтар ин аст, ки олими кашшоф ба ҳайси ҷосуси шуравӣ гумонбар мешуд. Баъд аз марги Эйнштейн маълум шуд, ки парвандаи ӯ аз яку ним ҳазор саҳифа ҳам гузаштааст.
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА
ИТАЛИЯГИҲО «ХИЁНАТ»-И КОРЕЯГИРО НАБАХШИДАНД!
18-уми июни соли 2002 дар марҳалаи 1/8-финали Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол тими миллии Корея мунтахаби Италияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.
Тӯби ғалабаоварро ба дарвозаи рақибон ҳамлагари дастаи италиявии «Перуҷа» Ан Чон Хван дар дақиқаи 117-уми қисми иловагӣ ба самар расонда, тими миллии Италияро аз идомаи бозиҳо дар Чемпионати ҷаҳон маҳрум сохт.
Роҳбарони бошгоҳи «Перуҷа» аз ин амали «ноҷавонмардона»-и бозигарашон Ан Чон Хван ранҷида, дарҳол шартномаи ӯро бекор карданд.
Таҳияи Ш. ШОКИР
ХУШБАХТӢ
Ҳама хушбахтиро меҷӯянд, лекин дарк намекунанд, ки, аллакай, хушбахтанд, зеро:
- кӯдаки солим хушбахтӣ;
- оилаи сарҷамъ дар сари дастархон хушбахтӣ;
- ҷисми солим хушбахтӣ;
- сулҳу осоиштагӣ хушбахтӣ;
Хушбахтии худро эҳтиёт ва ҳаррӯза қадр кунед!
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
УОЛТ ДИСНЕЙ
Рассоми нокоме, ки афсонаро ба ҳақиқат табдил дод
Уолт Дисней соли 1901 дар оилаи камбизоат таваллуд мешавад. Ӯ аз хурдсолӣ расмкаширо дӯст медошт. Баъзан, аз ночорӣ расмҳои кашидаашро ба ҳамсояҳо ҳамагӣ ба чанд сент мефурӯхт.
Вай ба хотири кор мактабро тарк кард. Як муддат хаткашон буд, вале дар аввал кораш омад намекард. Ниҳоят соли 1928 дар олами синамо ӯ муши гӯшкалон – Микки Маусро муаррифӣ намуда, зиндагиашро бакуллӣ тағйир дод. Охир офаридаҳои ӯ бо ин қаҳрамон аввалин филмҳои тасвирие буданд, ки овоз, ранг ва мусиқӣ доштанд.
Баъдан, вақте ӯ идеяи сохтани боғи афсонавиро ба атрофиён гуфт, ҳама девонааш хонданд. Бо вуҷуди ин, соли 1955 Диснейленд ифтитоҳ гардида, имрӯз миллионҳо кӯдак бо номи ӯ ошносту Микки аз шинохтатарин қаҳрамонони олами тасвирӣ дар сартосари ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
КАШФИЁТ Ё ЧӢ ТАВР БЕЧОРАГӢ ИНСОНРО ОЛИМ КАРД?
Дар маҷлиси кашшофони асри нав:
– Муҳтарам Бечораев сухан ба шумо.
– Рости гап, коре, ки ман кардам, шояд кашфиёт гуфтан чандон дуруст набошад, вале метавонад дар ҳалли мушкили рақами яки мардуми қишлоқ мусоидат намояд. Ман аз ноилоҷӣ ба кашфиёт даст задам. Рӯи рост мегӯям, дар заминҳои деҳа, ҳатто дар кӯҳу камари бобоӣ, дигар имкони чарондани чорво намондааст. Дара ба дара, санг ба санг кумитаи заминфурӯшии мо ҳамаро тарака кардааст. Бинобар ин, ман маҷбур шудам ягона гови дӯшоямро бо зарофаи африқоӣ дурага кунам. Мақсад гӯсолае, ки аз ин ҷуфт таваллуд мешавад, дигар шикамашро дарди сари мо накарда, аз баландиҳо худаш мустақилона ризқу рӯзияшро ёфта, хӯрдан гирад.
Таҳияи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МАНТИҚ
Аз толори суд:
– Шумо дар ҳақиқат аз кардаатон пушаймонед?
– Бале, рафиқ судя, сад дарсад пушаймонам.
– Рости гап, амалкарди шумо мантиқ надорад. Овози баланди саксофон аз хонаи ҳамсояатон ба филармония чӣ дахл дошт, ки шумо як бинои ободи ноҳияро оташ задед?
– Мантиқ дошт, рафиқ судя. Ман фикр кардам, ки агар ҳамсояи ман ҷойи санъаташро намоиш додан наёбад, машқи гӯшхарошашро ҳам дар саксофон бас мекунад. Барои ҳамин бинои филармонияро оташ задам.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ДУ ФАНАТИ «ЛИВЕРПУЛ»
Яке бо чашми сар мебинаду дигаре бо чашми дил
Стефан Гарсия ва Майк Кёрни аз шаҳри Ливерпул мухлиси ашаддии дастаи ҳамноми шаҳрашон мебошанд.
Майк нобиност, вале ҳар як бозии онро бесаб-рона интизор мешавад. Ӯ ҳамроҳи дӯсташ Стефан ба варзишгоҳ меравад, даст рӯи сина Суруди миллӣ мехонад ва рафти бозиро аз забони рафиқаш бо завқи тамом гӯш кардаву эҳсосоташро баён медорад: баробари мухлисон шодӣ мекунад, дар лаҳзаҳои ҳассос ба ҳаяҷон меояд ва бурди дастаро бо шодмонӣ истиқбол мегирад. Ба шарофати дӯсти вафодораш Стефан, ба ӯ даст додааст, ки аз бозии дастаи дӯстдоштааш баҳра барад.
Бояд гуфт, ки аз қиссаи ин дӯстӣ тамоми шаҳр огоҳ аст. Аз миёни ситораҳои футбол ҳатто Муҳаммад Салоҳ, ҳамлагари «Ливерпул», боре рафиқонро ба наздаш хонда, барояшон футболкаи худро (рақами 11) бо нишони эҳтиром ва ёдгорӣ тақдим кардааст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
LOUIS VUITTON
Louis Vuitton яке аз маъруфтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи мӯд ба ҳисоб рафта, соли 1854 дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж аз ҷониби Луи Вюиттон таъсис ёфтааст.
Ширкати Louis Vuitton бо истеҳсоли ҷевонҳои калон барои сафар оғоз ёфта, бо тарроҳии навоварона, сифати баланд ва истифодаи маводи устувор, дар муддати кӯтоҳ шуҳрати ҷаҳонӣ касб намуд. Тули солҳо бренд доираи фаъолияти худро бо истеҳсоли ҷувздонҳои дастӣ, либосҳои мӯднок, пойафзол, атрҳо, айнак, ҷавоҳирот ва лавозимоти ороишӣ васеъ намуд.
Имрӯз маҳсулоти ширкат дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон ба фурӯш бароварда мешавад.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
10 ШАҲРИ ЗЕБОТАРИНИ ОЛАМ
2. ВЕНЕТСИЯ
Ин шаҳри Италия, ки дар рӯи об воқеъ аст, солиёни зиёд боз қалби сайёҳонро тасхир карда, дар радабандии зеботарин шаҳрҳои олам мавқеи хосро ишғол менамояд.
Венетсия шаҳр - осорхонаест, ки дар ҳудуди 118 ҷазираи хурд доман густурда, онро 170 каналаш бо меъмории аҷиби давраи Эҳё шаҳомати хос бахшидааст. Ин зебоиҳо ҳангоми шино бо қаиқ аз тариқи Канали Калон беҳтар ба чашм мерасад. Махсусан, пули Риалто, ки аз объектҳои қадимаи Венетсия ба шумор меравад.
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки дар Венетсия қоидаҳои аҷибе мавриди амаланд: ба одамон иҷозат дода намешавад, то ба кабӯтарҳо ғизо диҳанд, дар маркази шаҳр велосипедронӣ кунанд ва дар майдони Сан-Марко нишаста хӯрок хӯранд.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
ПАНҶ ДОНИШГОҲИ БУЗУРГТАРИНИ ОЛАМ
Ин навбат тасмим гирифтем, ки ба муштариёни азизи рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар бораи панҷ донишгоҳи бонуфузтарини олам маълумот диҳем.
5. ДОНИШГОҲИ АЛЛОМА ИҚБОЛ
Дар ин радабандӣ Донишгоҳи аллома Иқбол мавқеи панҷумро ишғол менамояд. Он дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷойгир буда, соли 1974 таъсис ёфтааст. Дар он як миллиону сесад ҳазор донишҷӯ таҳсили илм мекунад. Қобили зикр аст, ки дар олам Донишгоҳи аллома Иқбол бо марказҳои тадқиқотиаш низ маъруф аст.
Таҳияи З. ҚУТБИДДИН
ТАҶРИБАИ АҶИБИ ЯК ҲУНАРПЕША
Ҳунарманди маъруфи амрикоӣ, барандаи ҷоизаи “Глобуси тиллоӣ” Ричард Гир мегӯяд: “Рӯзе ман либоси куҳна ба бар карда, чун бечораву бехона дар кӯчаҳои Ню-Йорк гаштам вале касе маро нашинохт. Танҳо дар ин ҳол ман пайхас кардам, ки шахси бечораҳол қадре надорад. Ҳатто вақте одамон аз наздам мегузаштанд, бо нафрат ба ман менигаристанд. Танҳо як хонум дилсӯзона ба ман хӯрок дод. Ман ин таҷрибаро ҳаргиз фаромӯш намекунам.
Хулоса баровардам, ки мо бояд худро тағйир диҳем, яъне ба атрофиён бо назари нек нигарем ва дар ҳолати зарурӣ мададрасон ҳам бошем”.
Таҳияи Зебо НАЗАР
ЛИХНИСИ ГИБРАЛТАРӢ
Ин гул дар олами наботот нодиру камёфт буда, соли 1980 аз ҷониби олимони соҳа ба қатори рустаниҳои нобудгашта шомил аст.
Лихнис танҳо дар шӯхҳои гулугоҳи Гибралтар месабзид. Аз ин рӯ, солҳои 80-уми асри ХХ олимон муътақид буданд, ки он нобуд гаштааст. Вале соли 1994 кӯҳнаварде ин гулро дар ин шӯхҳо пайдо кард ва ба мутахассисон хабар дод.
Акнун, ба шарофати ин кӯҳнавард лихниси гибралтарӣ дар боғи ботаникии Гибралтар ва Боғи ботаникии Шоҳигарии Британияи Кабир дар Лондон парвариш мешавад.
Таҳияи Гулнисо САЪДОНШО
ТАКСИҲОИ ФАЗОӢ
Ширкати бритонии "Vertical Aerospace" нахустин парвози "таксии фазоӣ"-ро дар Аврупо озмуд, ки қарор аст, солҳои наздик барои кашондани мусофирон истифода гардад. Дар ин бора, The Daily Telegraph хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки намунаи тайёраи барқии VX4 дар минтақаи Котсволдс (ҷанубу ғарби Англия) парвози таҷрибавӣ анҷом дод. Ба навиштаи нашрия, озмоиши навбатӣ бо ҳадафи нишон додани тавоноии парвози амудии VX4 ва гузаштан ба реҷаи парвоз аз ҷойи ист равона хоҳад шуд.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
ЗАБОНИ АМРИКОӢ Ё АНГЛИСӢ?
Тавре ҳамагон медонанд, дар асл забони амрикоӣ вуҷуд надорад ва забони расмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико англисӣ ба ҳисоб меравад. Аммо, қатъи назар аз ин, мувофиқи қонунгузорӣ, то соли 1969 дар иёлати Иллинойс забони расмии онро амрикоӣ эътироф мекарданд.
Дар ҳамин ҳол, чуноне муҳаққиқон иддао доранд, айни замон сокинони ИМА бо 24 шеваи забони англисӣ ҳарф мезананд.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА
ВАРЗИШГАРОНИ МУВАФФАҚИ ОЛАМ
МАЙКЛ ФЕЛПС ВА КОРНОМАИ ВАРЗИШИИ Ӯ
Майкл Фелпс, шиновари маъруфи амрикоӣ, яке аз варзишгарони муваффақи олам ба шумор меравад.
Фелпс дар чор олимпиада 28 медал ба даст меоварад, ки 23-тоаш тиллост. Ӯ, инчунин, чемпиони 26-каратаи ҷаҳон мебошад. Соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин 8 медали тилло ба даст овард, ки чунин дастовард то ҳол ба ҳеҷ варзишгар муяссар нашудааст.
Дар давоми корномаи варзишии худ Фелпс 39 рекорди ҷаҳонӣ мегузорад, ки собиқа надорад.
Ӯ ҳафт маротиба аз ҷониби маҷаллаи «Swimming World» ва соли 2012 аз тарафи Федератсияи байналмилалии шиноварӣ беҳтарин шиновари ҷаҳон эътироф гардид.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО