Ваҳдати миллӣ дар сарнавишти ҳар як халқу миллат баробар ба истиқлоли давлатӣ аҳамияти боризро молик аст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки ваҳдати сартосариро ҳифз намояд, зеро он барои ҳар яки мо гиромист.
Мояи ифтихор ва шукргузорист, ки аз рӯзи баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, ки асоси суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагист, 28 сол сипарӣ шуд. Шоёни зикр аст, ки ин ҳама сулҳу субот бо азму иродаи қавӣ ва талошҳои Сарвари хирадсолори давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст...
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Сокинони меҳнатқарини мамлакат пайи ободиҳо талош варзиданд, коргоҳҳо, роҳҳо, нақбҳо, мактабҳо, муассисаҳои фароғатӣ ва ғайра зиёд бунёд намуданду зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Сулҳу салоҳ, ваҳдати сартосарӣ самараи Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Тоҷикистон аст. Пас аз нобасомониҳову гирудорҳои солҳои 90-уми асри XX умед ба ояндаи нек рӯшан шуд. Моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар ин Иҷлосияи тақдирсози таърихӣ ҷавонмарди ҷасуру некманиш Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлати Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин сиёсатмадори тавоно бо азму иродаи қавӣ Тоҷикистони дар хоку хун оғӯштаро аз нобудӣ раҳо карданд. Марзу буми кишвари тозаистиқлолро аз хатари порашавӣ эмин нигоҳ доштанд. Мардуми мамлакатро сарҷамъ карда, сулҳи ҷовидонро пойдор намуданд.
Талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бор оварданд ва 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид. Пас аз ин, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир падидаи тозаеро қавӣ кард ва ин падидаро кишварҳои ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи бузурги сулҳофарӣ эътироф карданд ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба унвони намунаи ибрат барои таҳкими сулҳу субот дар кишварҳои гуногуни олам дониста шуд.
Сулҳу ваҳдат имкон фароҳам оварданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати начандон зиёд ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Дар заминаи таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ ваҳдати тоҷикон беҳтарин дастовард маҳсуб меёбад. Дар ин давра тавассути тадбирҳои наҷиб ва ибтикороти Пешвои муаззами миллат барномаҳое рӯи кор омаданд, ки онҳо барои рушди иқтисодиёт заминаи мусоид фароҳам оварданд. Ба шарофати таҳкими ваҳдати миллӣ ва тантанаи сулҳу оромӣ дар кишвар коргоҳҳои мухталифи саноатӣ, неругоҳҳо сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бо эълони ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии босуръати мамлакат, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии мамлакат боз чандин коргоҳҳои саноатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Пешвои муаззами миллат пайваста зикр мекунанд, ки имрӯз барои мо ду неъмати бузург – истиқлолият ва ваҳдати миллӣ чун ду қутби муҳими низоми давлатдорӣ азиз ва муҳтарам аст. Аз ин ваҷҳ, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, то дар ҳифз ва гиромидошти ин ду неъмати бузург ва беназир аз самими қалб кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Шарифҷон НАЗРУЛЛОЗОДА, судяи суди шаҳри Душанбе