Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони шуравӣ ҳамчун кишвари офтобӣ машҳур аст, зеро теъдоди рӯзҳои офтобӣ дар диёри мо 280-330 рӯзро ташкил медиҳад. Мувофиқи ҳисоби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз нурҳои Офтоб дар ҳар метри мураббаи ҳудуди мамлакат баробари 1000 ватт (1киловатт) метавон тавассути панелҳо неруи барқ истеҳсол кард ва ё дар сурати насби обгармкунаки офтобӣ дар ҳамин андоза соле 150-200 килограмм ангиштсангро сарфа кардан мумкин аст. Аз ин бармеояд, ки ҳангоми насби обгармкунаки офтобӣ дар масоҳати 10 метри мураббаъ соле баробари сӯхтани 2 тонна ангиштсанг энергия истеҳсол мешавад.
Мувофиқи маълумоти Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA), баъди 25 сол қариб 20-25 дарсади неруи барқи ҷаҳон тавассути энергияи Офтоб истеҳсол хоҳад шуд. Ин ба фазо ихроҷ шудани соле 6 миллиард тонна гази карбонатро пешгирӣ мекунад. Олимони Пажӯҳишгоҳи масоили таъсири тағйирёбии иқлими Потсдам (Олмон) ҳисоб кардаанд, ки то соли 2050 кишварҳои Аврупо худро тавассути манбаъҳои барқароршавандаи энергия пурра бо неруи барқ таъмин хоҳанд кард.
Гузаштан ба энергияи офтобӣ, аз як тараф, ифлосшавии ҳаворо пешгирӣ намуда, хатари тағйирёбии иқлимро кам созад, аз тарафи дигар, боиси таъсисёбии ҷойҳои нави корӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад.
Аз рӯи маълумоти IRENA, соли 2016 дар ҷаҳон 9,8 миллион нафар дар соҳаи энергияи барқароршаванда фаъолият дошт. Ин рақам то соли 2030 ба 24 миллион нафар хоҳад расид.
Дурнамои тараққиёти энергияи Офтобро ба назар гирифта, аз соли 1994 бо ташаббуси бахши аврупоии Ҷамъияти байналмилалии энергияи Офтоб (ISES Europe) дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла дар кишвари мо, сеюми май Рӯзи байналмилалии Офтоб таҷлил мегардад. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ тарғиб аҳамияти насби таҷҳизоти офтобӣ ва бо ин роҳ кам кардани ихроҷи газҳои гулхонаӣ мебошад. Афзоиши газҳои гулхонаӣ боиси ба зудӣ обшавии пиряхҳо, баландшавии сатҳи оби уқёнуси ҷаҳонӣ, обхезӣ ва хушксолиҳо мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 60-солагии таъсисёбии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба тараққӣ додани энергияи барқароршаванда дахл карда, чунин таъкид намуданд: «Яке аз дастрастарин манбаъҳои энергия неруи Офтоб мебошад. Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки тавассути истифодаи энергияи Офтоб арзиши гармкунии об ва манзилро то 70 дарсад кам кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, имрӯз дар хонаҳои шахсӣ, иморатҳои саноатии кишварҳои пешрафтаи дунё барои гарм кардани об аз коллекторҳои офтобӣ истифода мебаранд».
Аз ҷиҳати истифодаи таҷҳизоти офтобӣ Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Япония, Туркия, ИМА, Канада, Олмон, Британия, Фаронса, Исроил ва Кипр дар сафи пеш қарор доранд. Дар ин кишварҳо лоиҳаҳои «бомҳои офтобӣ», «балконҳои офтобӣ» ва «хонаҳои офтобӣ» бомуваффақият амалӣ шуда, миллионҳо манзилро мунаввар ва кӯчаҳоро равшан гардонданд.
Ҳаждаҳ сол қабл шаҳрдории Барселонаи Испания қароре қабул намуд, ки мувофиқи он ширкатҳои сохтмонӣ уҳдадор шуданд, то дар боми иморатҳои навбунёд ҳатман таҷҳизоти офтобӣ насб намоянд. Бо ин усул тавассути обгармкунакҳои офтобӣ 60 дарсади талаботи сокинон бо оби гарм таъмин гардид. Барои насб накардани таҷҳизоти офтобӣ 30 миллион евро ҷарима муайян карда шуд. Таҷрибаи мазкурро 35 шаҳри Испания ва дигар кишварҳои аврупоӣ қабул карданд.
Яке аз унсурҳои асосии таҷҳизоти офтобӣ кремний аст, ки захираи он дар кишвар фаровон мебошад. Чанд сол пеш корхонаи хусусии «Садаф» дар вилояти Суғд тасмим гирифт, ки истеҳсоли таҷҳизоти офтобиро ба роҳ монад. Истеҳсоли чунин таҷҳизот дар минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат бо харҷи нисбатан кам имконпазир буда, боиси таъсиси ҳазорон ҷойи корӣ хоҳад шуд.
Аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта чунин бармеояд, ки оқилона истифода бурдани неруи Офтоб ба фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ мусоидат намуда, пеши ифлосшавии муҳити зист ва хароҷоти беҳудаи энергияро хоҳад гирифт.
Сайфиддин СУННАТӢ,
Аълочии матбуот ва фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон