Баргашт Чоп кардан

ҚУВВАИ БАРҚ. ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНӢ, ЯЪНЕ ЧӢ?

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти № 2163 аз 15-уми апрели соли 2025, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи навбатии махсус, яъне моддаи 253 иловаи 1 “Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ” илова гардида, айни ҳол мавриди амал қарор дорад. Вале на ҳамаи шаҳрвандон медонанд, ки зери мафҳуми истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ чи дар назар дошта мешавад ва ин моддаи Қонун нисбати кадом категорияи истифодабарандагони қувваи барқ ба кор бурда мешавад.
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, бо прокурори калони шуъбаи назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратураи ВМКБ, ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 Нурзода Мадоро Нур ҳамсуҳбат гардидем:
– Аз нигоҳи Шумо, ҳамчун ҳуқуқшинос, чӣ зарурат пеш омад, ки истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷинояти алоҳида ворид карда шавад?
– Истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ дар солҳои охир афзоиш ёфта, ба амнияти энергетикӣ ва иқтисоди миллӣ зарари ҷиддӣ расонда истодааст. Ин боиси он гардид, ки тайи чанд соли охир дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар қаламрави ҷумҳурӣ маҳдудияти истифодаи қувваи барқ ҷорӣ карда шавад. Пешгирӣ ва танзими ин амали номатлуб танҳо бо чораҳои маъмурӣ имконпазир набуд, аз ин рӯ, бо дарназардошти талаботи замон истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ҳамчун ҷиноят муқаррар карда шуд.
– Истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ чӣ гуна ҳолатҳоро дар бар мегирад?
– Истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ гуфта, Қонун ҳамаи шаклҳои ғайриқонунии истеъмолро дар бар мегирад, аз ҷумла худсарона пайваст шудан ба шабакаҳои барқӣ, вайрон кардани ҳисобкунакҳои барқӣ, истифодаи таҷҳизоти махсус барои кам нишон додани истеъмол ва дигар амалҳои пинҳонӣ. Ҳамаи ин ҳолатҳо, тибқи тағйироти нав, дар пай ҷавобгарии ҷиноятӣ доранд.
– Мегуфтед, ки тибқи тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида кадом ҷазоҳо барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ пешбинӣ шудаанд?
– Барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ҷазоҳои гуногуни асосӣ ва иловагӣ, вобаста ба вазнинии кирдор пешбинӣ шудаанд: аз ҷумла, қисми 1 моддаи 253 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҳам ҷазои ҷарима ва ҳам ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ намудааст. Қисми 2 ва 3 моддаи мазкур бошад, ҳам ҷазои асосӣ, яъне ҷарима ва маҳрум сохтан аз озодӣ ва ҳам ҷазои иловагӣ, яъне маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайянро ба муҳлати то 10 сол пешбинӣ намудаанд.
– Агар шахс худсарона барқро истифода карда бошад, аммо пас аз ошкор гардидани ҳолати мазкур аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ширкатҳои энергетикӣ зарари расондаашро барқарор намояд, оё нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад ё не?
– Тибқи қонунгузории амалкунанда, пардохтани зарар ҳолати сабуккунанда мебошад, вале худи амали ғайриқонунии истифодаи қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятиро истисно намекунад. Мақомоти тафтишотӣ ва судӣ метавонанд дар асоси вазъият ҷазоро сабуктар намоянд, аммо ҷавобгариро пурра бекор кардан мумкин нест.
– Оё тағйироти нав дар Кодекси ҷиноятӣ метавонад ба соҳибкорон ва корхонаҳои саноатӣ ҳам таъсиргузор бошад?
– Бале, тағйирот ба ҳама субъектони хоҷагидорӣ дахл дорад. Корхонаҳо ва соҳибкорон низ уҳдадоранд, ки шартномаҳои расмӣ дошта бошанд ва қувваи барқро тибқи қоидаҳои истифодаи қувваи барқ истифода намоянд. Ҳангоми ошкор гардидани истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ дар корхонаҳо, албатта, ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ пешбинӣ мешавад.
– Дар Қонун истилоҳи «Бо мақоми хизматӣ» пешбинӣ шудааст. Мефаҳмондед, ки ин чӣ маъно дорад?
– Қонунгузор дар қисми 2 моддаи мазкур истилоҳи «Бо мақоми хизматӣ»-ро пешбинӣ кардааст, ки ҳолати мазкур ҳамчун ҳолати вазнинкунандаи ҷазо баҳогузорӣ карда мешавад. Яъне, агар вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ аз ҷониби шахсе, ки барои назорат намудани ҳолатҳои пешгирии истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ваколатдор шудааст, зимни иҷрои вазифаҳои хизматиаш бо мақсади ғаразнок содир гардад, чунин ҳолат ҳамчун ҳолати вазнинкунанда ва бо истифода аз мақоми хизматӣ баҳогузорӣ карда мешавад.
– Ба ақидаи Шумо, пурзӯр намудани ҷавобгарӣ нисбати истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ба ҷомеа чӣ гуна таъсиргузор хоҳад шуд?
– Ба назари ман, пурзӯр намудани ҷавобгарӣ нисбати истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ амри зарурӣ ва талаботи имрӯзаи ҷомеа мебошад ва бовар дорам, ки тағйирот ба қонунгузории ҷиноятӣ дар ин самт ба таҳкими фарҳанги истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ мусоидат хоҳад кард.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”