9-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитса дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус 15 ҳазор иштирокдор аз 120 давлати ҷаҳон ва зиёда аз 70 созмони байналмилалию минтақавӣ, сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои 50 кишвар ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки имрӯз ҳифзи уқёнусҳо, ки беш аз 70 фоизи сатҳи сайёраро фаро гирифтаанд, ба яке аз вазифаҳои басо авлавиятноки башарият табдил ёфтааст.
Дар фароварди сухан Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки барои ҳифзи экосистемаҳои соҳилӣ ва баҳрӣ ва минтақаҳои ташаккули манбаъҳои оби тоза теъдоди фондҳои глобалӣ ва ҳаҷми маблағгузориҳо афзун карда шаванд. Изҳори умед шуд, ки ин чорабинӣ барои татбиқи уҳдадориҳои нав дар самти ҳифзи уқёнус ва мавҷудоти зериобӣ заминаи пойдору устувор хоҳад гузошт.