Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод дар маъракаи кишти пахтаи деҳқонони бригадаи № 14 (сарвари бригада Латофат Ҳусейнова)-и ҶДММ ба номи Латиф Муродов иштирок намуд. Тавре сарвари хоҷагӣ Баҳриддин Солеҳов иброз дошт, имсол бори аввал дар хоҷагӣ ва, умуман, шаҳри Ҳисор бо мусоидати Вазорати кишоварзии мамлакат кишти пахта бо усули замонавӣ гузаронда мешавад, ки бартариятҳои зиёдро дар пай дорад.
Бо ин усул тухмӣ тавассути техникаи ҳозиразамони тухмипошии туркӣ, ки кишти дақиқ номгузорӣ шудааст, кишт шуда, дар як вақт амалиёти озуқадиҳии майдони пахтазор низ, амалӣ мегардад. Бо мақсади дар оянда тавассути комбайнҳои пахтачинӣ ҷамъоварӣ намудани ҳосил масофаи байни қаторҳо аз 60 сантиметри маъмулӣ то 75 сантиметр васеъ карда шудааст. Як тухмипошак иқтидори дар як рӯз кишт намудани 8-10 гектар заминро дорад. Истифодаи самаранок аз ин усули кишт имкон медиҳад, ки муҳлати он дар хоҷагиҳо ба дарозо кашида нашуда, дар давраи муайян ба анҷом расонда шавад. Агар бо усули маъмулӣ барои кишти як гектар пахта 100-120 килограмм тухмӣ масраф мешуд, ҳоло бо тарзи нави кишти дақиқ дар як гектар ҳамагӣ 25-30 килогармм тухми лучак кифоя мебошад.
Иқдоми мазкур дар пайравӣ ба хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Данғара, ки аз ин усул солҳост бархурдоранд, роҳандозӣ шудааст ва дар доираи ҳамкорӣ бо деҳқонони ботаҷрибаи ноҳияи мазкур ҷамъоварии ҳосил тавассути комбайнҳои пахтачинии ҳозиразамон дар назар аст.
Чунонки иттилоъ дода шуд, хоҷагиҳои пахтакори шаҳр тасмим гирифтаанд, ки соли ҷорӣ дар майдони 1200 гектар кишти пахта гузаронанд.
Раиси шаҳр ҳангоми суҳбат бо пирони кор ва деҳқонон иброз дошт, ки ҳар лаҳзаи мусоиди обу ҳаворо ғанимат дониста, кишти пахтаро дар муҳлати на дертар аз 10 рӯз ба анҷом расонанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»