Дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” аз ҷониби табибони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти табобати бемориҳои рагҳои мағзи сар боз як амалиёти душвори ҷарроҳӣ бомуваффақият гузаронда шуд.
Ба бемор, марди 66-сола, ки бо ташхиси аневризмаи артерияи хоби даруна, сегменти кавернозӣ дар муассисаи мазкур бистарӣ гардида буд, бо усули эндовескулярӣ стентгузорӣ анҷом дода шуд.
Ба гуфтаи Субҳониддин Баҳодуров, ҷарроҳи бемориҳои мағзи сари Маркази миллии тиббии “Шифобахш”, ки амалиёти ҷарроҳии мазкурро якҷо бо ҳамкасбони хеш аз Ҷумҳурии Исломии Эрон гузарондааст, ба чунин беморон ҷарроҳии боз гузаронда намешавад ва роҳи табобати онҳо танҳо гузоштани стент мебошад.
Мутахассис иброз медорад, ки аневризмаи сегменти каверозии артерияи хоби даруна дар бемор аломатҳои дардҳои шадид дар қисми чашм ва рӯй ба вуҷуд меорад. Агар ин аневризм бикафад, дар бемор ташхиси каверози саустия иваз мешавад, ки бемор дарди чашм, нобиноӣ, сурхшавӣ ва берун баромадани чашмро эҳсос мекунад.
– Бо сабабе ки қабл аз кафидани ин аневризма бемор ба мо муроҷиат кард, ба ӯ стент гузоштем, ки роҳи кафидани аневризма гирифта шуд. Ҳолати бемор пас аз амалиёти ҷарроҳӣ хуб мебошад, – гуфт зимни суҳбат ба мо Субҳониддин Баҳодуров.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"