Баргашт Чоп кардан

БОЗИҲОИ КОМПЮТЕРӢ. НОГУФТАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

Бозӣ дар ҳаёти ҳар бача аҳамияти калон дорад. Пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат, ки тавассути бозӣ бача метавонад қобилияти худро дарк намояд, дониш, малака ва маҳораташро сайқал дода, ояндаашро муайян созад. Гузашта аз ин, барои бачаҳо бозӣ машғулияти ҷалбкунанда мебошад. Дар бозӣ ҳамаи онҳо баробаранд ва имкониятҳои худашонро зоҳир мукунанд.
Хосса дар асри муосир, ки технология ба як дастгоҳи таҳрикдиҳандаи зиндагӣ табдил ёфтааст. Воқеан, имрӯз дар ҳар оила компютер барои кӯдакон дастрас мебошад. Онро на танҳо барои кор ва таълим истифода бурдан мумкин аст, инчунин, он воситаи саргармӣ низ шуда метавонад. Яке аз воситаҳои муҳимтарин ва паҳнгардидатарин бозиҳои компютерӣ маҳсуб меёбанд. Дар ин ягон хавфу хатар ниҳон нест, зеро ҳар бозии компютерӣ метавонад воситаи самарабахши таълим ва тарбияи кӯдак гардад. Бозиҳои компютерӣ нисбат ба бозиҳои телефонӣ бештар фаъоланд. Онҳо танзими ҳаракати дастҳо, инкишофи хотираи биноӣ, таҳлили вазъият ва қабули қарорро тақозо менамоянд. Бозиҳои компютерӣ диққатро тақвият бахшида, фаъолиятро ташаккул, худтанзимкунӣ ва устувориро таъмин менамоянд. Бозии хуб метавонад ба бача ёрӣ расонад, ки ноустуворӣ ва дудилагиро бартараф намуда, малакаи муоширатӣ (коммуникативӣ) ҳосил намояд. Мутахассисони хориҷӣ чунин меҳисобанд, ки таҷрибаи бозии бошууронаи компютерӣ метавонад имкониятҳои дарккунии бачаҳоро баланд бардорад.
Ҳангоми бозӣ дар компютер нутқи кӯдак инкишоф ёфта, фаъолияти чашму дасташ муттамарказ мегардад, тавоноии банақшагирӣ ва пешбинии амал ташаккул меёбад, тафаккури эҷодии бача инкишоф ёфта, ба такрор намудани амалҳо ва мушоҳидаҳо омода мегардад, тавоноии тамоми диққатро муттамарказ намудан ба ашёҳои мушаххас инкишоф меёбад, ба ҳодисаҳо тез сарфаҳм меравад, дар аксари ҳолатҳо шиддатро дар рафтори бача бартараф намуда, оромӣ ва фараҳ мебахшад, дар ниҳоди бача сабурӣ, пуртоқатиро бедор менамояд.
Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки баробари бартариҳои бозиҳои компютерӣ мо ба паҳлуҳои зараровари он низ диққат диҳем. Воқеияти тахайюлотӣ - олами офаридаи компютерҳо - инсонро зуд ба одаткунӣ моил менамояд. Чунин майлпайдокунӣ бештар дар байни кӯдакон ва ҷавонон мушоҳида мешавад. Ҳамин тавр, иваз намудани воқеияти ҳақиқӣ ба тахайюлотӣ рӯй медиҳад. Технологияҳои тахайюлотиро бо маводи сахттаъсир муқобил гузоштан мумкин аст. Чунки объекти охирини таъсиррасонии ин система низ мағзи сари инсон мебошад. Онҳое, ки қудрати одаткунӣ ва зиндагӣ дар олами воқеӣ надоранд, асабонианд ва зуд ба олами тахайюлотӣ мегузаранд. Ба онҳо маъқул аст, ки андешаи онҳоро ба инобат гиранд ва ба онҳо тобеъ бошанду итоат кунанд.
Дар муқоиса бо наврасони маъмулӣ, наврасоне, ки зери таъсири тобеияти компютерӣ мебошанд, қуллаи шиддат ва тарсашон чандин карат баланд аст. Барои онҳо тамос дар доираи «танг» характернок мебошад. Онҳо бештар гирифтори дар худ нигоҳ доштани асрор, гурехтан аз робитаҳои иҷтимоӣ мешаванд. Решаҳои тобеияти бозиҳои компютерӣ дар зери хосиятҳои инфиродӣ-равонии бачаҳо пинҳонанд. Ин амал, дар илми равоншиносӣ ҳамчун мушкилоти муносибатҳои байнишахсиятӣ дониста мешавад.
Бинобар ин, бояд дар хотир дошт, ки бача ҳатман дар зери назорат ва роҳбарии калонсолон дар компютер бозӣ кунад. Ӯ бояд сарҳади байни воқеият ва хаёлотро гум накунад. Танҳо дар ин ҳолат бозиҳои компютерӣ метавонанд ба воситаи самараноки таълим ва тарбияи кӯдакон табдил ёбанд. Бачаҳоро бо компютер бе назорат нагузорем. Ҳамчунин, набояд гузошт, ки бозӣ бо компютер ба одат табдил ёфта, ба саломатии кӯдакон осеб мерасонад.
Моҳрӯ ҲАФИЗОВА,
мураббии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1-уми ноҳияи Шоҳмансур