CentralAsia (CA). Бино ба иттилои агентии «Anadolu» Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар маросими супурдани хонаҳои шахсӣ дар як чанд деҳаи вилояти Қаҳрамонмараш ширкат кард.
«Пас аз 15 рӯзи заминларзаи харобиовари 6 феврал таҳкурсии хонаҳои нави шахсӣ гузошта шуд. Дар минтақаи офати табиӣ 507 ҳазор хонаи истиқоматӣ ва 143 ҳазор хонаи шахсӣ сохта мешавад. 319 ҳазори он дар давоми як сол супурда мешавад. Таҳкурсии қариб 60 ҳазор хонаи истиқоматӣ гузошта шуд. Ин корҳо давом доранд. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки шаҳрвандони аз заминҷунбӣ осебдидаро ҳарчи зудтар ба хонаҳои нави замонавӣ, ки дорои тамоми шароити мусоид мебошанд, кӯчонем», – гуфт Президенти Туркия.
Эрдоган зикр кард, ки инфрасохтори тамоми шаҳру деҳоти аз заминҷунбӣ зарардида таҷдид мешаванд. Барои ин як қатор барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд.
Дар Екатеринбург Анҷумани XIII иқтисодии АвруОсиё ба кор оғоз кард
Лента.ру. Дар Екатеринбург Анҷумани XIII иқтисодии АвруОсиё оғоз шуд. Ин чорабинӣ 11 500 иштирокчӣ аз 107 кишвар ва 79 минтақаи Россияро дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ҷамъ меорад.
Анҷуман ба як минбари беназире табдил хоҳад шуд, ки дар он мактаббачагон ва донишҷӯён метавонанд лексияҳоро бишнаванд ва аз таҷрибаи тақрибан ду ҳазор олимон, сиёсатмадорон, дипломатҳо, соҳибкорон ва коршиносони соҳаи маориф аз 42 кишвари ҷаҳон омӯзанд. Иштирокдорони ҷавони чорабинӣ, ҳамчунин, лоиҳаҳои шахсии худро дар асоси озмун пешниҳод мекунанд.
Мулоқоти Президенти Озарбойҷон бо вазири мудофиаи Гурҷистон
SNG. TODAY. 24 апрел Роҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев бо вазири мудофиаи Гурҷистон Ҷуаншер Бурчуладзе мулоқот кард. Ҳамсуҳбатон ба равобити дӯстона ва бародаронаи байни кишварҳо, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи низомӣ, бомуваффақият инкишоф меёбанд, таъкид намуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Роҳбари Озарбойҷон хабар додааст.
Президенти Озарбойҷон ва вазири мудофиаи Гурҷистон, ҳамчунин, дурнамои ҳамкорӣ ва масоили амнияти минтақаро баррасӣ карданд. Алиев ва Бурчуладзе ба сафари Сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвили ба Боку дар моҳи апрели соли ҷорӣ низ, дахл намуданд. Дар ин замина, ҷонибҳо аз гуфтугӯҳои судманди Сарвари Ҳукумати Гурҷистон оид ба густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба баҳои баланд доданд.