Баргашт Чоп кардан

МЕПАРАСТАМ НОНИ ГАНДУМ...

ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ҶУМЪА ҚУВВАТ
Аз тақдир беҳад шукргузорам, ки дар ҳаёт саодати шиносоӣ бо бархе аз шахсиятҳои шинохтаи кишварро пайдо карда, аз ҳидояту маслиҳатҳои судмандашон фаровон истифода мебарам. Яке аз онҳо журналист ва адиби шинохта Ҷумъа Қувват аст. Ба назари ман, чунин менамояд, ки душвор аст одамонеро пайдо намудан, ки ӯро нашиносанду надонанд ва аз хирмани эҷодиёташ хӯшачинӣ накарда бошанд. Аз зумраи сермаҳсултарин қаламкашон аст, аз айёми дар мактаби миёна таҳсил кардан, ба эҷод оғоз кардааст.
Шеъри машҳури ӯ «Нони гандум» замони бистсолагиаш дар маҷаллаи “Садои Шарқ” (шумораи якуми соли 1970) бо тавсияи Мирзо Турсунзодаю таҳрири Боқӣ Раҳимзода ва муҳарририи Лоиқ Шералӣ ба нашр расида, баъдан, ба китоби дарсии «Забони модарӣ» дохил ва беш аз 50 сол аст дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзонда мешавад:
Нон бувад чун ҷони одам,
Қуввату дармони одам,
Зеби дастархони одам,
Иззати меҳмони одам.
Мепарастам нони гандум,
Хӯшаҳою дони гандум.
Чанде пеш бо гурӯҳе аз дӯстону ҳамкасбон ба аёдати ин пири хирад рафтем, ки чандест дар пойтахт ба сар мебарад. Дар назди бинои чорқабатае моро писари миёнаи ӯ Фотеҳ гарм истиқбол гирифт. Вай, дар баробари фаъолияти касбӣ, пайваста дар пайравии қиблагоҳ оид ба мавзуъҳои гуногун дар матбуоти даврӣ мақола менависад ва баҳри ҳимояи рисолаи илмӣ низ кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Аснои суҳбати сарироҳие, ки бо ӯ доштем, ибтидо аз вазъи саломатии падараш пурсон шудем. Бо арзи сипосу эҳтироми бепоён дар ҷавоб гуфт:
– Ростӣ, аз он рӯзе, ки қиблагоҳам аз дастони мубораки Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи унвони Шоири халқии Тоҷикистонро гирифтанд, худро солиму бардам ҳис мекунанду шукргузоранд.
Баробари дарро кушодан, чеҳраи устод Ҷумъа Қувват низ якбора кушода шуду моро “хайрамақдам” гуфта, ба манзили хоксоронааш ҳидоят намуд. Баъди ҳолу аҳволпурсӣ, ҳамин ки аз мақсади омаданамон огаҳ шуд, новобаста ба он ки дар муҳити хона муолиҷа мегирифт, моро ба нишастан даъват кард. Ҳарчанд нахостем дидорбиниамон тул кашаду тартиби табобат халалдор гардад, устод ба мо дарҳол иҷозаи рафтан надод.
Ҷумъа Қувват зода (13-уми июни соли 1950)-и деҳи Дегайии ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) буда, дар оилаи омӯзгор ба камол расидааст. Баъди таҳсили муваффақона дар мактаби миёнаи №1-уми зодгоҳ ба шуъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1971 бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик ба итмом мерасонад ва ҳамон сол фаъолияти эҷодиашро ба ҳайси мудири шуъбаи идораи рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Комсомолобод» (ҳоло «Нури Нуробод») оғоз мебахшад.
То соли 2016 дар вазифаҳои котиби масъул (1973–1979), муовини сармуҳаррир (1979) ва 37 сол сармуҳаррир (1979-2016)-и ин нашрия фаъолият кардааст. Ҳамчунин дар ин давра, солҳои 1998-2008 хабарнигори махсуси нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Садои мардум”, 2008-2011 хабарнигори махсуси рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва то ба нафақа баромадан чанд сол муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) дар ноҳияҳои минтақаи Рашт буд. Давроне, ки Ҷумъа Қувват масъулияти хабарнигории махсуси нашрияҳои «Ҷумҳурият»-у «Садои мардум»-ро ба зимма дошт, солҳои аввали соҳибистиқлолии давлат ва вазъи амниятию ҳолати роҳҳо харобу шумораи нақлиёт хеле кам буд. Мардум барои аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан сахт мушкилӣ мекашид. Бо вуҷуди ҷой доштани ин ва дигар мушкилиҳо Ҷумъа Қувват ба деҳаҳои кӯҳистон рафта, дар хусуси фаъолияти картошкапарварону боғдорон, занбӯриасалпарварону чорводорон, вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, азму талоши мардуми минтақа барои ҳифзи суботу оромӣ ва ободии кишвар шеър ва хабару мақолаҳо менавишт.
– Нигоштаҳои назмию насрии дар мавзуи ваҳдат навиштаам ба Раиси вақти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев (ҳоло раиси раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ) писанд омаданд. Ин буд, ки бо мусоидати ӯ ба ман мошини хизматӣ ҷудо гардид. Он замон ягона хабарнигори минтақавӣ будам, ки мошини хизматӣ доштам ва бе мушкилӣ ба деҳаҳои дурдаст рафта, аз ҳаёти мардуми минтақаи Рашт дар мавзуъҳои гуногун гузоришу мақола ва ҳадисҳои мусаввар омода мекардам, – ба хотир овард Ҷумъа Қувват.
Устод таъкид мекунанд, ки журналистӣ касби мураккабест, ки ба ҷамъ овардан, таҳриру таҳлил ва пешниҳоди иттилоот сарукор дорад. Касе, ки ин касбро интихоб мекунад, бояд дар бораи соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, иқтисодиёт, илму маориф, фарҳанг ва сиёсат маълумот дошта бошад, зеро ба журналист иттилооте дастрас мешавад, ки ҳанӯз бисёриҳо аз он огоҳӣ надоранд. Бояд ӯ пеш аз чопи нигоштааш чуқур андеша намояд, ки киро нависаду чиро не. Чунки як сухани хато ва бемаврид метавонад боис ба ташвишу ранҷиши ӯву дигарон гардад. Шукр мегӯям, ки тайи 37 соли сармуҳаррирӣ принсипи холису беғараз буданро риоя намудам.
Хуллас, дар бахши рӯзноманигорӣ ҳамчун узви ИЖТ аз соли 1975 барои асарҳои публитсистии ватандӯстона барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосими Лоҳутӣ гардидаю ҳамакнун ҳамеша фаъол бошад ҳам, ӯро ҳамчун шоири хушгӯву маъниҷӯ бештар мешиносанд.
Аз мундариҷаи ашъори шоир равшан аён аст, ки аз оғоз ба мавзуъҳои тарбиявию ахлоқӣ, меҳнатдӯстиву ватанпарастӣ, муқаддасоти ҷовидонаи ҳаёти инсон, ишқи пок, шараф, ҳақиқату адолат ва амсоли инҳо даст зада, дар тараннуми сулҳу ваҳдату ягонагӣ ҳам тавфиқу барор ёфтааст. Бахусус, кӯшидааст барои дар руҳияи фидокориву созандагӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон саҳми арзанда гузошта, онҳоро баҳри ободии диёру рӯ овардан ба донишомӯзӣ даъват намояд:
Салоҳу сухангӯӣ аз тир беҳ,
Ҳазар соз аз тир, тадбир беҳ…
Бувад вақти таъмири хоки Ватан,
Бигирем домани поки Ватан,
Ки бе оштӣ бахту иқбол нест,
Агар боз бошӣ, туро бол нест.
Онҳое, ки ба эҷодиёти Ҷумъа Қувват ошноӣ доранд, хубтар медонанд, ки солҳои охир корнамоиҳои ҷовидонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро низ воқеъбинона тасвир намуда, маҳорати баланди пешвоии ӯро дар асарҳояш нишон додааст. Барои мисол, дар достони «Абармарди набарди ваҳдат» шоир аз Иҷлосияи таърихию тақдирсози шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва орзуи халқи парешонгашта, ки баҳри наҷоти миллат он рӯзҳо дуо мекард, ёд оварда, навиштааст:
Мегузашт аз қалби ҳар кас як нидо,
Сарвариро бар кӣ мебахшад Худо?
Бахти халқам, эй Худо, хандон шавад,
Сарваре аз он хирадмандон шавад.
Ин дуо гардида аз Ҳақ мустаҷоб,
Ёфт давлат Сарвари олиҷаноб.
Баъди таҳқиқу адолатпарварӣ,
Оқибат бо шеваи ҳақгустарӣ.
Нусрати раҳмонӣ бар Раҳмон расид.
Гӯӣ бар Исмоили Сомон расид.
Лаҳзаҳои ҳассосу дилангези бӯсидани Парчами давлатиро аз ҷониби Сарвари тозаинтихоби давлат дар ҳамон Иҷлосияи зикршуда ҳамчун ибтидои масири сулҳу субот ва бахту иқболи мардуми тоҷик ва афрӯхтани шуълаи умед дар дили онҳо бо маҳорат чунин ба қалам додааст:
Рафт бар минбар чу як ҳикматнигор,
Сулҳпарвар, чорагар, ваҳдатшиор.
Зад ба зону сӯи парчам бо адаб,
Ашк рехт ӯ рӯи парчам бо адаб.
Парчами поки Ватанро бӯса кард.
Гӯиё хоки Ватанро бӯса кард.
Ба ҳамин минвол, шоир пайдоиши фарзанди шуҷоъ ва хирадмандро дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба сулҳу ваҳдати миллӣ асос гузошт, атои илоҳӣ медонад:
Гуфт шоҳид, он Худои ломакон,
Ҳон, вакилон, миллатам дар ҳар макон!
Ман нагаштам аз паи тахти шаҳӣ,
З - ин саодат ҳам набудам огаҳӣ.
Ин саодат ногаҳ аз Яздон расид,
Аз атои раҳмати раҳмон расид.
Шоир ба ояндаи нек хушбин буда, дар «Яктан шавем» ном шеъраш рушди мамлакатро дар якдилию муттаҳидии мардум меҳисобад:
Эй азизон, баҳри фардои Ватан яктан
шавем,
Сӯхтан бигзашту баҳри сохтан
яктан шавем.
То шукуфад ғунчаи омоли фарзандони мо,
Ғунчасон андар дами бишкуфтан
яктан шавем.
Ҷумъа Қувват дар тамоми давраи фаъолият ҳамчун мутахассиси кордон ва масъулиятшинос шинохта шуда, ӯро дӯстдорони каломи бадеъ ҳамчун шоири ваҳдатсаро ҳам мешиносанду шеърҳои ба ин мавзуъ бахшидааш кайҳо боз вирди забони алоқамандону ҳаводорони ашъораш гаштаанд.
Ҷумъа Қувват, инчунин, муаллифи китобҳои «Орзу», «Чодари сабза», «Дидор», «Сухан гоҳе бигирад ҷои дору», «Корзори сухан», «Пеш аз субҳ», «Ифтихор», «Ваҳдатистони Раштонзамин», «Ҳамсанги гавҳар», «Хӯшаи гесӯ», «Ваҳдатистон», «Бунёди Дарбанди ҷавон» буда, намунае аз сурудҳояшро сарояндагони маҳбубу шинохтаи кишвар Одина Ҳошимов, Ҷӯрабек Муродов, Нигина Рауфова, Миралӣ Достиев, Ҳаётой Муъминова, Луҳираи Муъмин ва дигарон сурудаанд. Асарҳои драмавиаш «Иҷоракорони сабзазор», «Пеш аз субҳ» ва «Оқилу Одил» бо тавсияи Шурои бадеии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ аз ҷониби Театри халқии ноҳияи Рашт ба саҳна гузошта шуда, намунаи шеърҳояш бо забонҳои русӣ, англисӣ, беларусӣ, ӯзбекӣ тарҷума ва дар шаҳрҳои Москваю Теҳрон, Минску Тошканд, Душанбею Хуҷанд ба табъ расидаанд.
Ёдовар мешавем, ки хидматҳои Ҷумъа Қувват дар рушди маорифу журналистика ва адабиёти тоҷик аз тарафи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ бо нишонҳои Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста (1998), медали тиллои Кумитаи сулҳу ризояти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени Шараф (1999) ва дигар мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ қадр шудааст.
Дар тарбияи мутахассисони ҷавон низ саҳм дорад. Бархе аз шогирдонаш ҳамчун коршиносони варзида дар бахшҳои илму адабиёт ва журналистика фаъолияти самарабахш доранд.
Чун адиб аз олами пуртазоди андеша, баъди посух гуфтан ба пурсишҳои мо, берун гашт, ба умеди дидорҳои баъдӣ бо ҳам хайрухуш кардем. Дар бозгашт ин андеша маро ҳеҷ ором намегузошт, ки эҷодиёти ӯ гуногунпаҳлу буда, ҳанӯз пурра таҳлилу баррасӣ нашудааст. Чун дар остонаи ҳафтодупанҷумин солгарди мавлудашон қарор дорем, месазад гуфт, ки на танҳо фурсати гиромидошти шахсияти ӯ фаро расидааст, балки имкони нигаристан ба осори гаронмояаш низ. Эҷодиёташ саршор аз андешаҳои баланду эҳсосоти нозуку тасвирҳои равшан буда, сазовори таҳқиқ ва баррасии амиқ мебошад, зеро на танҳо баёнгари дидгоҳи шахсӣ, балки инъикосгари руҳи замон ва эҳсоси амиқи ҷомеа аст. Инчунин, муҳим мебуд, агар ташкилоту муассисаҳои адабию дигар гурӯҳу шахсони алоҳида дар таҳлили шеваи эҷодӣ ва баррасии асарҳои ӯ ҳамоҳангию талоши бештар нишон медоданд. Ин тадбирҳо ба рушди шеъри муосир ва густариши муҳтавои адабӣ дар ҷомеа мусоидат намуда, барои адибони ҷавон ва муҳаққиқон ҳамчун манбаи асосии илҳом ва таълим хизмат хоҳанд кард.
Самариддин АСОЗОДА,
барандаи Ҷоизаи ИЖТ
ба номи Абулқосим Лоҳутӣ