Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (28.12.24) иброз намуданд, ки ба хотири дастгирии соҳибкорӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя то соли 2027 ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) мораторий эълон карда шавад.
Ин гуна иқдомҳои роҳбарияти олии кишвар ба соҳибкорон имконият медиҳад, ки дар фикри рушди тиҷорат, истеҳсолот ва васеъ кардани доираи фаъолияти хеш бошанд.
Аммо ин ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ барои соҳибкорон масъулиятро бештар мегардонад. Чаро? Чун мақомоти назоратии дигар ҳуқуқи санҷиши фаъолияти онҳоро то соли 2027 надоранд, танҳо дар сурате иҷозаи санҷиш мешавад, ки аз тарафи шаҳрвандон муроҷиате ё шикояте ворид гардад. Аз ин рӯ, бояд соҳибкорон сифати маҳсулот ва сатҳи хизматрасонияшонро худашон назорат кунанд.
Дар соҳаи тандурустӣ низ, ки бахши хусусӣ фаъолият мекунад, аз ин имтиёз бархӯрдоранд. Масалан, соҳибкороне, ки фаъолияти фарматсевтӣ доранд, ба таъмин ва фурӯши маводҳои ороишию гигиенӣ машғуланд ва, ҳамчунин, муассисаҳои тиббӣ-хусусӣ, ки ба ташхису табобат сарукор доранд.
Дар ҳамин баробар, роҳбарони муассисаҳои тандурустии хусусӣ, ширкатҳои фарматсевтӣ, дорухонаҳо, мағозаҳои фурӯши молҳои ороишию гигиенӣ бояд тамоми кӯшишро ба харҷ бидиҳанд, ки ҳуқуқи истеъмолкунанда поймол нашавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда” тамоми муносибатҳои фурӯшанда, хизматрасонро бо истеъмолкунанда танзим кардааст.
Бинобар, ин шаҳрвандон бояд аз ҳуқуқҳои худ ҳамчун истеъмолкунанда бархӯрдор бошанд. Масалан, мақомотҳои назоратӣ наметавонанд пайваста ҳар як коргоҳу муассиса ё дуконро мавриди назорати доимӣ қарор диҳанд. Аз ин рӯ, шаҳрвандон бояд ҳангоми харидории молу маҳсулот, хусусан маводи доруворию молҳои тиббӣ, гирифтани хизматрасонии тиббӣ, ҳуқуқҳои худро донанд. Дар сурати поймол шудани ҳуқуқҳояшон метавонанд ба мақомотҳои назорати давлатӣ муроҷиат намоянд.
Истеъмолкунанда ё харидор ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми дилхоҳ молу маҳсулот ва маводро харидорӣ кардан аз фурӯшанда талаби сертификати сифатро намояд, муҳлати истифодаи онро бинад ва баъдан харидорӣ намояд. Чизи дигар: шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми пардохти арзиши мавод ё молу маҳсулот ё худ ҳаққи хизматрасонӣ расид (чек) талаб кунад. Барои чӣ? Барои он, ки дар сурати пайдо шудани баҳс расиди пардохти ҳаққи хизмат ё арзиши молу маҳсулот ҳамчун далел лозим мешавад.
Мехоҳам ба самъи шаҳрвандон расонам, ки дар ҳама муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, чи давлатию чи хусусӣ, муассисаҳои фарматсевтӣ, дорухонаҳо гӯшаҳои иттилоотӣ мавҷуданд. Дар ин гӯшаҳои иттилоотӣ нархи хизматрасонӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин, рақамҳои телефон, суроғаи электронии сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон навишта шудаанд. Шаҳрвандон метавонанд шабонарӯзӣ занг зананд ва арзу шикоятҳои худро расонанд.
Таъкид мекунам, ки мо – мақомотҳои назоратӣ, бе иштироки шаҳрвандон наметавонем ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя намоем. Хуб мешуд, агар шаҳрвандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда”-ро як бор варақ мезаданд ва аз ҳуқуқҳои худ огоҳ мешуданд.
Мирзо САЛИМЗОДА,
сардори шуъбаи назорати давлатии муассисаҳои тиббӣ, хусусӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон