Баргашт Чоп кардан

ИФРОТГАРОӢ. АГАР БЕТАРАФ БОШЕМ...

Солҳои охир рух додани амалҳои террористию экстремистӣ авзои сиёсии ҷаҳони муосирро ноором карда, ҳаёти сокинони сайёраро зери хатар қарор додаанд, ки агар нисбат ба ин зуҳурот вокуниши сареъ ва дастаҷамъона сурат нагирад, минбаъд таҳдиду хатарҳо бештар хоҳанд шуд.
Мо, ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа нисбат ба ин зуҳурот набояд бетараф бошем, балки алайҳи он муборизаи беамон бурда, амнияти миллату кишварамонро аз ҳар гуна хатарҳо ҳифз намоем.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуда буданд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки террористро ба худӣ ва бегона, ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки борҳо таъкид намуда будам, террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад». Ин таъкиди Пешвои миллат аҳли ҷомеаро ҳушдор медиҳад, ки дар ростои амалҳои мудҳиши террористию экстремистӣ, ки ҷони ҳазорон мардуми бегуноҳро зери хатар гузоштаанд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ба доми ташкилотҳои экстремистию террористӣ наафтанд.
Маълумоти оморӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷавонони зиёде аз надоштани саводи кофии диниву дунявӣ ба доми ҷараёнҳои тундрав гирифтор мешаванд. Аз ин лиҳоз, бояд ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва қадр намудани арзишҳои миллӣ тарбия намуд. Роҳи асосии пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ин равияҳои номатлуб ин аст, ки ба тарбияи онҳо эътибори хосса бояд дод, то соҳиби илму маърифат ва касбу ҳунар гашта, дар оянда баҳри халқу миллат хизмати содиқонаву софдилона намоянд.
Мутаассифона, баъзе аз гурӯҳҳо дар муборизаҳои сиёсӣ бо андешаҳои носолими хеш аз номи дини мубини Ислом сухан ронда, мафкураи мардум, алалхусус, ҷавононро заҳролуд менамоянд. Чуноне Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозуъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин, терроризм ва экстремизмро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ва миллат хос нест».
Ҷавонони имрӯзаро, ки дар даврони истиқлол ба воя расидаанд, зарур аст, ки ҳамеша аз ободию осоиштагии диёри азизамон шукргузорӣ намуда, ҳамчун фарзандони бонангу номуси миллат дар рушди бештари Ватани биҳиштосоямон ва ҳифзи амнияти он ҳиссагузорӣ намоянд.
Беҳрӯз ҲАКИМЗОДА, омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат