Баргашт Чоп кардан

МАШВАРАТИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА СОХТОРҲОИ НИЗОМӢ

11-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ машварати корӣ доир намуданд.
Дар он масоили вобаста ба таъмини амният ва оромию субот дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доир ба ҳифзи амну субот, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомӣ, таҳкими интизому риояи ойинномаҳои ҳарбӣ ва омодасозии босифати кадрҳои ин соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.