Баргашт Чоп кардан

САРМОЯГУЗОРӢ ФИШАНГИ ТАВОНОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР

Сармоягузорӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ фишанги тавоно буда, ба навсозии иқтидорҳои истеҳсолӣ, заминаҳои моддиву техникии корхонаҳо ва таъсиси намудҳои нави фаъолияту ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷиро аз афзалиятҳои сиёсати иқтисодии худ дониста, ҷиҳати дастгирии сармоягузорӣ ва рушди низоми тиҷоративу молиявӣ ва бонкӣ дар мамлакат шароити мусоиди фаъолият фароҳам овардааст.
Дар ин ҷода таҷдиди иқтисоди миллӣ, таҳким ва рушди робитаҳои байналмилалӣ, ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ аз шумори қадамҳои бузург маҳсуб меёбанд.
Дар ҳоли ҳозир бахши молия, гидроэнергетика, нақлиёт, саноати аграрӣ, истеҳсоли пахта, коркарди мева, занбӯриасалпарварӣ, моҳипарварӣ, парвариши чорво, саноати кӯҳӣ, саноати кимиё, саноати сабук, сайёҳӣ аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт барои сармоягузории дохиливу хориҷӣ дониста мешаванд.
САРМОЯГУЗОРӢ МЕАФЗОЯД
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, соли 2024 ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ 4,9 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 2,1 миллиард доллар ё 72,7 дарсад зиёд аст. Ҷумҳурии Мардумии Чин сармоягузори асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳо 394,3 миллион доллар ё 8 дарсадро сармоягузории мустақими хориҷӣ ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 38,8 дарсад зиёд аст. Қисми зиёди ин сармоягузорӣ ба саноати коркард равона шудааст, ки ҳиссаи он 44,7 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки қаблан аксари сармоягузорӣ ба саноати истихроҷ (44,6 дарсад дар давраи аз соли 2014 то 2023) равона шуда буд, дар соли 2024 сармоягузорӣ ба саноати коркард қариб ду баробар афзуд.
Сармояи мустақими хориҷӣ, асосан, аз панҷ давлат – Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсия Россия, Британияи Кабир ва Қазоқистон ворид гардидааст.
«САРМОЯГУЗОРИҲОИ САБЗ» БЕШТАР МЕГАРДАНД
Вақтҳои охир дар бораи «сармоягузории сабз» зиёд мешунавем ва ин тасодуфӣ нест, зеро бо тақозои замон ва вазъи имрӯзаи ҷаҳон минбаъд чунин сармоягузориҳо бештар мегарданд. «Сармоягузории сабз» маблағгузорие мебошад, ки на танҳо барои ба даст овардани фоида, балки, ҳамзамон, ба ҳифзи муҳити зист равона гашта, дар мубориза бо мушкилоти экологӣ аҳамияти бориз дорад. Гузашта аз ин, равандҳои имрӯзаи ҷаҳон талаб менамоянд, ки маҳз лоиҳаҳое сармоягузорӣ шаванд, ки ба рушди «иқтисоди сабз» саҳмгузоранд. Дар ин самт дар кишвари мо нақши калидиро «энергияи сабз» мебозад. Аввал ин, ки имкониятҳо барои тавлиди «энергияи сабз» дар Тоҷикистон хеле зиёданд. Дувум, танҳо 6 дарсади иқтидори умумии гидроэнергетикии мамлакат истифода мешаваду халос.
ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ ҲАВАСМАНД КАРДА МЕШАВАД
Чанде пеш бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириву ҳавасмандгардонии сармоягузорону соҳибкорон дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» ба имзо расид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию иқтисодии муносибатҳоро дар бахши сармоя ва фаъолияти сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо истифода аз низомҳои ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузорӣ муқаррар карда, ба таъмини устуворӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Мувофиқи моддаи 11 Қонун, давлат сармоягузориро дар ҳамаи шаклҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамояд, аз ҷумла сармоягузорӣ ба азнавсозӣ ва муосиргардонии техникии корхонаҳои саноатӣ, беҳтар кардани вазъи экологӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна; истифодаи самараноки майдонҳои сармоягузорӣ; бино (иншоот)-и нотамом ва ё нимтайёр; минтақаҳои озоди иқтисодӣ, паркҳои илмию технологӣ; рушди инноватсия ва иқтисодиёти ба дониш асосёфта, кластерҳо (гурӯҳҳои ба ҳам алоқаманди ҷуғрофии корхонаҳо ва мақомоти дар як минтақаи муайян фаъолияткунанда); объектҳо ва ҳуқуқҳои молумулкии дигар.
Бино ба андешаи коршиносон, Қонуни нав барои ҳавасмандгардонии сармоягузорон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва дастгирии давлатии сармоягузорӣ шароити мусоид фароҳам оварда, барои ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус, «сармоягузориҳои сабз» ба иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»