Баргашт Чоп кардан

ФОТИМА БАДАВӢ: "ЭМОМАЛӢ РАҲМОН СИЁСАТМАДОРИ МУВАФФАҚИ ДУНЁСТ"

Фотима Бадавӣ аз зумраи дӯстони содиқи тоҷикон аст. Корҳои анҷомдодаи ӯ барои муаррифии тоҷикону Тоҷикистон дар фазои иттилоотии Миср ва ҷаҳони араб шоистаи таҳсин мебошад. Ӯ ҳамвора хонандаи арабро бо анъанаҳои неки тоҷикон ва табиати зебову нотакрори Тоҷикистон ошно месозад. Муҳимтар аз ҳама, дар инъикоси равобити ҳасанаи Тоҷикистону Миср ва рӯйдодҳои кишвари мо дар расонаҳои арабӣ нақши бориз дорад. Бахусус, дар шинохти шахсияти Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ғамхору ғамгусори банӣ-башар беш аз 10 матлаб бо забони арабӣ рӯи чоп овардааст. Хонандагони рӯзнома дар ёд доранд, ки доир ба бахше аз фаъолиятҳои наҷиби ин бонуи араб дар таърихи 22-юми майи соли 2025 дар шумораи № 102-юми рӯзнома маълумоти мухтасаре дода будем. Инак, мехоҳем чеҳраи ӯро барои тоҷикистониён бештар муаррифӣ намоем.
ДАРИЧАИ ОШНОӢ
Фотима Бадавӣ рӯзноманигор аст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Қоҳира мебошад. Аз соли 2010 узви Синдикати (иттифоқ) рӯзноманигорони Миср, аз соли 2011 узви Иттифоқи рӯзноманигорони араб ва узви Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон дар Вашингтон мебошад. Номбурда соли 2015 мудирии шуъбаи дипломатӣ ва аз соли 2017 роҳбарии шуъбаи корҳои арабӣ ва байналмилалии “Ахбор-ул-явм”-ро (Муассисаи давлатии иттилоотии Миср) бар уҳда дошт. Айни ҳол дар муассисаи мазкур ба ҳайси муҳаррири калони маҷаллаи “Ахбор-ул-явм” кор мекунад.
Фотима Бадавӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ дорои унвонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дипломҳои Шурои Британия, Созмони байналмилалии Интернюс ва Маркази байналмилалии рӯзноманигорон (ICFJ) дар ҳамкорӣ бо ширкати МЕТА), мебошад.
“ҶУМҲУРИЯТ"-И САДСОЛА МОРО ОШНО НАМУД
Риштаи ошноии мо бо ин бонуи хушқалам тавассути чопи мақолаи “Бозтоби “Ҷумҳурият" дар Нашрияи “Ал-Мувотин”-и Миср” (3.4.2025, № 65) оғоз ёфт. Ӯ дар “Ал-Мувотин", ки яке аз серхонандатарин рӯзномаҳои кишварҳои араб ба ҳисоб меравад, доир ба пайдоиш ва таърихи ташаккули рӯзномаи “Ҷумҳурият" матлаби ҳамкори мо Бузургмеҳри Баҳодурро рӯи чоп овард. Ин мавод, ки зери унвони “Ҷумҳурият" – мактаби бузурги таърихи фарҳанги тоҷик дар асрҳои ХХ-ХХI" нашр гардид, нуфузи “Ҷумҳурият"-ро аз Тоҷикистон то мамлакатҳои халиҷи Форсу кишварҳои қораи Африқо бурд. Пас аз он, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо Фотимабону ошно шудаву ин матлабро навиштем.
Фотима Бадавӣ давоми фаъолияти рӯзноманигориаш дар нашрияҳои “Ал-Мувотин” ва “Ахбор-ул-явм” доир ба рӯйдодҳои Тоҷикистон беш аз 100 матлаб таҳия ва нашр намудааст. Аксари матлабҳои ӯ, ки аз пешрафти кишвари мо қисса мекунад, нишон аз тарафдории сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвари мост. Дар ин росто, порае аз нигоштаи ӯро, ки 15-уми майи соли ҷорӣ дар нашрияи “Ал-Мувотин” нашр гардид, меорем: “Таҳлилҳо ва хулосаҳои мантиқие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори муваффақ ва ботаҷрибаи даврони муосир ироа доштанд, ҳадафмандона ва саривақтӣ буда, ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ва дар маҷмуъ, манфиатҳои минтақа ва ҷаҳон нигаронда шудаанд.”
Номбурда бо ҷонибдорӣ аз ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менависад: “Ҳамаи ин иқдомҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади аз илму дониши муосир баҳравар гардондани ҷавонони кишвар дастгирӣ ва сарпарастӣ мешавад”.
“САЙЁҲОНИ АРАБ ШАВҚМАНДИ ТОҶИКИСТОНАНД”
Фотима Бадавӣ зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” андешаҳои худро чунин иброз дошт: “Тоҷикистон барои ман яке аз кишварҳои ҷозибадор аст, ки бо маконҳои бешумори бостоншиносӣ аз дигар мамлакатҳо тафовут дорад. Ин макони хеле диданӣ бо кӯҳҳои сарбаафлок барои кӯҳнавардон шавқовар аст. Сайёҳони араб, аз ҷумла яке аз машҳуртарин гардишгар ва тоҷир Ибни Баттута, ҳанӯз дар асри XIII васфи ин диёр намудааст.
Ба назари ман, туризм дар Тоҷикистон ба далели мавзеъҳои зиёди ҷозибадори кишвар, ки бахши аъзами сайёҳонро ҷалб мекунад, рӯ ба афзоиш дорад. Сайёҳони араб Тоҷикистонро макони муносибе барои истироҳат медонанд.
Табиати Тоҷикистон аз он ҷиҳат барои ман гуворост, ки қуллаҳояш дар тобистон қабои сабз ва дар зимистон сафед ба бар мекунанд. Вобаста ба фаслҳои сол табиати ин кишвар рангоранг мешавад, ки бисёр диданиву илҳомбахш мебошад. Маҳз ҳамин хусусиятҳои табиати ин диёр аст, ки Тоҷикистонро ба яке аз беҳтарин осоишгоҳҳои дунё табдил додааст”.
Қаҳрамони мо дар орзуи дидани пойтахти мост ва ин ҳарфҳои самимияш далели ин аст: “Қалби Тоҷикистон – Душанбеи нозанин, ба яке аз марказҳои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд табдил ёфтааст. Ман аз дур менигарам. Ба назарам ҳар рӯзи Душанбе дар фазои идона сипарӣ мешавад. Қариб дар ҳамаи ҷашнҳо нишони бедории миллӣ ва рӯнамоии расму ойинҳои деринаи тоҷикон ҷолиб ва ҷилвагар аст. Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, аз лиҳози меъморӣ ва бунёди боғҳо камназир менамояд. Шумо метавонед аз Боғи устод Рӯдакӣ гузар кунед, то муҷассамаи зебои шоири бузурги тоҷикро бубинед. Дидани ин шаҳри нозанин аз орзуҳои деринаи мост.
Бояд гуфт, ки муҳимтарин мавзеъҳои гардишгарӣ дар Тоҷикистон, тули таърихи 5000-солаи худ шоҳиди тамаддунҳои мухталиф буда, то ҳол осор ва пайи ин тамаддунҳо ҳифз шудааст”.
Ҳамин тавр, Фотима Бадавӣ яке аз ҳаводорони Тоҷикистони офтобист. Аз андешаҳои ӯ нисбат ба кишвари мо пай бурдан мумкин аст, ки шефтаву ошиқи Тоҷикистон аст.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”