Баргашт Чоп кардан

НЕРУИ БУЗУРГИ АДАБИЁТ ВА РИСОЛАТИ АДИБ

(Дар ҳошияи мақолаи “Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ”, Саймумин Ятимов, “Ҷумҳурият”, 21 майи соли 2025, №101 (25216))
Устод Айнӣ аз адибони асил ва заҳматкашу фидоие маҳсуб меёбад, ки бо офаридани асарҳои таърихиву бадеӣ, публитсистӣ, илмӣ ва ашъори мондагор дар баланд бардоштани маърифати миллати тоҷик хидмати арзанда намудааст. Фаъолияти эҷодӣ ва ташаббусҳои устод фарогиру доманадор мебошанд, ки бо омӯзиши амиқ ва таҳлили ҳамаҷонибаи асарҳои ин нобиғаи замон метавон саҳифаи навро дар илму адабиёт ва таъриху фарҳанги тоҷик боз намуд. Он ҳама масъалагузориҳое, ки дар асарҳои Садриддин Айнӣ пешниҳод гардидаанд, имрӯз низ дар ҷомеаи мо ба мушоҳида мерасанд, ки бо ислоҳи онҳо метавон дар таҳкими давлатдории миллӣ саҳми муносиб гузошт.
Аз ин ҷост, ки доир ба фаъолият ва эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ асарҳои зиёди илмию таълимӣ ва таърихиву бадеӣ таълиф гардидаанд, ки аз равзанаҳои гуногун симои ин шахсияти таърихиро барои аҳли ҷомеа бозтобу муаррифӣ мекунанд. Ва доир ба эҷодиёти адиби тавоно мавзуъҳои фаровоне мавҷуданд, ки таҳқиқи илмии паҳлуҳои гуногуни онҳо вазифаи аҳли зиё ба ҳисоб меравад. Бо ин иқдом агар аз як ҷониб, марому мақсад ва ҳадафҳои устод Айнӣ барои аҳли ҷомеа бештар фаҳмонда шавад, аз ҷониби дигар, дар ҳалли мушкилоти замони муосир ва таҳкими арзишҳои давлатдорӣ мададрасон мебошанд.
Ба ин маънӣ, дар мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саймумин Ятимов «Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ» аз дидгоҳи амиқи илмӣ ба корномаи ин чеҳраи тобноки илму адаби тоҷик таваҷҷуҳ шуда, дар он масоиле матраҳ гардидаанд, ки устод Айнӣ бо ташвишу нигаронӣ солҳо қабл дар ин бора таъкид карда буд. Дар ин замина, профессор С. Ятимов менигорад: «Мавзуи баҳси мо, тавассути хотиррасон кардани заҳматҳои эҷодии ин нобиғаи илм ва каломи бадеӣ, кӯшиши наздик кардани адибон ва адабиёти муосир ба дарки ҳолати буҳронии руҳиву равонӣ ва воқеияти вазъи маънавии қисме аз аъзои ҷомеаи имрӯза мебошад. Зеро муътақид ҳастем: “Суханҳо ҳеҷ арзише надоранд, агар идеяҳоро ифода намуда, бо далелҳо зарурат ва ҳақиқати онҳо исбот нагарданд (В. Г. Белинский. Собрание сочинений. Т.8. – М.: 1982. – С.107)».
Дарвоқеъ, муайяну мушаххас намудани зарурати иҷтимоии таҳлилу таҳқиқи асарҳои Садриддин Айнӣ вазифаҳои зиёдеро дар назди аҳли зиё мегузорад, зеро он масоили иҷтимое, ки дар асарҳояш мавриди тасвир қарор дода буд, дар оғози замони истиқлол бармало ба мушоҳида мерасид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бори дигар собит намуд, ки афкору дидгоҳ ва дарку маърифати иддае аз афроди ҷомеа дар пояи паст қарор дошта, дар доираи манофеи шахсиву маҳали хеш муносибат намудан хатарҳои фоҷиабор ба ҳастии миллату давлат дорад. Дар ҳамин ҳолати сангину муҳлик шахсияте зарур буд, ки ҳастии хешро барои пойдорию бақои давлат фидо намояд. Бо баргузории Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шурои Олӣ ва интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири давлату миллат ба таври мусбат ҳал гардид. Бо иродату ҷасорат ва фидокорию ватандӯстӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми монеаҳоро пушти сар ва сулҳу суботро дар кишвар таъмин карданд. Мардуми тоҷик дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои воқеии худро дарёфт ва давлат аз ҳолати нобудӣ раҳо ёфту мардум сарҷамъу муттаҳид гардиданд.
Ҷаҳони муосир, ки бо суръати кайҳонӣ рушду такомул меёбад, тақозо мекунад, ки мо низ ҳамқадами замон бошем, бо иктишофу навоварӣ ба дигаргуниҳои азим дар кишвар талош намоем. Мусаллам аст, ки зуҳуроти зиёде низ мавҷуданд, ки ба амнияти давлату миллат хатар доранд ва ин омил моро водор мекунад, ки дар пойдориву устувор гардондани пояҳои истиқлол талош намоем. Аҳли ҷомеа бояд дорои тафаккури баланди илмӣ ва ҷаҳонбинии пешрафта бошанд ва вазъи ҷаҳонро ташхис карда тавонанд, зеро маҳз ҷаҳолату нодонӣ ва аз фарҳангу маънавият дур мондани ҷомеа ба давлатдории миллӣ хатари ҷиддӣ дошта, ин масоил бояд ҳеҷ як қишри ҷомеаро бетараф нагузорад.
Ҳодисаҳои таърихӣ бозгӯйи онанд, ки маҳз бефарҳангиву аз омӯзишу мутолаа ва аз худ намудани донишҳои муосир дур мондани аҳли ҷомеа пойдорию бақои давлати миллиро зери суол бурдаанд. Аз ин ҷост, ки донишманди тоҷик С. Ятимов ба асарҳои мондагори устод Айнӣ рӯй меорад ва он мушкилоту мураккабиҳои мавҷударо, ки дар вақташ устодро ба изтиробу нигаронӣ мувоҷеҳ карда буданду имрӯз низ дар ҳаёту фаъолияти иддае аз мардуми кишвар ба мушоҳида мерасанд, ислоҳи онро вазифаи тамоми қишрҳои ҷомеа меҳисобад ва ба ин мазмун менигорад: «Акнун ҳамарӯза шоҳиди он муаммое ҳастем, ки ҷаҳолат, таассуб, торикӣ, бефарҳангӣ, нодонӣ, чорагарӣ, бедонишиву носипосӣ, осоиш аз омӯхтан, илмситезӣ ва натиҷаи он оҳарманӣ – ҳанӯз ҳам дар ҳазор шакли хурофот дар муқобили сохти давлатдорӣ, донишситоӣ, ақлгароӣ, нексиголӣ, додгарӣ, ватанпарварӣ, хидматгузорӣ ба халқу миллат, рисолатшиносӣ, ҳушмандӣ, балоғатсолорӣ, номусгароии аҳли Аҷам муборизаи ошкору пинҳон мебаранд. Дар олами ғаразпарвар растагор меҷӯянд. Пуштибон меёбанд. Гоҳе муваффақ ва дастболо мешаванд. Тули асрҳо мушкили аслӣ ва фоҷиабори миллати тоҷик ҳамин буд ва ҳаст».
Ин масоилест, ки посухи онро метавон аз асарҳои устод Айнӣ бахубӣ дарёфт ва хулосаҳои амиқ баровард ва дар роҳи ҳалли онҳо кӯшид, зеро таълиму тарбия ва маърифатнок намудани наврасону ҷавонон, умуман тамоми мардум, танҳо вазифаи соҳаи маориф нест ва дар танҳоӣ ҳеҷ як соҳаву нафаре наметавонад ин рисолатро ба таври комил анҷом диҳад. Дар ин замина, муаллиф нақши адабиётро бузург меҳисобад ва бо далелҳои илмӣ собит мекунад, ки маҳз адибону аҳли зиё метавонанд бо ҳамоҳанг намудани таъриху фарҳанг ва вазъи замони муосир, офаридани асарҳои муҳим, агар аз як тараф, ба ташаккули афкори ҷомеа такони ҷиддӣ бахшанд, аз ҷониби дигар, дар рушди адабиёти тоҷик саҳми бориз гузоранд. Дар ин миён, фаъолияти эҷодии устод Айнӣ қобили омӯзишу пайравист, зеро мавсуф дар замоне ба майдони адабиёт ворид гардид, ки донишу маърифати мардум дар сатҳи хеле поён қарор дошт ва чун чароғи раҳнамо бо нури дониш роҳи он ҷомеаро равшан намуд.
Маҳз дарки воқеии замон ва бо офаридани асарҳои таърихиву публитсистӣ ва бадеӣ вазъи ҷаҳонро ташхис кардану роҳҳои ҳалли бурунрафт аз буҳронҳоро нишон додан далели равшани олиму донишманд будани устод Айнӣ мебошад. Ба ин мазмун, С. Ятимов зикр кардааст: «Адабиёт илм аст. Нависандаи ҳақиқӣ олим. Ӯ медонад, ки адабиёт ҳам шакли фаъолияти пурмуҳтавои ҷомеаи инсонист. Мақсад аз он омӯхтан, тадқиқи оламу одам, тафаккур, равандҳои ҷомеа, ҷараёнҳои табиат ва қонунмандиҳои тараққиёти онҳост. Баръакс, ба адабиёти воқеънигорӣ ҳеҷ зарурат намемонд, агар байни зуҳурот ва моҳияти раванди ҳастии ҷамъиятӣ номуайянӣ, нофаҳмӣ, мавҳум ва тазод вуҷуд намедошт. Шарт нест, ки адиб аз доираи салоҳияти худ берун ва ба илм машғул шавад. Не. Аммо ӯ бояд донишманд, то дараҷае энсиклопедист бошад. Дар ин маврид, дониш ба сифати тасаввуроти илмӣ мадди назар аст. Агар хоҳад, ки асари хотирмон ва барои ҷомеа судманд эҷод намояд, то “аз боду борон наёбад газанд”.
Дар мақолаи мазкур ба таври дақиқ ва хулосаҳои дурусти илмӣ масъалаҳое ба аҳли зиё пешниҳод гардидаанд, ки амалӣ намудани онҳо кишвари моро ба марҳалаи нави рушду пешрафт ва адабиётро ба масири ҷадиди фаъолият ворид хоҳад кард. Ба ин мазмун, корномаи устод Айниро ҳамчун улгӯ қарор додану дар заминаи он фаъолияти хешро идома бахшидан, ба масоилу мушкилоти замон бетараф набудан, дар таҳкими истиқлолу сулҳу суботи кишвар хидмат кардан, аз рисолати ҷонии табақаҳои ҷомеа, хусусан зиёиён, мебошад. Бинобар ин, дар меҳвари мақолаи мазкур нақши адабиёт ҳамчун василаи қудратманди бузурги маънавӣ қарор дода шудааст. Аз ин рӯ, нависандагону шоирони моро низ зарур аст, ки ба зиндагии пуршебу фарози имрӯзи ҷомеа бо нигоҳи амиқ муносибат карда, асарҳоеро таълиф намоянд, ки бевосита ба амалҳои созандаю бунёдкоронаи мардум мутобиқ бошанд. Мусаллам аст, ки қаҳрамонони асарҳои устод Айнӣ типӣ кунонда шудаанд, вале бо хӯю хислати ибратбахши худ хонандаро зуд ба худ ҷалб мекунанд. Андешаи С. Ятимов тасдиқи ин гуфтаҳост: «Нависанда қаҳрамонҳои офаридаашро аз маъхазҳои таърихӣ, таърихӣ-бадеӣ омӯхтааст. Бо чашми худ дидааст. Ба гӯши худ шунидааст. Дар рӯзгор санҷидааст. Онҳо бо дарки илмӣ, бадеӣ ва воқеъбинона дар тасаввур ва қалами нависанда инъикос ёфтаанд».
Ин аст, ки асарҳои устод Айнӣ на танҳо барои як давраи муайян, балки қарнҳо барои миллати мо хидмат мекунанд ва собит месозанд, ки нақши адабиёту нависанда дар пешрафти маънавиёти ҷомеа бузургу мондагор мебошад. Мусаллам аст, ки дар замони муосир нақши адабиёт бештар ба мадди назар баромада, маҳз адибону публитсистон метавонанд авзои ҷомеаву ҷаҳонро зуд дарку маърифат намоянд. Маърифат кардани авзои ҷаҳон ва дар ин замина, офаридани асарҳои мондагор, ки тавонанд барои дарки дурусту саҳеҳи ҳаводиси рӯзмарраи ҷаҳон ба хонанда таъсиргузор бошанд, бояд дар меҳвар қарор бигиранд. Маълум аст, ки имрӯз нақши адабиёту адиб дар раванди давлатдорӣ ба таври бояду шояд муассир нест ва рӯйи кор наомадани асарҳои ҷолибу хонданӣ, ки тавонанд шавқу рағбати хонандаро ба адабиёту мутолаа бештар намоянд, камтар ба назар мерасанд. Ҳеҷ гоҳ хонанда асареро намеомӯзад, ки ба ҳаёти воқеиаш иртибот ва таъсир бар афкору ҷаҳонбиниаш надошта бошад. Дар ин замина, С. Ятимов зикр кардааст: «Таърихи таҳаввули ҷаҳонбинӣ ва афкори миллати тоҷик дар тули ҳазор сол бори дигар исбот кард, ки руҳ, маънавиёт, дидгоҳ, нуқтаи назари сиёсӣ, ки онро дар маҷмуъ, идеология ном мебаранд, хосияти иманентии диалектикӣ надоранд. Он аз воқеият, ки амали мақсаднок ва бошууронаи инсон, аз муҳимтарин ҷузъи он мебошад, вобаста аст».
Воқеан, рисолаи илмии С. Ятимов «Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ» дастури раҳнамои аҳли зиё ва адибону публитсистон ба шумор рафта, баҳри ташаккулу пешрафти ҳамаҷонибаи давлатдории миллиамон хидмати арзанда хоҳад кард.
Эҳсон САФАРЗОДА, номзади илмҳои филология