Баргашт Чоп кардан

ЁДГОРИИ НОДИРИ МЕЪМОРӢ

Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ буда, дар ҳифз ва муаррифии он саҳми муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ хеле бузург аст. Яке аз чунин ёдгориҳои меъмории нодир оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро ба ҳисоб меравад, ки зери нигоҳдории Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент” қарор дорад.
Боиси тазаккур аст, ки ин ёдгорӣ 17-уми сентябри соли 2023 дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.
Мақбара дар деҳаи Мазори Шариф, 9 км ҷанубу шарқи шаҳри Панҷакент, воқеъ буда, ба муҳаддиси маъруфи асри миёна – Муҳаммад Башорои Бундор мансуб аст.
Сохтмони ёдгорӣ дар ду марҳала ба анҷом расид. Қисми асосӣ асрҳои XI-XIV бо тарҳи мураббаъ ва хонаҳои кунҷӣ бунёд гардида, давоми солҳои 1342–1343 қисмати даромадгоҳ бо пештоқи кандакоришуда ва сафолҳои сирдори ранга зебу зинат дода мешавад.
Оромгоҳ яке аз намунаҳои барҷастаи меъмории исломии асримиёнагӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Пештоқи даромадгоҳ бо кошинкориҳои гилнок, сафолҳои сеқирра, рангҳои кабуду сафед ва кандакориҳои ҳандасӣ оро ёфтааст. Навиштаҷот бо забонҳои арабию форсӣ ва нақшҳои рустанигӣ фазои зебои руҳонӣ ва илмии ёдгориро ифода мекунад.
Ин унсурҳо дар якҷоягӣ шоҳиди рушди баланди санъати меъморӣ, кандакорӣ ва сафолпазии замони худ буда, он чи имрӯз боқӣ монда, на танҳо ҷолиби омӯхтан, балки арсаест барои эҳсоси ифтихор аз гузашта.
Воридшавии оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО нишони эътирофи байналмилалии арзиши таърихиву фарҳангии он мебошад. Ин дастовард дар партави сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббусу эҳтимоми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.
Сарвари давлат дар ин маврид пайваста таъкид мекунанд: «Мероси ғании таърихиву фарҳангии халқи тоҷик яке аз рукнҳои муҳими ҳувияти миллӣ буда, нигоҳдорӣ ва муаррифии он на танҳо вазифаи давлатӣ, балки қарзи виҷдонии ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст аст».
Ин суханон барои тамоми кормандони осорхона ва ҳомиёни фарҳанг ҳидоятест дар роҳи арҷгузорӣ ба таърих ва ҳимояи асолати миллӣ.
Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро имрӯз ба сифати ёдгории таърихиву фарҳангӣ ва объекти мероси умумибашарӣ мавқеи устувор дорад. Ҳамчун бахши муҳими Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент”, он на танҳо шиносномаи фарҳангии як минтақа, балки нишонаи ҳувияти миллӣ ва эътибори фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ҳифз, омӯзиш ва муаррифии он вазифаи муқаддаси ҳар як донишманд, фарҳангшинос ва ватандӯст аст.
Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию
кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ