Садриддин Ҳасанзода 3-юми апрели соли 1950 дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омада, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-уми зодгоҳашро хатм намудааст. Баъди соҳиби дипломи аълои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шудан, солҳои 1973-1983 муовини директори ҳамин дабиристон ва мактаби рақами 56-ум буд. Дар рӯзномаи “Коммунисти Ховалинг”, шабакаи якуми ТВ “Тоҷикистон”, ТВ “Баҳористон”, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон -- рӯзномаи “Ҷумҳурият” фаъолият дошт. Айни замон сардабири маҷаллаи илмӣ-оммавии “Душанбе”, корманди Муассисаи нашриявии “Ирфон” аст. Узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Бо медали Хизмати шоиста сарфароз шудааст. Ба эҷоди мақола, ҳикоя, лавҳа аз давраи мактабӣ, соли 1964, сар менамояд.
Муаллифи 40 маҷмуаи асарҳои бадеӣ, публитсистӣ, илмӣ-оммавӣ, фарҳангию маърифатӣ ва сиёсӣ, филмҳои мустанад буда, дар баробари эҷодкори мумтоз будан, дӯстдори Ватан ва ободкори асил низ мебошад.
Соли 1981 бо кӯшиши рӯзноманигор ва нависандаи маҳбуб Садриддин Ҳасанзода ба Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ аз бобати вазъи мудҳиши тандурустии сокинони деҳоти Пушён, Осмонбика ва Ғелоти деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ нома ирсол гашт. Соли 1991 дар маҷаллаи “Садои Шарқ” (№12) очерки ӯ бо унвони “Фоҷиаи Пушён” ба табъ расид. Ба хотири ба эътидол овардани вазъи тоқатфарсои тандурустии деҳоти ноҳияи Восеъ, ба Пушён аз Москва намояндагони Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ омаданд. Тибқи таҳлилу ташхис, далелҳои манзурнамудаи муаллиф тасдиқ гаштанд. Бемористони зиёновари амрози сил, ки рӯ ба рӯи МТМУ №6 қарор дошт, ба мавзеи деҳоти Абдӣ Авазов кӯчонда шуд, мардум аз сирояти бемории сил раҳо ёфт.
Ӯ аз зумраи вакилону адибонест, ки пайваста дар андешаи беҳбуди рӯзгори мардум аст. Ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ соли 1988 пайроҳаи маҳаллаи Дашти Дилӣ ба масофаи 1 километр бунёд гашт. Сокини деҳоти Пахтаобод Назр Наим шикоят кард, ки комбинати хизмати маишии ноҳияи Восеъ бунёди хонаи истиқоматии ӯро кашол медиҳад. Баъди нашри мақолаи танқидӣ дар рӯзномаи ноҳиявӣ сохтмони хонаи деҳқон авҷ гирифт. Бо кӯшиши вакили мазкур дар Дашти Дилӣ чоҳи оби нӯшоӣ ва бинои Мактаби ибтидоии №56 бунёд гаштанд.
Мардуми деҳот ӯро дӯст медоранд. Панҷ сол пеш бо ибтикори устоди ватандӯст ба мақсади ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонон дар таълиму тадриси илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, рушди соҳаи илму маорифи кишвар Ҷоизаи ба номи Абдуллоҳ Ҳасанов таъсис ёфт. Ҷоиза ҳар сол 1-уми июн ба ифтхори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба панҷ нафар беҳтарин донанда, хонанда ва омӯзгори илмҳои дақиқ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ ва ифтихорнома, китоб, дафтар, ашёву анҷоми хонандагон тақдим мегардад. Соли шашум аст, ки бо дастгирии нависанда, рӯзноманигори ҳақиқатан халқӣ миёни варзишгарони мактабҳои деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов қувваозмоӣ оид ба волейбол, футбол, тенниси рӯйи миз, шашкаву шатранҷ ва дигар намудҳои варзиш баргузор мегарданд. Ғолибон бо медалҳо, ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи маорифи ноҳия, Ҷамоат ва туҳфаҳои нависандаи маҳбуб Садриддин Ҳасанзода сарфароз мешаванд.
Хидмати арзишманди нависандаи маҳбуби халқ ба тамоми маънояш он аст, ки ӯ вазъияти ногувори муассисаҳои фарҳангӣ-маърифатиро дида, дар роҳи ҳаллу фасли мушкилот талош мекард. Аз ҷумла, чор сол пеш бо маслиҳати аҳли оила ва бо қарори раиси ноҳияи Восеъ дар манзили истиқоматиаш китобхонаи оммавӣ таъсис дод. Ҳоло ин махзани дониш дорои 10 ҳазор адабиёти илмиву оммавӣ, бадеӣ-публитсистӣ, фарҳангӣ, тиббӣ ва дарсӣ мебошад.
Бо гузашти солҳо роҳи автомобилгарди Кадучӣ – Ғаллазор – Темурмалик хароб гашт. Сокинони деҳаи Ғаллазори деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов бомашаққат аз ин мавзеи кӯҳпоя ба поён мефаромаданд. Онҳо роҳи ҳалли мушкилотро аз ин рӯзноманигор, сардабири МИО “Душанбе”, дархост намуданд. Бо имзои 70 нафар ба рӯзноманигор муроҷиат карданд. Устод Ҳасанзода дар асоси ин ариза ба сохторҳои марбута муроҷиат кард. Вазорат ваъда дод, ки дар доираи имконот 20 тонна моеи сиёҳ ҷудо менамояд. Бояд гуфт, ки ҳоло бо кӯшиши МДНРА-и ноҳияи Восеъ 4 километр роҳи 27-километраи мазкур сангфарш гашт, моҳҳои наздик мумфарш кардани роҳ шуруъ мегардад. Бо талоши нависандаи ободкор чорроҳаи маркази деҳаи Кадучӣ, ки 16 ҳазор аҳолӣ дорад, чароғон гардид. Мардум аз ташаббуси вазоратҳои нақлиёт, корҳои дохилӣ ва устод хушнуду миннатпазиранд.
Зиҳӣ, устоди ободкори мо!
Абдувалӣ АБДУРАҲМОНЗОДА,
директори МН “Ирфон”,
Муҳаммаднабӣ БАЁНӢ,
муовини директори МД “Хонаи китоби Тоҷикистон”