Баргашт Чоп кардан

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. МО ВА ДУРАХШИ МИЛЛАТ

Вожаи ваҳдат мазмуни васеъ дошта, бо истиқлолияту озодӣ ҳамбастааст. Вақте ваҳдат мегӯем, пеши назар якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва иттиҳод падид меоянд.
Баъди пароканда гардидани Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли комили давлатӣ ба даст овард, аммо ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, зеро неруҳои аҳримании дохилию хориҷӣ намехостанд чунин як давлати демократии дар харитаи ҷаҳон зуҳурёфта рушд намояд ва ба камол бирасад. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва дигар ҳодисаҳои нангин тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоннишиниҳоро ба миён оварданд ва миллати тоҷик рӯ ба парокандагӣ ниҳод.
Хушбахтона, дар чунин вазъи басо сангин моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид ва дар рафти он вакилони халқ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олӣ – Сарвари давлат интихоб намуданд.
Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ ба халқи Тоҷикистон муроҷиат намуда, бо қатъият чунин изҳор кард: «То даме, ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шуруъ накунем, ҳеҷ гуна кумаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба Ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам».
Дар ҳақиқат, таърих гувоҳ аст, ки Сарвари давлат ҷони худро дар хатар гузошта, барои баргардондани гурезагони иҷборӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуда, ҳамватанонамонро бовар мекунонданд, ки ба Ватан баргарданд. Дар ҳамон давра касе аз зинда мондан ва ба чунин комёбиҳо расиданро тасаввур намекард.
Маҳз бо хоҳиш ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат музокироти сулҳи тоҷикон шуруъ шуд. Ҷаноби Олӣ зимни вохӯриҳо бо мухолифон такрор ба такрор мегуфтанд: “Агар мо ба сари мақсад наоем, миллат нест, Тоҷикистон ба порчаҳо тақсим мешавад ва наслҳои оянда мову шуморо намебахшанд”.
Дар ниҳояти кор гуфтушунидҳо бо мухолифон дар Афғонистон, Эрон, Русия, Покистон натиҷаи дилхоҳ доданду ниҳоят 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид. Маҳз сиёсати оқилона, дурандешӣ, садоқат ба Ватан ва сулҳхоҳии Пешвои миллат боис шуд, ки моҷароҷӯӣ ва даргириҳо дар кишварамон хотима ёфта, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шуданд. Имрӯзҳо мактаби сулҳофарии Пешвои маҳбуби миллати мо мавриди омӯзиши СММ ва бисёр давлатҳои олам гардидааст.
Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя ва рушди бемайлони кишвар таъмин карда мешавад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ пайдост. Мо – тоҷикону тоҷикистониён бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқона Ватани азизамон – Тоҷикистонро обод гардонем.
Зуҳро САЪДУЛЛОЕВА,
мураббии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки
№1-уми ноҳияи Шоҳмансур