Баргашт Чоп кардан

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. АМНИЯТИ КӮДАКОНУ ҶАВОНОН АЗ ҲАРВАҚТА ДИДА ЗАРУРТАР АСТ

Тағйирёбии иқлим ва ҳифзи оби сайёра дар шароити имрӯз аз мавзуъҳои мубрами ҷаҳони муосиранд. Аз ҷумла, обшавии пиряхҳо ба ҳаёти беш аз ду миллиард сокини дунё таҳдид эҷод кардааст, ки таъсири он ба кӯдакон низ бармало мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, созмонҳои байналмилалӣ сари проблемаи истифодаи дурусти оби нӯшоӣ ва пешгирии бемориҳои марбут ба об миёни кӯдакону ҷавонон дар андешаанд.
ТОҶИКИСТОН АВВАЛИН КИШВАР ДАР ОСИЁИ МАРКАЗИСТ, КИ ИНДЕКСИ ХАТАРИ ИҚЛИМӢ БАРОИ КӮДАКОНРО МУАЙЯН МЕКУНАД
Дар доираи баргузории Конфронси аввали байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир шудани Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо худ далели муҳимияти масъала аст. Ба андешаи директори иҷроияи ЮНИСЕФ хонум Кэтрин Рассел кӯдакони имрӯза тағйирдиҳандагони ҳаёти фардоянд, ки аз имрӯз бояд ба садои онҳо гӯш дод.
Ба таъкиди сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис, масъалаи ҳифзи обу пирях бисёр муҳим мебошад. Ин проблема чолишҳоро дар соҳаҳои кишоварзӣ, туризм ва саноат ба миён оварда, ҳосилнокии заминро кам ва бемориҳои марбут ба обро авҷ додааст.
"Ҷавонони то 24-сола қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд. Ба ҳамин хотир, ин қишри ҷомеа метавонад тағйироти бузургеро ба миён орад, аз ҷумла барои гузариш ба “иқтисоди сабз”, инчунин тобоварӣ ба иқлим ва барқарор намудани экосистема. Иттиҳоди Аврупо ин гуна ташаббусҳоро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад ва мо барои ҷавонони Осиёи Марказӣ Шурои ҷавонон ташкил карданием",– изҳор дошт ӯ зимни суханронӣ.
– Тоҷикистон кайҳо боз таъсири афзояндаи тағйирёбии иқлимро ба ҷомеаҳои осебпазир, бахусус кӯдакон, эътироф кардааст. Мо моҳи майи соли 2024 Эъломия оид ба фаъолияти кӯдакон, ҷавонон ва иқлимро имзо кардем. Тоҷикистон кишвари сеюм дар Осиёи Марказӣ ва яке аз 40 кишвари ҷаҳон мебошад, ки ин уҳдадориҳои таърихиро ҷонибдорӣ кард,– суханҳои болоро тақвият дод муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода:
– Мехоҳам таъкид намоям, ки Тоҷикистон аввалин кишваре дар Осиёи Марказӣ аст, ки Индекси хатари иқлимӣ барои кӯдакон – модели хатари офатҳоро амалӣ мекунад. Ин асбоби инноватсионӣ маълумоти муҳимро дар бораи хатарҳои мушаххасе, ки кӯдакони мо дар раванди тағйирёбии иқлим дучор меоянд, таъмин мекунад ва баҳри қабули қарорҳо барои кӯдакон ҷиҳати омодагӣ ба ҳолати фавқулода, вокуниш ва чораҳои мутобиқшавӣ метавонад истифода шавад.
ЮНИСЕФ
Истиқболи гарми роҳбарияти он аз иқдомҳои Тоҷикистон
Кэтрин Рассел зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо гуфт, ки обшавии пиряхҳо ба ҳаёти кӯдакони деҳот таъсири бештар дорад ва мо бояд аз имрӯз барои наслҳои оянда ҷаҳони устувору мувофиқ созем.
«Мо аз роҳбарӣ ва талошҳои кишвари мизбон – Тоҷикистон ва аз иштироки фаъолонаи ҷомеаи байналмилалӣ дар ин самт истиқбол менамоем ва ҳамкории минбаъдаро бо умеду бовар интизорем», – илова намуд Кэтрин Рассел.
Ҳамчунин, ӯ иброз дошт, ки ЮНИСЕФ омода аст, дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва шарикон, барои таҳкими хадамоти муҳими иҷтимоӣ, дастгирии ҷавонону кӯдакон ва сохтани ҷомеаҳои тобовар ба иқлим саҳм гузорад.
Ёвари Дабири кулли ЮНЕСКО Лидия Брито баён дошт, ки соли 2025 чун марҳалаи муҳим дар таърихи ҳифзи пиряхҳо сабт хоҳад гардид, аммо мо бояд дарк намоем, ки як сол барои муқовимат бо буҳрони криосфера кифоя нест. Ӯ аз қабули Қатъномаи нав таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» ёдовар гардид, ки ин ташаббуси 6-уми байналмилалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар якҷоягӣ бо Фаронса пешбарӣ гардидааст.
"Қабули чунин ташаббуси муҳим дар шароити ҳозираи тағйирёбии иқлим, ки таъсири аз ҳама бештари он ба пиряхҳо мерасад, саривақтӣ буда, ҷомеаи ҷаҳонро ба пажӯҳиши амиқи пиряхҳо даъват менамояд",– афзуд ӯ.
Факту рақамҳои боло далели он аст, ки обшавии пиряхҳо мушкили рақами яки дунё дар ҳоли ҳозир асту ҳифзи ҳаёти кӯдакону ҷавонон дар ин раванд аз ҳарвақта дида заруртар. Ҳадаф аз баргузории Конфронс ва Форуми мазкур дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот аст, ки созмонҳои бонуфузу доираи васеи таҳлилгарон ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳам овард.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”