Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, 23 декабри соли 2022 зарурати рушди соҳаи алоқаро махсусан қайд намуда, Хадамоти алоқаро барои беҳтар кардани сифати хизматрасониҳо, паст намудани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилию интернет ва дастрас намудани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар вазифадор намуданд.
Шумораи муштариёни интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4,5 миллион нафар ва истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 8 миллиону 273 ҳазору 790 рақам буда, аз ин шумора 5 миллиону 5537 ҳазору 620 рақам муштариёни фаъол мебошанд. Мутаассифона, суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда набуда, баъзан байни мардум норизогиву нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меорад.
Сабабҳои вобаста ба суръати интернетро қаблан ниҳоди марбута ба норасоии истгоҳҳои базавӣ, монеъ шудани биноҳои баландошёна ва тарсу ҳароси мардумро аз ҳамин истгоҳҳои базавӣ маънидод намуда буд. Тавре мутахассисон шарҳ медиҳанд, танҳо пайвастшавии як занги телефониро аз 14 то 17 истгоҳи базавиву датгоҳҳои махсус таъмин менамоянд. Бинобар бунёд ёфтани баъзе биноҳои баландошёна дар байни истгоҳҳои базавӣ ва монеа эҷод шудан байни истгоҳҳои ба ҳам пайваст, алоқа паст ва ё муваққатан гум мешавад.
Барои рафъи мушкилоти ҷойдошта ва иҷрои вазифаҳои аз ҷониби Сарвари давлат дар назди Хадамоти алоқа гузошташуда, Хадамот ситоди кории доимамалкунанда иборат аз мутахассисон ва намояндагони Хадамоти алоқа, ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва интернет провайдерон таъсис дод, ки вазъу ҳолати шабакаҳои алоқаи мобилиро дар кишвар таҳлилу баррасӣ карда, чораҳои зарурӣ меандешад.
Тавре муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев гуфт, алҳол ба масъалаи беҳтар намудани сифати системаи алоқа ва интернети мобилӣ диққати ҷиддӣ дода шудааст. Ба иттилои манбаъ, барои таъмини алоқаи мобилӣ дар тамоми гӯшаҳои мамлакат ва беҳтар кардани суръати интернет ҶСП «Вавилон М» 20 истгоҳи базавии стандарти 4G/LTE дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ҷамоатҳои деҳоти Сарикиштӣ, Чимтеппа, Чортеппа, Гулистон, Обчакорон ва шаҳри Роғун насбу роҳандозӣ намуд. Инчунин, аз тарафи ширкати мазкур 20 истгоҳи базавӣ муҷаҳҳаз гардид.
Дар доираи чорабиниҳои азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилӣ дар кишвар, ки чанд соли охир идома дорад, Хадамот дар ҳамкорӣ бо ВКД, КДАМ ва операторони алоқаи мобилии ҷумҳурӣ бо мақсади дар сатҳи дахлдор ва муқарраршуда иҷро намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» чораандешӣ менамояд. Мувофиқи маълумоти ширкатҳои алоқаи мобилӣ, алҳол бо шиносномаи соли 2014 (ID корт) 6 миллиону 887 ҳазору 584 рақам симкорт сабт гардидааст. Дар ҳамин ҳол, тибқи талабот бо супориши Хадамоти алоқа, аз тарафи ширкатҳои алоқаи мобилӣ аз 1 феврали соли равон 789636 симкорти фаъол бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи 1996 хомӯш карда шуд. Муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 (ID корт)-ро надоранд, то 15 феврали соли 2024 идома меёбад.
Ҷиҳати фароҳам овардани заминаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба алоқа, таъмини амнияти иттилоотӣ ва бо назардошти паҳншавию таҳаввулоти дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада, Хадамоти алоқа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод дошт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли ҷорӣ, таҳти рақами 47 маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гаштааст. Тавре мебинем, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳбудии рушди соҳаи алоқа, хоса баланд бардоштани суръати интернет ва паст кардани нархи он бо мақсади рушди иқтисоди рақамӣ, пешбурди зеҳни сунъӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологӣ – инноватсионӣ дар кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ барои рушди соҳаи алоқа манфиатдор буда, дар ин самт аз тадбирҳои муассир кор мегирад. Танҳо умедворӣ аз беҳбудӣ боқӣ мемонад.
Имрӯз рушди алоқа асоси пешрафт буда, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бидуни он ғайриимкон мебошад. Технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ, ки бо рушди алоқа алоқамандии зич доранд, ҳарчи бештар фаъолияти иқтисодиро дар кишвар фаро гирифта, системаи иқтисодии мамлакатро ба куллӣ тағйир медиҳанд ва, ба ин васила, барои ташкил ва рушди соҳибкорӣ, зиёд шудани ҷараёни сармоягузорӣ, ҷамъшавии сармояи инсониву молиявӣ мусоидати амиқ менамоянд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»