Андешаҳо роҷеъ ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти имрӯзу фардои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Назаре ба гузашта
Агар ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар даврони истиқлол назар андозем, ин марҳиларо дар таърихи мавҷудияти он ҳамчун давраи тиллоӣ ҳисобидан мумкин аст. Даврони истиқлолият ва заҳматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Бадахшон марҳалаи нави рушдро боз намуд.
Дар ин ҷо мехостам каме аз гузаштаи ин диёри кӯҳистон ёдовар шавам. Ин сарзамини дурдаст ва мардуми куҳанбунёди он сарнавишти хеле пурмоҷаро ва фоҷианокеро аз сар гузаронда, санҷишҳои сангини таърихиро пушти сар кардааст. Мегӯянд, таърихи халқро аз шоир дида касе беҳтар дарк намекунад ва тасвир карда ҳам наметавонад. Аз ин хотир, мо ба сифати сарчашмаҳои муътамад барои инъикоси рӯзгори сангини мардуми кӯҳистон дар гузаштаи на чандон дур ба навиштаҳо ва осори шоирони ҳамон давр такя намудем. Шоир ва муҳаққиқи маҳбуби тоҷик Тилло Пӯлодӣ, ки ба ҷамъоварӣ ва таҳқиқи осору рӯзгори шоирони халқии Бадахшон машғул буд, дар як шеъраш ҳаёти гузаштаи ин мардумро чунин ба қалам додааст:
Асрҳо халқи бузурги Помир,
Буд дар кулфату тазйиқу фишор.
Косибу мутрибу деҳқони фақир,
Мешуд аз дасти ситам истисмор.
Кӯҳҳои сарбафалак, роҳҳои душворгузару хатарнок, камзаминию беобӣ рӯзгори мардумро тиратар мегардонданд. Мардум аз оддитарин шароити зиндагӣ маҳрум буданд. Ин манзара дар шеъри шоири асри XIX Сулаймоншоҳ Муҳаббатшоҳзода хеле ҳузнангез тасвир ёфтааст:
Аз қавс то ба ҷавзо дар орзуи обем,
Лабташнаву гулухушк, дилхун ҷигаркабобем
Аз одамону ҳайвон дар меҳнату азобем,
Ғайр аз “наботи мисрӣ” оби дигар надорем,
Баҳои косаи об ҳамвазни як ҷаҳон аст.
Новобаста аз чунин шароити вазнин ва бенавоӣ мардуми кӯҳистони Бадахшон аз илму маърифат, аз китобу шеъру тарона дур набуда, посдорони забон ва адабиёти тоҷик буд. Чуноне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш изҳор доштанд: «Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар байни кӯҳҳои осмонбӯси ин минтақа аз қадимулайём мардуми заҳматдӯсту фарҳангпарвар зиндагӣ карда, суннату оинҳои бою рангини фарҳангиро ба мерос гузоштанд».
Ба қавли шоир Тилло Пӯлодӣ:
Мардуми Боми ҷаҳон аксарият
Бенаво буд, вале доно буд.
Маъниву мартабаи одамият
Дар замири дили он дошт вуҷуд.
Метавонам мисолҳои зиёдеро аз таърихи пурфоҷиаи ин сарзамини пурганҷ ва мардуми азияткашидаи он биёрам вале манзурам аз ин бозгӯи таърих он аст, ки ноогоҳӣ аз гузаштаи хеш мардумро ба гумроҳӣ мебарад. То гузаштаро дарк накунӣ ояндаро сохта наметавонӣ.
Вақте ки тараққиёт ва пешрафти ин сарзамини баландкӯҳро махсусан дар даврони истиқлоли давлатӣ, ки бо заҳмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, мебинем, лозим аст, ки онро дар муқоиса бо даврони пешин ба насли ҷавон бозгӯ намоем. Насли наврасу ҷавон, ки ба ин маълумот ниёз дорад ва ба ин васила аз таърихи пурпечутоби диёри худ ибрат гирифта, ба қадри даврони истиқлол, озодӣ ва ҳаёти осоишта мерасад. Маҳз ҳамин хизматҳои Пешвои муаззами миллат, ки мо қатрае аз баҳри онро дар поён изҳор медорем, ӯро маҳбуби халқ гардондааст.
Ба ин хотир, кулли мардуми Бадахшон, ҳатто кӯдакону наврасон, ин меҳру садоқатро нисбат ба Пешвои муаззами миллат ба таври абадӣ дар замири худ ҷо додаанд. Хурду бузург ба Пешвои муаззами хеш садоқату эҳтироми беандоза доранд. Ёд дорам, ҳангоме ки дар вилоят кор мекардам, ҳини пешвозгирии Сарвари давлат байни наврасон мусобиқа буд. Ҳар як кӯдак кӯшиш мекард, ки дар ин маросим пешдастӣ кунаду иштирок намояд. Кӯдак фиреб намедиҳад, кӯдакон поканд ва муҳаббати онҳо низ беғаразу пок аст. Касе аз масъулон онҳоро иҷборан ба маросими истиқболи Пешвои миллат намекашид. Тифлакон барои пешвозгирии Пешвои миллат бидуни амру супориш худашон аз таҳти дил талош мекарданд.
Онҳо пораҳои шеърро дар чанд лаҳза аз ёд мекарданду садоқати тифлонаи худро ба Пешвои миллат нишон медоданд, зеро аз телевизион медиданд, ки чи тавр Сарвари давлат ба кӯдакон муҳаббат доранд.
Маҳбубият ва садоқат ба Пешвои миллат дар зеҳни мардуми кӯҳистон ба таври печ дар печ ва мушкил арзи вуҷуд кард, зеро дар марзи шикасти давлати абарқудрати шуравӣ ва ноил шудан ба истиқлоли давлатӣ ин минтақаи кӯҳистон барои як муддати муайян аз идораи давлат берун афтод. Бесарусомонӣ ва худидории гурӯҳҳои мухталиф мардуми бечораро ба чор сӯ мекашиданд. Ҳамзамон ибтидо аз соли 1992 марз бо хориҷи кишвар рахна шуда, таблиғоти бегона авҷ гирифта буд.
Маҳз дар чунин вазъияти буҳронӣ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ ташриф оварданд. Ин иқдоми ҷавонмардонаи Сарвари давлат дар таърихи ин сарзамин гардиши куллиро ба вуҷуд овард. Баъди ин ташрифот мардуми Бадахшон дарк карданд, ки нияти Роҳбари ҷавон пок аст. Дар чунин рӯзҳои вазнин, ки маркази вилоят пур аз ҷавонони силоҳбадаст ва гурезаҳо буд ба Бадахшон сафар карданро на ҳар мард ва на ҳар роҳбар ба худ раво медид. Ин ҷасорат ҳам барои мардуми Бадахшон ва ҳам барои мухолифин ғайричашмдошт буд, зеро дар Хоруғ гурӯҳҳои бегонаи тавтеаангез озодона ҳаракат мекарданд.
Пешвои миллат дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ баъд аз арзи эҳтироми Ҳукумат ба мардум ва шарҳи вазъи сиёсии кишвар чунин гуфтанд: “Ҳеҷ хавфу таҳдид роҳи маро ба назди мардуми азизам баста наметавонад. Ман ба назди мардум омадам. Ҳамватанони хеле азизам бояд барои фардои осоиштаи кишвар ба ман кумак кунанд. Мо бояд барои фардои созандагӣ бо ҳам машварат кунем”.
Дар оғози баромад, ки аҳли толор дар изтироб буд, тадриҷан орому сокит гардид ва дар анҷом ба кафкӯбии пурмавҷ расид. Ин ибтидои барномаи бадахшонсозии Пешвои муаззами миллат буд.
Аз ин рӯзҳо зиёда аз 30 сол сипарӣ шуд. Роҳбари давлат дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ зиёда аз 60 маротиба ба шаҳру навоҳии ВМКБ сафар карда, ҳар як қадами муборакашон оғози марҳалаи нави рушди Бадахшон мегардид. Диёри дастнорас барои ҳама дастрас гардид ва хоса дар се соли охир симои Бадахшон куллан тағйир ёфтааст. Даҳҳо корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардидаву чандин муассисаҳои самти иҷтимоӣ мавриди истифодаи мардум қарор гирифтаанд.
Фалсафаи роҳи паймуда
Роҳ аст, ки дил ба дида наздик кунад
Нур аст, ки рушан дили торик кунад
Бо ин ду ният Сарвари пояндаи мо
Хушбахт тамоми халқи тоҷик кунад
Умри инсон фосилаи кӯтоҳест, вале ин масофаро бо роҳ чен мекунанд. Ин се ҳарф кӯтоҳтарин мафҳуми дарозтарину тулонитарини ҳаракати инсониятро рӯи замин ифода мекунанд. Аммо то ба ҳол башарият аз сарҳарфи ин калима маънои зиндагиро кашф накард. Инсоният Р-рамз, О-осудагӣ ва Ҳ-ҳаётро танҳо дар асри XXI дарк кард. Роҳ ҳамон формулаи физикиест, ки ҷисм вақте ҳаракат мекунаду ҷояшро иваз мекунад кор аст. Яъне, роҳ ин кор аст, ки инсоният бо ҳасрат нидо бароварда буд:
Тифлию домони модар хуш биҳиште
будааст,
То ба пои худ равон гаштем, саргардон
шудем.
Саргардонӣ табиист, ки роҳ аст, зеро саргардонӣ дар обу дар кайҳон низ аз ҳаракати инсон дар роҳ сар мезанад. Роҳ ин риёзии зиндагӣ аст. Илми риёзиро аз қадамзании инсон эҷод карданд. Пои рост масофаро аз пои чап тарҳ мекунад, тафаккур онро тақсим мекунад. Ва ҳамаи се қонуни Нютонро низ роҳ эҷод кард. Агар роҳ ва қадамзании роҳ тулонӣ намебуд, инсоният дар фазои муаллақ давр мезад. Роҳ муъбад, Каъбаи заҳмату талоши инсонҳост.
Роҳ ба ченак, тарозуи арзишу қимати инсон табдил ёфт. Чор паҳлуи физикии роҳро танҳо инсоният дар ду самт чапу рост интихоб кард. Тамоми динҳо ва оинҳои дунё роҳро ченаки ахлоқи фаъолияти инсон қарор доданд. Дар Инҷили Масеҳо омадааст: “Касе ки ба роҳи рост равад, растагор аст, вале касе ки роҳаш каҷ аст, ӯро Худованд хор медорад”. Дар Авасто омадааст: “Роҳ дар ҷаҳон якест ва он роҳи ростист”. Дар китоби Қуръони шариф омадааст: “Роҳи ростинро завол нест, агар аз роҳи каҷ парҳез кунад”. Ҳамин тавр Буддо низ ба муридонаш хитоб карда буд: “Аз он роҳе, ки каҷ аст, гурез кунед”.
Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки дарозтарин роҳи Мағрибу Машриқ кадом аст? Гуфт: “Дарозтарин роҳ ин роҳ ба сӯи қалби инсонҳост, ки онро ҳатто худоёни афсонавии Рум тай накардаанд. Вале роҳи кӯтоҳе низ ҳаст, агар одамон рӯи замину сангистон роҳи заминиро аз Ғарбу Шарқ созанд, зуд роҳи қалби синаҳоро тай мекунад...
Ҳамаи ин муқаддима ва шарҳи фалсафаи роҳ ин пайдо кардани асрори маҳбубият ва муҳаббати мардум ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ мардуми ҳудуди ВМКБ танҳо 7 моҳ робитаи нақлиётӣ ва ҳавоиро бо марказ дошта, баъзан то 5 моҳи дигар роҳ сӯи вилоят баста буд. Сафарҳои фаврии мардум, ки баъзан ба фоҷиа меовард, аз тариқи шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Ӯши Қирғизистон то Хоруғ бо масофаи 1300 километр дар тули ду-се рӯз анҷом меёфт.
Роҳи ҳамешабоз ормони деринаи мардум буд, ки онро Пешвои миллат амиқ дарк мекарданд. Нақшаи бунёди шоҳроҳи Душанбе – Қалъаихумб низ то соли 1997 дар бойгонӣ зери чангу хок мехобид. Сохтмони ин роҳ, аслан, соли 1964 оғоз шуда, анҷоми он хеле кашол ёфт.
Соли 1995 Пешвои миллат дар як мулоқот изҳор доштанд, ки мо роҳҳои мушкилгузари Помирро обод хоҳем кард, зеро барои мардуми тоҷик кори иҷронашаванда мавҷуд нест, агар ҳадафу ният ягона бошад. Ҳамин тариқ, Пешвои миллат азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвозро ба миён гузоштанд. Соли 1996 дар вазъияте, ки ҷумҳурӣ дар ҳолати вазнинтарин қарор дошт, чунин масъалагузорӣ намудан афсона метофт. Он вақт бархе суол карданд, ки Иттиҳоди Шуравӣ бо имкониятҳои зиёди молию техникӣ ин роҳро сохта натавонист, ҳозир дар шароити вазнин ин шоҳроҳро чӣ гуна метавон сохт? Роҳбари давлат ҷавоб доданд, ки бо зоғнӯл ҳам бошад мо ин роҳро месозем. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Афсона ба ҳақиқат ва Девдара ба Гулдара табдил ёфт. Чи тавре ки баъдтар Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳои хеш изҳор доштанд: “Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ ба мо муяссар гардид, ки дар душвортарин мавзеъҳо, яъне дар ҷойҳое, ки даҳсолаҳои зиёд бунёди роҳҳоро дар онҳо ғайриимкон медонистанд, роҳҳои замонавии ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ бунёд кунем”.
Хушбахтона, имрӯз роҳи Бадахшон бо марказ ҳамеша боз аст ва дар як рӯз садҳо мусофири бадахшонӣ бо ин роҳи пурбаракат сафар менамоянд. Дар шаҳри бостонии Кӯлоб нон мешикананд, намак мехӯранд.
Лаҳзаҳои хотирмоне, ки аз муҳаббати беандозаи мардуми Бадахшон ба Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳанд, хеле зиёданд, вале як хотираро, ки марбут ба ҳамин роҳ аст, ногуфтан нашояд. Соли 1997 вохӯрии нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар бояд баргузор мешуд ва ба ин вохӯрӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 нафар ҷавонон бо роҳбарии сардори идораи кор бо ҷавонони вилоят Зуробек Бурибеков даъват шуда буданд. Дар он давра сохтмони роҳи Кӯлоб- Дарвоз нав оғоз шуда буд. Аз сабаби баста будани ағбаи Хобу Рубот ва набудани роҳи ҳавоӣ ҷавонон азм карданд, ки бояд бо роҳи навсохташаванда ба шаҳри Душанбе сафар кунанд. Онҳо медонистанд, ки як қисмати зиёди роҳро бояд пиёда тай кунанд, вале шавқи мулоқот бо Сарвари давлат онҳоро аз нияташон боз надошт.
Ҷавонон ба хотири ин мулоқоти таърихӣ аз ноҳияи Дарвоз пиёда ба роҳ баромаданд. Бо вуҷуди саъю талош, роҳи ҳанӯз нотамом ва душворгузар имкон надод, ки ҷавонони Бадахшон дар вақти муайяншуда ба ин мулоқот бирасанд. Аз як тараф, хастагии роҳ ва, аз тарафи дигар, дер мондан дар ин мулоқоти таърихӣ ҷавононро хеле руҳафтода карда буд, вале як хабари хуше хастагии онҳоро рафъ кард. Хабар расид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони Бадахшонро алоҳида қабул мекунанд. Рӯзи дигар Пешвои миллат бо онҳо мулоқот намуданд ва барои ҷасорату муҳаббати онҳо изҳори сипос карданд.
Роҳи Бузурги Абрешим аз тариқи Бадахшон, шоҳроҳи байналмилалии мошингарди Кӯлоб – Хоруғ – Кулма, ҳамзамон, имкон фароҳам овард, ки 27 лоиҳаи муфиди иқтисодӣ амалӣ шавад. Имрӯз аз ин шоҳроҳ ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон низ истифода мебаранд.
Нурофар
Дар радифи корномаву қаҳрамониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои мондагорашон барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакат мавқеи махсус дорад. Буҳрони энергетикии мамлакат ва роҳи ҳалли ин мушкилот аз рӯзҳои нахустини Роҳбари давлат интихоб шуданашон зери назорат ва таваҷҷуҳи хоса қарор дошт.
Дар даврони шуравӣ бо вуҷуди дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ будани Бадахшон истеҳсоли барқ бештар бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ ба даст меомад. Пешвои миллат ҳангоми мулоқоти нахустини хеш бо сокинони вилоят дарк намуданд, ки танқисии барқ аз мушкилоти асосии ин минтақа ба ҳисоб меравад. Фаъолони вилоят оид ба сохтмони иншооти нотамоми Неругоҳи барқи обии “Помир-1” масъалагузорӣ карданд, зеро тибқи нақша бо истифода аз зарфияти дарёи Ғунд бояд силсиланеругоҳҳои "Помир-1", "Помир-2" ва "Помир-3" сохта мешуданд, вале сохтмони онҳо тул мекашид.
Пешвои миллат баъди бозгашт аз ин сафари нахустини худ ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода, барои ҳар чи зудтар ба анҷом расондани сохтмони Неругоҳи барқи обии “Помир-1” раванди корҳоро зери назорати шахсии худ қарор доданд.
Баъди як сол, моҳи марти соли 1994 сохтмон анҷом ёфта, ба хонаи мардуми кӯҳистон рӯшноӣ ворид шуд. Сарвари давлат дар маъракаи ба истифода додани он, ки дар остонаи Ҷашни Наврӯз иттифоқ афтод, иштирок карда, муҳаббат ва эҳтироми мардумро сазовор шуданд. Ин нахустин иншооти энергетикӣ буд, ки Пешвои миллат дар солҳои аввали душвортарини роҳбарии хеш мавриди истифода қарор доданд. Таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат эълон шуда, дар заминаи амалисозии маҷмуи тадбирҳои мушаххас тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи энергетикаи кишвар, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд. Хушбахтона, имрӯзҳо Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт мавриди истифода қарор мегирад.
Тармаҳо об мешаванд,
хотираҳо мемонанд
Омадани сел, тарма, ярч ва сар задани заминҷунбӣ дар шароити кӯҳистон ҳодисаи табиист ва борҳо мардуми онро ба мушкилот рӯ ба рӯ кардааст. Соли 1911 бар асари заминларза кӯҳпорае маҷрои дарёчаи Бартангро баст ва деҳае зери об монд.
Соли 1945 дар деҳаи Врудҷаки ноҳияи Шуғнон тарма чандин хонаро рӯфта бурд ва сокинон деҳаро тарк карданд. Дар он давра касе парвои офатзадагонро надошт. Ҳамон вақт сокинони деҳаҳои гирду атрофи Сарез ҷойи зисташонро тарк карда, ба саргаҳҳои ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа ва Мурғоб кӯч бастанду паҳну парешон шуданд. Ҳамин тариқ, тармаҳо об мешаванду заминларзаҳо паси сар мешаванд, вале офати табиӣ, ки соли 2015 ба сари сокинони деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон омада буд аз ёдҳо нахоҳад рафт ва ҳамчун намунаи олии ғамхории давлат дар ҳаққи сокинони кӯҳистон боқӣ хоҳад монд.
Тобистони соли 2015 деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнонро сел бурд. Хушбахтона, ягон талафоти ҷонӣ рух надод, вале дар як лаҳзаи кӯтоҳ 100 хонавода бе сарпаноҳ монда, роҳи мошингард, замину боғот ва хатти интиқоли барқ хароб гардиданд. Рӯзи дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чархбол ба деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон бо роҳбарони вазорату идораҳои масъул ташриф оварданд ва аз ҷойи офатзада дидан карданд, бо мардум мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Дар он мулоқот Пешвои миллат супориш доданд, ки дар муддати кӯтоҳтарин бояд барои тамоми сокинони бесарпаноҳ хонаҳои нав сохта шуда, бо тамоми лавозимоти рӯзгор то сӯзану ришта таъмин карда шаванд. Худи ҳамон рӯз дар ин мавзеъ ситоди корӣ таъсис ёфта, кор оғоз шуд. Дар тули ду моҳи тобистони тафсон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хайма мезист, то супориши Пешвои миллат дар муҳлати муайяншуда иҷро гардад.
Дар муддати ду моҳ зиёда аз 100 хона бо муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва таъмини хатти оби нӯшоӣ бунёд гардид. Чун деҳа бунёд шуд, сокинон он деҳаро Раҳмонобод ном карданд. Ҳамин тавр ҳам бояд мешуд, зеро созандагӣ рисолати шахсиятҳои бузург аст ва номашон бояд дар таърих монад.
Боз ҳам заминларзаҳо мегузаранд, тармаҳо об мешаванд, вале некиву меҳрубониҳои Пешвои миллат дар ҳаққи сокинони кӯҳистон ҷовидона хоҳанд монд. Вақте дар маросими ба истифода додани деҳаи Раҳмонобод, шодиву хурсандии сокинон ва кӯдаконро медидам, хаёлам ба дуриҳои дур парвоз мекард. Авзои сокинони паҳну парешонгаштаи деҳоти атрофи Сарезро як аср пеш тасаввур мекардам. Он давра инсонҳо дар назди офати табиӣ оҷиз буданд ва роҳи ягона фирор буд. Танҳо давлати тавоно ва сарвари доно метавонад инсонҳоро аз дунёи оҷизӣ раҳонад ва ба рӯзи нек расонад.
Ниҳоят Пешвои муаззами миллат мушкилоти минтақаҳои хатарзои кӯҳистонро, ки бар асари гармшавии иқлим осеб мебинанд, то ба сатҳи ҷаҳонӣ расонданд. Дар суханронии хеш зимни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо изҳор доштанд: “Дар минтақаҳои кӯҳистон раванди обшавии босуръати пиряхҳо боиси обхезӣ, омадани сел ва фуромадани ярч гардида, ба инфрасохторҳо зарари калон мерасонад. Кишвари мо, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ҳамчунин, рӯбарӯйи офатҳои табиии вобаста ба об, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо, ҳамоно осебпазир боқӣ мемонад”.
Симои Пешвои миллат дар шеъри имрӯзи шоирони Бадахшон
Мусаллам аст, ки таърихи ҳар халқ дар фосилаҳои гуногуни таърихӣ дар шеъру адабиёти давр инъикос меёбад. Мо имрӯз ба аъмоли шоҳону сарварони гузашта аз нигоштаҳои бузургони адаби худамон дар гузашта воқиф мешавем ва баҳогузорӣ мекунем. Имрӯз низ мо тавсифу тамҷиди симои Пешвои миллатро дар шеъри шоирони муосири Бадахшон хонда, аҳсан мегӯем, ки воқеан ҳам ҳақиқати таърихиро ба қалам додаанд. Бояд иқрор кард, ки дар ин сурудаҳо тамаллуқ ва муболиға нест. Он чи мардум мехоҳад, бидуни амру дархости касе эҷод мегардад. Воқеан, маҳз пирамарди нуронии ишкошимӣ бидуни коғаз аз минбар бори нахустин бо унвони “Пешвои миллат” ба Сарвари давлат муроҷиат намуд. Кӯҳсорон акси садои пирмардро танинандоз намуданд.
Устоди зиндаёд, Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд аз зиёиёни нахустини Бадахшон аст, ки корномаи мардонаи Пешвои миллатро ба риштаи тасвир кашидааст:
Марди мардӣ, марди фардӣ дар замину дар замона,
Дар дили мардум ниҳодӣ аз садоқат ошёна.
Чеҳраи пурнури ту шуд нури бахти миллати мо,
Шаҳнавози миллати мо, шаҳсутуни давлати мо.
Ҷамъ кардӣ миллати садпораи тоҷики моро,
Шуъларезон кардӣ шоми талхи мо, торики моро.
Шоир Ато Мирхоҷа дар шеъри зерин аз ҷоннисорию фидокории Пешвои миллат ба хотири пойдории давлат ифтихор карда, бо Пешво буданро шиори худ қарор додааст:
Ҷони ҷавони худ ба хатарҳо гузоштӣ,
То гулшани шабоб шавад рӯзгори мо,
Бо роҳи ту ба қуллаи мақсад расидаем.
Дар зери Парчами ту будан ифтихори мо,
Имсолу соли дигару баъд аз ҳазор сол,
Бо Пешвои хеш будан шуд шиори мо
Раънои Мубориз сифатҳои олии Пешво, махсусан саховатмандиву суханвариашонро, бо талмеҳоти фасеҳ хеле моҳирона ба қалам додааст:
Ҳурмузднажодиву саропо ҳама ҷудӣ,
Нуронии бо чеҳраи хуштарҳи мунаввар.
Хушҳарфтарӣ аз ҳама ёрони сухангӯй,
Мағлуб шавад пеши ту ҳар марди суханвар,
Аз насли Каюмарсу Курушиву Ҳушангӣ,
Ҳам Хусрави Парвизу зи Ҷамшеди музаффар.
Дар муқоиса бо чунин шеърҳои зиндагисоз ва пур аз дилгармӣ ба зиндагии оянда, мехостам шеъри як шоири афғонистониро, ки як ҷавон ба дард мехонад, мисол биёрам. Ман аз шунидани суруди ин ҳофиз хеле маҳзун шудам, зеро ҳам шеър ва ҳам суруду оҳанг баёнгари зиндагии пурмашаққати ҳазорҳо нафар афғонистониҳо мебошанд:
Барбод рафт дар ғаму ҳасрат ҷавониям,
Бе орзу чӣ суд дигар зиндагониям.
Мӯйи сафед бар сари ман тохт, ай дареғ,
Печид рӯзгор кафан бар ҷавониям.
Чун гирдбоди чанг бупечам ба пойи хеш,
Ай рӯзгор чанд ба сар медавониям.
Вақте ин шеъри пурҳасратро бо садои ҳазини ҷавоне, ки эҳсоси ноумедӣ ӯро фаро гирифтааст, шунидам, боз ҳам шукрона аз он кардам, ки мо Ватани ободу осуда ва Сарвари хирадманду ояндасоз дорем.
Анҷом
Дуо ва муноҷоти садоқат нуқта надорад. Дил мехоҳад аз силсилаи ободкориҳову созандагии Пешвои миллат дар пешрафти ин диёри дурдаст садҳо саҳифа нависам, вале иктифо мекунам бо як байт:
Китоби васфи туро оби баҳр кофӣ нест,
Ки тар кунем сарангушту сафҳа бишморем!
Танҳо ба насли ҷавон бо як пораи шеър муроҷиат мекунам, ки ба гузаштаи худ назар андозанду ояндаро бубинанд. Ба ин Ватан, ба ин Сарвар, ба ин сарзамини родмардон шукрона кунанд. Воқеан, фалсафаи шукронаи Пешвои миллат, ин қаноатпазирӣ, сабақ аз гузаштаи талх ва ояндабинӣ аст.
Ба ин обу ба ин хоки Ватан шукрона бояд кард,
Барои сабзии марзи куҳан шукрона бояд кард.
Китоб омад, рубоб омад, ҳама хайру савоб омад,
Барои пешрафти илму фан шукрона бояд кард.
Сухан озод, кас озод, обод аст мулки ман,
Ба ин озодии халқи куҳан шукрона бояд кард.
Парешонмардумонро ҷамъ карду Анҷуман орост
Барои Сарвари ин Анҷуман шукрона бояд кард.
Муҳиддин ПАЙШАНБЕЗОДА, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа