Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик бузургтарин неъмат буда, дар рушди дониши сиёсии мардум ва ташаккули ҳувияти миллӣ заминаи босазое фароҳам овард. Мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шодию фараҳи беандоза ва ҳисси баланди шукргузорӣ аз сиёсати сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол мегиранд.
Ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро ба худшиносӣ, дарк намудани мазмун, моҳияти асолати инсонӣ, дар ин арсаи бархӯрди тамаддунҳо ва муборизаҳои иттилоотӣ оварда, ҳушдорамон кард, ки танҳо сулҳу субот, ҳувият, шинохт, ҳамраъйӣ, муттаҳидӣ метавонанд моро боз миёни миллатҳои ҷомеаи башарӣ ҳамчун миллати созанда, сулҳпарвар, башардӯст муаррифӣ бикунанд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ як рӯзи хотирмон буда, он на танҳо барои ба хотир овардани воқеаҳои муҳими таърихии кишварамон, балки таваҷҷуҳи тамоми шаҳрвандони мамлакатамонро ба аҳамияти ваҳдату иттиҳод равона менамояд.
Сарвари давлат дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд, ки ваҳдату ҳамбастагӣ ба сифати кафили пешрафти ҷомеа бояд пайгирона минбаъд низ ҳамчун мафкураи давлатӣ сармашқи фаъолияти кулли ниҳодҳои расмию ғайрирасмии ҷомеа эътироф карда шаванд. Кишвари азизу маҳбуб – Тоҷикистон аз файзу баракати ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанонамон то рафт таҳкиму густариш меёбад. Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз дошта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад.
Таърих гувоҳ аст. Ваҳдати миллӣ дар лаҳзаҳои душвори давлатдорӣ нақши муҳимро бозид. Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, нуқтаи ибтидоии барқарорсозии субот дар кишвар гардид. Ин санад на танҳо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хотима бахшид, балки асоси ҳуқуқии муттаҳидсозии ҷомеаро фароҳам овард.
Ш. Р. АМИРЗОДА, директори МДТ
“Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон”