ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ
Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишӣ
25-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Мармар Стоун”-ро ба истифода доданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хатти истеҳсолӣ ва имкониятҳои корхонаи истеҳсоли калсит шинос гашта, бо кормандон суҳбати самимӣ доир намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли калсит имконият дорад, дар як сол 40 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд.
Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият менамояд. Он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз он омода мегардад, бунёд ёфтааст.
Тибқи озмоишҳои гузаронидашуда ин ашёи хоми маҳаллӣ сифати баланд дошта, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Дар корхона партовҳои санги мармари коркардшуда низ истифода мегардад, яъне раванди истеҳсолот дар ин ҷо бе партов ба роҳ монда шудааст, ки яке аз бартариятҳои ин коргоҳ ба ҳисоб меравад.
Коргоҳ дорои чор хатти истеҳсолӣ буда, навъҳои гуногуни микрокалсит истеҳсол менамояд. Бо истифода аз технологияи муосир дар корхонаи навтаъсис истеҳсоли микрокалсити аз 2 то 500 микрон ба роҳ монда шуда, 40 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардид.
Микрокалсит дар саноат ба таври васеъ ба кор бурда шуда, дар истеҳсоли бештар аз 90 фоизи таҷҳизоту дастгоҳ, масолеҳи сохтмониву ашёи рӯзгор, техникаи гуногун ва маҳсулоти кимиёвӣ истифода мегардад. Аз ҷумла, бо истифодаи хокаи калсит дару тирезаҳои пластикӣ, лӯлаҳои гуногунқутр, тамоми навъи чархи нақлиёт, масолеҳи ороишӣ, хамираи дандоншӯӣ, коғаз ва рангубори хона истеҳсол мешавад. Аз ин лиҳоз, ин маҳсулот дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ серхаридор аст.
Корхонаи навбунёд имконият дорад, ки саноати Тоҷикистонро бо микрокалсити гуногунҳаҷм қонеъ созад. Дар баробари ин, истеҳсоли маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, дар бозор рақобатпазир мебошад.
Дар заминаи захираи маҳсулоти корхонаи нав масъулон кӯшиш доранд, ки дар марҳалаи дуюм истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии саноатиро ба роҳ монанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо амалӣ гардидани ҳадафи мазкур шумораи кормандони корхона аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ зиёд шуда, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронда мешаванд.
Маҳсулоти истеҳсолгардида бо истифода аз озмоишгоҳи муосире, ки дар назди корхона таъсис ёфт, аз санҷиш гузашта, бо стандартҳои ҷаҳонӣ ба харидорон пешниҳод мегардад.
Корхона дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат оид ба истифодаву коркарди захираҳои ғании табиии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, барои роҳандозии содироти маҳсулоти он ба дигар кишварҳо, таъмини эҳтиёҷоти соҳаи саноати кишвар бо микрокалсит ва ба роҳ мондани содироти он дастуру тавсияҳои муфид доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати корхонаи истеҳсоли калсит коргоҳҳои коркарди мармар ва сангҳои ороиширо мавриди истифода қарор дода, аз намоиши маҳсулоти ниҳоӣ дидан намуданд.
Бунёди корхонаҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сурат гирифта, ба истифода додани он ба рушди соҳаи саноат такони тоза мебахшад.
Коркарди ашёи хом ва то маҳсулоти ниҳоӣ расондани он аз масъалаҳои муҳим дониста мешавад. Бо инобати ин, ашёи хом ба корхонаҳои истеҳсолии ҶСП “Мармар Стоун” аз захираҳои табиии Тоҷикистон таъмин шуда, баъди коркарди пурра ба мизоҷон дастрас мегардад. Яъне бо рӯи даст гирифтани чунин иқдом, барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва иҷрои бандҳои Стратегияи рушди соҳаи саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қадамҳои устувору босамар гузошта мешавад.
Коргоҳҳои коркарди мармар ва сангҳои ороишӣ бо таҷҳизоти насли нави рақамӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ дар коргоҳҳо 10 ҳазор метри мукааб ва коркарди сангҳои мармар бошад, 160 ҳазор метри мукаабро дар як сол ташкил хоҳад дод.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаҳои ширкати “Мармар Стоун” ҳамчун пойгоҳи истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигарондашуда пешбинӣ гардида, барои қонеъсозии талаботи бозори дохилӣ низ нақши муассир дорад.
Қаблан санги истихроҷшуда аз ноҳияи Ванҷ ва дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе коркард ва бо харҷи зиёд барои коркард ба дигар корхонаҳои кишвар интиқол ёфта, сипас маҳсулоти тайёр ба хориҷ ва ба мизоҷони ватанӣ дастрас мешуд. Баробари ба фаъолият пардохтани корхонаҳои мазкур, кор дар ин самт осон гардида, маҳсулоти тайёр бо нархҳои дастрас пешкаши мизоҷон мешавад.
Барои ташкили инфрасохтори зарурӣ ва фароҳам овардани шароити кор аз ҷониби маъмурияти ин коргоҳҳои истеҳсолӣ, роҳи мошингарди кони Поймазор, аз роҳи асосӣ то деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ ва ба кони Даштак ҳамвор, васеъ ва барқарор шуда, роҳҳо то мавзеи корхона комилан навсозӣ гардид.
Бобати таъмин бо неруи барқ то мавзеи корхона, дар маҷмуъ, дар масофаи 27 километр хатти неруи барқ бо иқтидори 35 киловатт (кВт) кашида шудааст, ки дар баробари корхона, инчунин, сокинони чор деҳаи ноҳияи Ванҷ тавассути он бо барқ таъмин мешаванд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҷмааи корхонаҳои ширкати “Мармар Стоун” ба иқдоми ташаббускорон барои ҳамоҳангӣ ва иҷрои ҳадафҳои кишвар дар самти рушди соҳаи саноат, изҳори миннатдорӣ карда, истифодаи захираҳои дохилӣ – ашёи хоми мавҷударо ба манфиати кор арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки аз ҳисоби сарчашмаҳои худӣ давра ба давра талаботи дохилиро таъмин карда, барои боз ҳам беҳтарсозии сатҳи некуаҳволии мардум ҳиссагузорӣ намоянд.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти тайёри коргоҳҳо дидан карданд.
Дар коргоҳҳои ҶСП “Мармар Стоун” беш аз 20 намуди сангҳои табиӣ коркард шуда, маҳсулоти баландсифат истеҳсол мегардад. Лавҳаҳои мармарӣ, сангҳои хорои андозаашон гуногун, фаввораҳо, сутунчаҳои нақшин, панҷараҳои зина, зертахтаҳои тиреза, сутунҳо, армуғон ва дигар лавозимоти ороишӣ аз санг номгӯи маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳоро ташкил медиҳад, ки ҳамагӣ бо санъати волои миллӣ омода шудааст.
Сарвари давлат ба сифати маҳсулот ва тарҳу ҳаккокии онҳо таҳсин гуфта, ба масъулон баҳри зиёд намудани иқтидори истеҳсолии коргоҳҳо дастуру тавсияҳо доданд.
Дар навбати худ, масъулон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид ва дастгирии бахши хусусӣ изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ дар таъмини пешрафти кишвар ва амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор хоҳанд буд.
Роҳбарияти корхона бо роҳнамоии Сарвари давлат тасмим гирифтанд, ки дар оянда бо мақсади қонеъсозии талабот ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ дар заминаи корхона боз як коргоҳи дигар бо беш аз 60 ҷойи корӣ бунёд намоянд.
Ба истфода додани 7 муассисаи томактабӣ
25-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар ҶСП “Мармар Стоун” бо тариқи видеоӣ 7 муассисаи таълимии томактабӣ, ки дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ бунёд ёфт, ифтитоҳ намуданд.
Муассисаҳои таълимии томактабии навбунёд аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гашт.
Иҷрои корҳои сохтмонии муассисаҳои мазкур моҳҳои феврал – июни соли 2025 ҷараён гирифтааст. Мувофиқи маълумот, чор муассисаи таълимии томактабӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се муассисаи дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо бо тариқи ҳашар сохта шуданд.
Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ба мушкилоти фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот дар ин деҳаҳои дурдаст хотима мебахшад.
Муассисаҳои таълимии томактабӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ баён гардида буд, сохта шудааст.
Тадбири мазкур аз як тараф иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ ҳаст. Дар муассисаҳои томактабии навтаъсис 17 гурӯҳи таълимӣ амал намуда, машғулиятҳо ба ду забон: тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар деҳаҳои дурдаст, хусусан минтақаҳои кӯҳӣ, таъсис додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба истифода додани онҳоро туҳфаи арзанда ба кӯдакон маънидод карданд.
Қобили зикр аст, ки ҳоло дар ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 867 кӯдаки синни томактабӣ сабт шудааст, ки бо бунёди 7 муассисаи томактабӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 38 фоиз баробар мегардад. Аз ин бармеояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ ва муҳайёсозии инфрасохтор дар ин зинаи таълим ҳамеша даст ба кор аст ва натиҷаҳо низ дар ин раванд бороваранд. Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳими давлат дониста мешавад ва талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб ба воя расида, оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд.
Бунёди толори варзиш
25-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Убари Даргови деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ толори варзишро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар он барои ба машқу тамрин фаро гирифтани дӯстдорони варзиш шароити мусоид муҳайё шудааст. Масоҳати он 615 метри мураббаъро ташкил дода, аз толори асосӣ, тенниси рӯи миз, ҳуҷраҳои маъмурият, ивази либос ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Иқдоми бунёди иншоот идомаи мантиқии сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати кишвар унвон мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бобати рушди соҳаи варзиш ва амалинамоии барномаву стратегияҳои давлатӣ дар ин самт дар дигар минтақаҳои дурдасти ноҳия низ бунёди иншооти варзиш дар назар дошта шуда, ҳоло кор дар ин самт идома дорад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, қомат афрохтани иншооти соҳавиро дар таъмини инфрасохтор ва мукаммалсозии он муфид арзёбӣ карданд.
Бояд гуфт, ки саҳми варзишгарони ноҳия дар рушди соҳа ва муаррифии давлату миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ назррас аст. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо варзишгарон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Паҳлавонони ноҳия ба Сарвари давлат барои таъмини имконоти хуби машқу тамрин изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки ба василаи иштирок дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ барои муаррифии давлат ва рушди варзиш дар кишвар ҳиссаи муносиби худро хоҳанд гузошт. Ҳоло дар ноҳияи Ванҷ беш аз 40 иншоот, аз ҷумла толорҳои варзиши назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо наврасону ҷавонон ба риштаҳои гуногуни варзиш ҷалб шудаанд.
Ҳамасола варзишгарони ноҳия дар мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас ба Ватан бармегарданд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст.
Ифтитоҳи Парки саноатӣ
25-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ Парки саноатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Парки саноатӣ дар масоҳати 788 метри мураббаъ доман густурда, дар маҷмуъ, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро дар бар мегирад, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ равона шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, аз сехи истеҳсоли макарон ва бандубасти маҳсулоти лубиёӣ дидан карда, бо ҷараёни кор дар ин хати истеҳсолӣ шинос шуданд.
Коргоҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, рӯи даст гирифта шуда, дар он техникаю технологияҳои насли нав васлу насб гардидааст. Таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, неруи барқро кам истифода мекунанд.
Дар коргоҳи коркарди равғани чормағз ва меваи хушк низ истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз усулҳои муосир роҳандозӣ шуда, дар он 6 нафар бо кор таъмин гардид. Коргарон пеш аз оғози фаъолият аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд. Сехҳои истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ қисми дигари Парки саноатиро ташкил медиҳад, ки дар он мутахассисони касбӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои сомонёфта ва ташкили чунин корхонаҳо изҳори қаноат карда, ба масъулон барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҷойҳои нави кор дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Баробари ба фаъолият пардохтани Парки саноатӣ, дар маҷмуъ, 36 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мешавад.
Қобили зикр аст, ки ноҳияи Ванҷ дар ВМКБ аз минтақаҳои аграрӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи назаррас дорад. Ашёи хоми дар корхонаҳои Парки саноатӣ мавриди коркард қароргирифта, аз хоҷагиҳои деҳқонии маҳаллӣ дастрас мешаванд. Дар назар аст, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамчунин, маҳсулоти Парки саноатӣ ба хориҷа содирот шавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои ҳамоҳангӣ дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуда, ин амалро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Дар навбати худ, масъулони Парки саноатӣ ба Сарвари давлат барои дастгирии бахши хусусӣ ва таъмини имконоти хуби фаъолият миннатдорӣ намуданд.
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ
25-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷро натиҷагирӣ намуда, барои вусъати корҳои ободонӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинону соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ барои саҳми арзанда дар раванди ободиву пешрафти диёри худ изҳори сипос карданд.
Ба истифода додани қисми шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Чин
25-уми июн сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз идома ёфт.
Роҳи мошингарди қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшон аввалин, муҳимтарин ва бузургтарин иншоот буд, ки бо иштироки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба истифода супурдани роҳ бо кушодани нақби мошингузар дар фазои идона сурат гирифт.
Дарозии нақби мошингузар 3400 метр буда, бо баландии 6 метру 90 см ва паҳноии 8 метр бунёд ёфт. Иншоот бо ҷалби роҳсозони дохилу хориҷ бо риояи стандартҳои сатҳи баланд сохта шуда, қисми бештари маҳсулоти истифодашуда истеҳсоли Тоҷикистон аст. Масири қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшон роҳи аз ҳама душворгузар дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт ва талаботу хароҷоти таҷдиду навсозӣ ва нигоҳубини он бо гузашти ҳар сол бештар мешуд. Ин роҳ пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Тоҷикистонро бо кишвари Чин пайваст мекунад.
Бо назардошти он ки, ин шоҳроҳ аҳамияти иқтисодӣ ва байналмилалӣ дорад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2021 барои бунёду навсозии он санги асос гузоштанд. Тули ин қитъаи шоҳроҳ, ки ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷро убур мекунад, 109 километрро ташкил намуда, бунёди ду нақби мошингузар бо дарозии умумии 5200 метр, ин масофаро ба 92,5 км баробар намуд, ки аз масофаи қаблӣ 16,5 км кам аст. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки гузаштан аз ҳамин қитъаи роҳ дар гузашта чору ним-панҷ соат вақтро мегирифт. Ҳоло бошад, бо навшавии он ва бунёди ду нақб ин масофа камтар аз ду соат тай мешавад.
Зимни шиносоӣ бо корҳои иҷрошуда ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи сеюми техникии роҳҳо дохил шуда, паҳноии стандартии он ба 12 метр баробар аст.
Бунёди 15 пули мошнигузар бо дарозии 633 метр, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии 500 метр, 12 ҳазору 900 метри тулонӣ деворҳои оҳанӣ, бетонӣ ва сангӣ, инчунин 200 метр лӯлаҳои обгузари қутрашон гуногун ба лоиҳаи сохтмони роҳ дохил мешаванд. Босифат ва ҷавобгӯи талабот бунёд шудани иншооти мазкур хатари селу обхезӣ ва тармаву резиши сангро бартараф хоҳад кард. Ҳоло имкон аст, ки ҳаракат дар ин масир дар ҳамаи фасли сол бидуни эҳсоси хатар сурат гирад. Ҳолати хуби ин роҳ харҷи сӯзишвории автомобилҳоро сарфа менамояд. Чароғҳои роҳ, ки тавассути панелҳои офтобӣ дар ҳудуди 14 деҳаи ноҳияи Дарвоз равшан мешавад, шабонгаҳ намои дигаре дорад. Тадбири ободонӣ дар қисми шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Чин аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон дар заминаи талошҳои ҳамешагии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бо иштироки муҳандисону роҳсозони дорои таҷриба ва тахассуси баланд амалӣ шуд, ки аксари онҳо мутахассисони маҳаллӣ ҳастанд.
Пас аз боздид ва шиносоӣ бо сифати корҳои сохтмонӣ, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳандисону роҳсозонро дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, назаррас арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки омӯзиш ва таҷрибаи онҳо ояндаи наздик дар бунёди роҳи Хоруғ – Кулма – Чин ҳам истифода хоҳад шуд.
Ифтитоҳи Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ
25-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ, аз ҷумла бузи ширдеҳ, харгӯшпарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти шириро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Комплекси агросаноатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки инноватсионии саноатию технологии ноҳияи Дарвоз” дар масоҳати 0,5 гектар бунёд гардид. Арзиши лоиҳавии Комплекс 4,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, фермаи бузи ширдеҳро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки фермаи бузи ширдеҳ барои 140 сар пешбинӣ мешавад. Ҳоло дар ферма 92 сар бузи ширдеҳ аз Беларус ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд дастрас шуда, парвариш меёбад. Иқтидори ферма 72 тонна шир дар як сол ва истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ мебошад. Баробари ба фаъолият оғоз кардани он, 10 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардид. Фермаи бузи ширдеҳ бо таҷҳизоти технологии пешрафтаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз аст. Таҷҳизоти технологии обу ғизодиҳӣ, профилактика ва тарбияи бадани чорво, тозакунии иншоот ва таҷҳизоти ширҷӯшӣ истеҳсоли Италия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Ҳамзамон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Комплекс аз раванди парвариши харгӯш дидан намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар таркиби гӯшти харгӯш миқдори зиёди сафеда мавҷуд буда, он болаззат ва парҳезист. Ба ферма 100 харгӯши зоти фаронсавии «хикол» ворид гашт, ки он сернасл мебошад.
Роҳандозии харгӯшпарварӣ дар ин Комплекс дар доираи татбиқи Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 амалӣ шуда, барои таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ ва густариши ин соҳаи сердаромади кишоварзӣ замина мегузорад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ворид сохтани зотҳои нави сермаҳсули харгӯш, ба роҳ мондани технологияи интенсивии парвариши он ва зиёд кардани мӯинаи қиматбаҳои харгӯш дар кишвар дастуру супоришҳо доданд.
Дар ҳамин мавзеъ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди маҳсулоти шириро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ ашёи хомро аз фермаи бузи ширдеҳи Комплекси агросаноатӣ дастрас намуда, номгӯи зиёди маҳсулот ба монанди панир, ҷурғот, сметана, шир, қаймоқро бо риояи талаботи стандартӣ ва сифати баланд истеҳсол менамояд. Истеҳсоли панир аз шири буз дар асоси усулҳои итолиёвӣ ба роҳ монда шудааст. Тавре зикр гардид, аз нигоҳи илми тиб истеъмоли шири буз ва маҳсулоти ширӣ аз он ба организми инсон манфиатбахш мебошад.
Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ, аз ҷумла бузи ширдеҳ, харгӯшпарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави кор ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул, ки аз Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маншаъ мегирад, бунёд ёфта, баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати гӯштию ширӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза фаъолият менамояд.
Вохӯрӣ бо ятимон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд
25-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бо 100 ятим ва кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз вохӯрда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Тавре таъкид шуд, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори он ва таъмини зиндагии хубтару беҳтари ин қишри осебпазири ҷомеа тадбирҳои саривақтӣ амалӣ созанд. Зимни мулоқот ба ятимону нафарони дорои имконияти маҳдуд дастархони пурнозу неъмат ороста шуда, ба онҳо сарулибос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим шуд. Вохӯриҳои пайваста бо ятимони кулл ва шахсони имконияташон маҳдуд собит менамоянд, ки онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгирии доимии Сарвари давлат қарор доранд.
Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии ятимону маъюбон дар кишвар консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ қабул шуда, мавриди татбиқ қарор доранд ва барои марҳала ба марҳала муқаррар гардидани имтиёзҳо ва расондани кумакҳои иҷтимоӣ ба ятимону маъюбон заминаи мусоид фароҳам оварда мешаванд.
Зимни суҳбати самимӣ бо ин қишри осебпазири ҷомеа Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки Ҳукумати кишвар сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон, барои таълиму тарбияи хуб ва ба камол расидани онҳо ҳама шароитро муҳайё месозад.
Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар гардондани сатҳу сифати зиндагии маъюбон марказҳои тиббию иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, ки хизматрасониҳои онҳо дар пешравии зеҳнӣ, ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва фарҳангии шахсони имконияташон маҳдуд мусоидат намуда, ба таври шоиста ҳуқуқи онҳоро ба тандурустӣ, таҳсил, рушд ва тарбия таъмин мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимону маъюбони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз суҳбати самимӣ ороста, изҳор доштанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ худро бесаробон ҳис накарда, бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда илму дониш, кор бо технология, забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунар омӯзанд, то дар оянда барои халқу Ватани худ хизмат намуда, сазовори зиндагии шоиста гарданд.
Мулоқоти самимии имрӯзаро ин қишри ҷомеа натиҷаи ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар маънидод карда, таъкидҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо орзую нақшаҳои худ пайванд сохтанд.
Ифтитоҳи маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI”
25-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази замонавӣ дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) сохта шуда, ҳуҷраҳои хизматрасонии он бо таҷҳизоти муосири сохти ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таъмин мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси марказро барои рушди тиҷорати рақамӣ, омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.
Маркази “Darya AI” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шерзод Кабиров ва Азизҷон Азимӣ, раиси Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд ёфта, чор нафар мутахассиси маҳаллӣ, ки дар пешбурди ин низоми муосир таҷрибаи хуб доранд, бо кор таъмин шуданд.
Тавре таъкид гардид, стратегияи асосии марказ тавассути ҳисоббарории зеҳни сунъӣ бо арзиши то 8 маротиба баланд тадбил додани фурӯши неруи барқи истеҳсоли Тоҷикистон ба кишварҳои дуру наздик мебошад.
Марказ ҳашт сервери асосӣ дорад, ки арзиши ҳар кадоми он 40 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин намуди серверҳо дар сардӣ фаъолияти хубтар намуда, амалиёти иҷрошудаи ҳисоббарории зеҳни сунъӣ босуръат, бехато ва дар вақти кӯтоҳ бо натиҷаи қаноатбахш анҷом дода мешавад.
Ин тарзи хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи нав аст ва оянда муассисон нақша доранд, ки дар ҳамин ҷо бо дастрасии таҷҳизоту технологияи муосир сатҳи хизматрасониро дар низоми муосири зеҳни сунъӣ беҳтар ба роҳ монанд.
Ифтитоҳи хоҷагии моҳипарварии “Тоҷ-Корея”
25-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ-Корея”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати хоҷагӣ бо озмоишгоҳ зиёда аз 3 гектарро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он дар марҳалаи аввал истеҳсоли 200 тонна гушти моҳӣ дар як сол мебошад.
Дар марҳалаҳои баъдӣ шумораи коргарон, ки ҳоло 20 нафарро ташкил медиҳад, ба зиёда аз 100 нафар ва ҳаҷми истеҳсоли гушти моҳӣ солона то ба 1000 тонна расонда мешавад.
Ҳавзҳои моҳипарварии хоҷагии тозабунёд аз ҷиҳати сохт ва технологияи парвариш аз дигар ҳавзҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ фарқ дошта, дар Тоҷикистон таҷрибаи нав аст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хоҷагӣ бо ҷалби сармояи Корея ва Олмон таъсис ёфта, дар он ду намуди моҳӣ: «салмон» ва «кохо» парвариш меёбад.
Гӯшти ин намуди моҳиҳо дар ҷаҳон талаботи зиёд дорад ва бо назардошти ин, муассисон оянда нақша доранд, ки маҳсулотро дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамзамон, ба хориҷи кишвар низ содирот намоянд. Ҳавзҳои калони хоҷагӣ ҳоло наздики 100 ҳазор моҳӣ дорад.
Озмоишгоҳи хоҷагӣ бо навтарин таҷҳизоту технологияи истеҳсоли Ҷумҳурии Корея таъмин буда, раванди тухммонӣ ва вазнгирии моҳичаҳо тавассути 30 ҳавзи даврашакл идора мешавад.
Муддати тухммонӣ дар озмоишгоҳ аз 20 то 40 рӯз ва вазнгирии моҳӣ то 80 рӯзро дар бар мегирад. Яъне, тули қариб 3 моҳ моҳичаҳо аз 60 то 150 грамм вазн гирифта, ба ҳавзҳои калон интиқол меёбанд.
Тибқи нақша, оянда бо ворид шудани технологияи муосир дар шафати озмоишгоҳ моҳиҳои навъи «салмон» ва «кохо» дар шакли нав коркарду бандубаст шуда, ба фурӯш бароварда мешаванд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо шароити озмоишгоҳ, ба ташаббуси муассисон барои ташкили чунин иншооти замонавӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли ин намуди моҳиҳоро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд.
Ифтитоҳи комплекси сайёҳӣ дар ноҳияи Дарвоз
25-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки комплекси сайёҳӣ дар байни қаторкӯҳҳои деҳаи Зев, ки дарёву чашмаҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрор дорад, дар масоҳати зиёда аз 2 гектар сохта шудааст.
Комплекс тарҳи муосиру ҷавобгӯи талаботи стандарти байналмилалӣ дошта, дар як вақт имкон дорад, ба зиёда аз 100 ҷаҳонгард хизмат расонад.
Дар ин ҷо барои зиндагӣ ва фароғати сайёҳон, инчунин сайругашт, ташхису табобат ва машғул шудани онҳо ба камонварӣ ва дигар намуди бозиҳои шавқовари қадима, шароити замонавӣ фароҳам аст.
Дар комплекси сайёҳӣ 10 хонаи истиқоматӣ мавҷуд буда, бо таҷҳизоти солимгардонӣ таъмин мебошад; дастгоҳу таҷҳизоти дохили он бо ишора идора карда мешавад.
Ҳоло дар ин мавзеи туристӣ зиёда аз 40 сокини деҳаи Зев бо кор таъмин аст ва оянда бо вусъат ёфтани иншооти сайёҳӣ шумораи коргарон ба 100 нафар хоҳад расид.
Дар комлекси сайёҳӣ, ҳамчунин, бинои дуошёнаи ташхису табобат вуҷуд дорад, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, дар як вақт метавонад ба 50 нафар хизмат расонад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди инфрасохтори сайёҳӣ муҳим хонда, таъкид карданд, ки барои анҷоми хизматрасонии босифату сатҳи баланд ба сайёҳону меҳмонон ҷавонону мутахассисони кордону донандаи забонҳои хориҷӣ ҷалб шаванд.
Бунёди иншооти нави сайёҳӣ дар ин мавзеъ ба рушди соҳа, таъмини сокинон бо ҷойи кор ва беҳсозии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ замина гузошт. Тибқи маълумот, ҳоло дар ноҳияи Дарвоз 162 иншооти таърихиву сайёҳӣ ва хизматрасонӣ фаъолият дорад.
Дар шаш моҳи соли равон наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз дидан намуда, бунёди комплекси сайёҳии “ZEV.S” ба рушди ояндаи соҳа ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ замина мегузорад.
Боздид аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳӣ
25-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз, ҳамчунин, аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дидан намуданд.
Иншооти нави сайёҳӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гашт.
Дар ин мавзеи сайёҳӣ барои муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик намунаи 8 хонаи истиқоматӣ, осиёбҳои обиву бодӣ, ҷувоз ва дигар намуди суннату анъанаҳои мардумӣ, ки давраҳои гуногуни зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад, бунёд ёфтааст.
Дар деҳаи этнографӣ хонаҳои хурди бо лой ва чӯб сохташуда ба сайёҳон муаррифӣ мешавад.
Ба таъкиди таърихшиносон, беш аз 3 ҳазор сол пеш мардуми тоҷик, бахусус сокинони кӯҳистони Бадахшон, дар деҳот ҳамин гуна зиндагӣ мекарданд.
Дар ҳамин ҷо, ҳамзамон, аз ҷониби сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, Хатлон ва Суғд ҳунарҳои қадимаи мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ муаррифӣ шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сокинон таъкид намуданд, ки вазъи душвори замони муосир моро водор месозад, ки ба қадри оромии Ватан бирасем, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пос доштани фарҳангу таърихи пурғановат усутуворона қадам гузорем ва саҳми худро ҳамчун фарзандони содиқи диёр дар ободии кишварамон гузорем.
Дар деҳаи этнографӣ на танҳо хонаҳои қадимаи мардуми Бадахшон, балки иншооти муосир ҳам сохта шудааст, ки диққати сайёҳонро ба худ ҷалб месозад. Таҷҳизоти махсуси истеҳсоли гулоб, ки тавассути он аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон атриёт, шароб ва доруворӣ омода мешавад, муаррифӣ гардид.
Деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз боду ҳавои форам, чашмаҳои табобатӣ ва манзараҳои табиӣ дорад, ки диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб месозад.
Дар ин ҷо бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзи моҳипарварӣ, маркази баҳисобгирии зеҳни сунъӣ, комплекси сайёҳӣ, деҳаи этнографӣ ва дигар иншооти замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин муассисаҳо наздики 100 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардид.
Дар деҳаи этнографӣ аз ҷониби аҳли ҳунари ноҳия барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки муаррифгари таъриху фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон аст.
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз
25-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқот намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвозро давоми панҷ моҳи соли равон таҳлил намуда, иброз доштанд, ки мо зимни сафари кории навбатӣ ба ноҳия шоҳиди боз ҳам рушд ёфтани ин диёр гардидем.
Баъди суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун андешаҳои худро баён доштанд. Онҳо бо арзи эҳтирому самимият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи талошҳову ғамхориҳо нисбат ба мардуми шарафманди кишвар, таъмини сулҳу суботи сартосарӣ, беҳбуди сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва дастгирии ҷавонон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Аз ҷумла, собиқадори меҳнат Зуҳро Сулаймонова ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ҳамчун туҳфаи хотиравӣ тоқии миллӣ тақдим намуд. Модари хушбаён Зуҳро Сулаймонова эҳтироми худ ва мардуми Дарвозро нисбат ба раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки бо дастгирию пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Роҳбари давлат пойтахти кишвар шаҳри Душанберо ба макони дилфиреб, шаҳри сулҳу орзуҳо мубаддал гардондаанд, баён кард.