Ибораи «ваҳдати миллӣ» дар зеҳни мардуми Тоҷикистон ва нафароне, ки ба таърихи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон ошноанд, тасаввуроти гуногунро ба вуҷуд оварда, то ҳанӯз хотироти як давраи пурфоҷиаро аз пеши назарҳо мегузаронад. Аммо барои насли нав ва наслҳои минбаъда ин мафҳум бояд чи гуна шарҳ дода шавад ва то куҷо мафкураи ҷомеа омода аст, ваҳдати миллиро на ҳамчун як марҳалаи баъдиҷангӣ, балки ҳамчун омили таҳкими истиқлоли давлатӣ барои ҳамаи давру замонҳо қабул намояд?! Ба ин хотир, дар нигоштаи мазкур кӯшиш кардем, ки то андозае ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши фавқулода муҳим дар низоми давлатдорӣ, аз дигар паҳлуҳо низ баррасӣ карда, аҳамияти беназири онро барои ояндаи устувори кишвар баён намоем.
Нахуст, бояд қайд намоем, ки ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик на танҳо аҳамияти сиёсиву иҷтимоӣ, балки аҳамияти ҳаётӣ дошта, дар давраҳои гуногуни таърихӣ омили наҷотбахш ва сарчашмаи эҳёи дубораи ин халқи тамаддунофар гардидааст. Ин мафҳум муттаҳидии тамоми қишрҳои ҷомеаро бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ, устувории давлатдорӣ ва дар маҷмуъ, рушди кишвари соҳибистиқлоламон ифода мекунад.
Агар ба фарҳанги миллиамон назар андозем, дар тамоми марҳалаҳои таърихии он ваҳдат ҳамчун рамзи бақо ва устувории миллат буда, мафҳуми ваҳдати миллӣ дар заминаи эҳтиром ба фарқиятҳои гуногун миёни намояндагони он ҳамеша ба ҳайси омили муттаҳидсоз хизмат намудааст.
Истиқлолият ва суботи сиёсӣ бе ваҳдати миллӣ наметавонанд вуҷуд дошта бошанд, зеро ҷомеа наметавонад бо низоъҳо ва ҷудоии аъзои он устувор ва пешрафта бошад, балки ин ҳадаф танҳо тавассути ҳамдилӣ ва ваҳдати комил метавонад ба даст ояд. Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои маънавӣ ва иҷтимоиест, ки дар он эҳтиром ба инсон ва ҳуқуқи он, новобаста аз фарқиятҳои иҷтимоӣ, дар мадди аввал қарор дорад. Ин арзиш ба ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфта, ҷомеаро ба як маъвогаҳи сулҳу оромӣ табдил медиҳад, ки дар он арзишҳои умумибашарӣ ба ҳам меоянд.
Бо вуҷуди комёбиву пешрафтҳо дар муттаҳидии мардуми кишвар, бо тағйир ёфтани авзои сиёсии ҷаҳон ва таъсири ногузири он ба мафкураи ҷомеа, имрӯз ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо таҳдидҳои гуногун, ба мисли экстремизм, терроризм, таассубу хурофот ва бегонапарастӣ низ рӯ ба рӯ аст. Ин хатарҳо метавонанд боиси танишу ноамниҳо дар байни ҷомеа гарданд. Аз ин рӯ, аҳли ҷомеа бояд бо ҳамдастӣ ва ҳамдилии бештар бо дарки маърифати баланди сиёсиву фарҳангӣ ба муқобили ин таҳдидҳо мубориза баранд.
Дар моварои равандҳои ҷаҳонишавӣ, таҳаввулоти иҷтимоию сиёсӣ ва хатари аз байн рафтани кишварҳои соҳибистиқлол, мавзуи ваҳдати миллӣ ба як унсури тақдирсоз ва ҳаётан муҳим дар ташаккули давлат ва ҷомеа табдил ёфтааст. Айни замон, иртиботи байни миллатҳо бо суръати кайҳонӣ рушд карда, арзишҳои миллии ҳар кишвар бештар дар пайванд бо арзишҳои умумибашарӣ шакл гирифта истодаанд. Дар чунин шароит, ваҳдати миллӣ ҳамчун унсури ниҳоят муҳим барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ хизмат мекунад.
Бо гувоҳи таърих маҳз Ваҳдати миллӣ фазои мусоид фароҳам овард, ки арзишҳои давлатдории миллӣ ҳамчун нишонаи ҳастии миллат нигоҳ дошта шаванд. Ба шарофати ваҳдат насли ҷавон дар руҳияи ифтихору эҳтиром аз мероси гузаштагон ба воя расида, онҳоро ҳамчун қисми муҳими зиндагии худ қабул мекунад.
Зиёиён ҳамчун қишри баруманд ва маънавии ҷомеа дар ин раванд нақши муассир ва ҳалкунанда мебозанд. Онҳо на танҳо ба пешрафти илму фарҳанг ва маънавиёт мусоидат менамоянд, балки ҳамчун пайвандгари таърих, фарҳанг ва ҷомеа барои таҳкими ваҳдати миллӣ хизмат мекунанд. Фаромӯш набояд кард, ки вазифаи асосии зиёиён ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои маънавии миллат аст. Зиёиён бо таҳқиқ ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ, нигоҳдории забон, адабиёт ва санъати миллӣ ҷиҳати ташаккул ва рушди худшиносии миллӣ саҳми бузург мегузоранд. Дар ин раванд шароити беҳтарин барои таҳкими ваҳдати миллӣ бунёди муҳити солими фарҳангӣ ва маънавӣ мебошад, зеро фарҳанг омили муттаҳидсоз аст.
Кормандони воситаҳои ахбори омма, хусусан фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бо дарназардошти шароити муосири рушди техникаву технология дар шаклдиҳии мафкураи ҷомеа нақши муҳим доранд. Хеле хушҳолкунанда аст, ки зиёиёни мо пайваста аз тариқи воситаҳои ахбори оммаи расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносии ҷомеа талош меварзанд. Аз ҷумла, пас аз нашр шудани ду ҷилд китоби «Феҳристи бузургони тоҷик-форс» хонанда тавонист, ки дар онҳо ба чор забон, инчунин бо истифода аз QR-код ва сомонаи Wikipedia оид ба шахсияти ҳар яке аз бузургони илму адаб ва фарҳангу сиёсати тоҷику форс маълумот дарёфт намояд. Дар баробари ин, ба зиёиёни тоҷик зарур аст, ки оид ба шахсиятҳои мазкур пажӯҳишҳои илмӣ анҷом дода, бо нашри онҳо танҳо дар матбуоти даврӣ маҳдуд нагарданд ва маҳсули эҷодашонро тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ паҳн намоянд. Бо ин роҳ мо метавонем ҳисси худшиносии миллии аъзои ҷомеаро боло бурда, ваҳдати миллиро таҳким бахшем.
Дар ҷомеа гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ – кишоварзон, ҳунармандон, донишмандон, табақаҳои миёна ва дигарон бо нақши худ дар таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми муносиб дошта метавонанд. Ҳамкорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои якдигар барои таъмини як фазои муттаҳид ва осоишта муҳим аст. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Ваҳдати миллӣ наметавонад бе ҳисси масъулият ва ҳамкории тамоми қишрҳои ҷомеа ба даст ояд».
Имрӯз дар Тоҷикистон дину мазҳаб на фақат рукни маънавии ҷомеа, балки рукни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ мебошанд. Ҳамкории созанда байни дину мазҳабҳои мухталиф, аз ҷумла ислом, масеҳият ва дигар эътиқодҳо, инчунин, мазҳабу равияҳои муътадили дохили ин динҳо барои таҳкими ваҳдат ва пешгирии низоъҳои мазҳабӣ ҳамчун рукни муҳими суботи миллӣ арзёбӣ мегардад. Аз ҷониби дигар, тақвияти ҳама гуна шаклҳои маънавиёт ҳамчун роҳи таҳкими худшиносӣ ва эҳсоси масъулият ба рушди ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад. Арзишҳои миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми таърих ва фарҳанги куҳани худ аз ҷониби ҷомеа бояд ба шеваи васеъ тарғиб ва посдорӣ шаванд. Ин равиш на танҳо ба тағйири муносибатҳои иҷтимоӣ, балки ба таҳкими нуфузи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ низ мусоидат мекунад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ваҳдати миллӣ на танҳо рукни сиёсати дохилӣ, балки пояи сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ мебошад. Аз ин ҷост, ки бо эҳё ва таҳкими ваҳдат Тоҷикистон тавонист сиёсати хориҷиро дар тамоми самтҳо устувор ва бомуваффақият пеш барад.
Вобаста ба ин, зарур медонем, ки ба ду ҷанбаи муҳими масъала – робитаҳои сулҳдӯстона бо кишварҳои ҳамсоя ва нақши ваҳдат дар барқарорсозии нуфуз ва обрӯи байналмилалии Тоҷикистон бо овардани чанд намунае мушаххас назар кунем.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рукни асосии суботи дохилӣ барои Тоҷикистон шароити устувор ҷиҳати таъсир гузоштан ба таъмини амнияти минтақа фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи стратегӣ ва геополитикии Осиёи Марказӣ қарор дорад, бо кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекистон, Қирғизистон, Чин, Афғонистон марзи тулонии муштарак дорад. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои 1992-1997 амният ва суботи кишварро хароб намуда ҳатто таҳдиди таҷдиди ҷанг ва ноустувориро дар минтақа ба вуҷуд оварда буд. Аммо таъмини низому суботи дохилӣ ва таҳкими ваҳдат барои рушди равобити ҳамсоягӣ мусоидат карда, Тоҷикистон тавонист бо кишварҳои ҳамҷавор муносиботи сулҳдӯстонаро барқарор намояд. Инчунин, пас аз расидан ба ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тадриҷан қариб бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон муносибати дипломатӣ барқарор намуд, ки ин аз як тараф, ба боло рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ боис гашт ва аз сӯи дигар, ба рушди иқтисодии кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат намуд.
Ваҳдати миллӣ дар якҷоягӣ бо сиёсати муваффақи дипломатӣ сабаб шуд, ки Тоҷикистон дар созмонҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеи хоси худро пайдо кунад. Масалан, Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ мебошад. Кишвари мо дар ин ҷода тавонист, дар муддати хеле кӯтоҳ аз як кишвари аъзои қаторӣ дар созмонҳои ҷаҳонӣ ба кишвари ташаббускор табдил ёбад. Ин нуфуз дар баробари рушду густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои гуногун дар ҷаҳон, инчунин, барои Тоҷикистон имкони дастёбӣ ба сармоягузорӣ, технология ва мутахассисони навро фароҳам овард.
Дар ин росто бояд таъкид намуд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ноустувории солҳои аввали истиқлолият обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш дода буданд. Ваҳдати миллӣ ва сиёсати сулҳпарварона имкон дод, ки Тоҷикистон обрӯ ва эътимоди худро барқарор кунад. Ин амал дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун нишонаи кӯшишҳои бузурги давлат ва ҷомеа барои ба даст овардани субот ва рушди устувор пазируфта шуд.
Дар замони муосир, идеологияҳои ифротгароёна ва гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бахусус, дар кишвари мо ин таҳдидҳо дар шаклҳои гуногун эҳсос мешаванд. Қувваҳои ифротӣ бо истифода аз ноогоҳии баъзе гурӯҳҳои ҷомеа, махсусан ҷавонон, талош мекунанд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеаро халалдор кунанд.
Экстремизм ва терроризм на танҳо ба амнияту суботи дохилӣ таҳдид мекунад, балки барои амалисозии манфиатҳои баъзе давлатҳои минтақа хизмат карда, фаротар аз он, воситаи таҳриккунандаи мушкилот ва низоъҳо мегарданд. Ин гуна таҳдидҳо бар зидди арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавии тоҷикон равона шудаанд ва метавонанд ба парокандагии иҷтимоӣ ва нобудшавии пояҳои ваҳдат оварда расонанд. Ҳамчунин, таҳдидҳои хориҷӣ, ки тавассути дахолати мустақим ё ғайримустақим дар умури дохилии кишвар амалӣ мешаванд, метавонанд боис ба эҷоди мушкил дар ваҳдати сартосарии мардум ва заиф гардидани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гарданд. Аз ин рӯ, омодагӣ ва муқовимат ба чунин таҳдидҳо бо истифода аз механизмҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ як амри зарурӣ аст.
Маърифати сиёсӣ ва фарҳангӣ заминаи асосии фаҳмиши воқеии ваҳдати миллӣ ва ё гузаштан ба ҳамдигарфаҳмии иҷтимоӣ мебошад. Бе маърифати сиёсӣ ва фарҳанги қавӣ ҷомеа осебпазир ва таҳти таъсири гурӯҳҳои экстремистӣ ва ақидатӣ қарор мегирад. Барои пешгирӣ аз чунин натиҷаҳои ногувор моро мебояд ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ диҳем:
1. Тарғиби дониш ва огоҳсозии сиёсӣ: ҷомеа бояд дарк кунад, ки ваҳдати миллӣ на танҳо пояи амнияти кишвар, балки омили рушди иқтисод ва бақои таърихии миллат аст. Дар ин самт роҳандозии корҳои ташвиқу тарғиботӣ байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, бо истифодаи васеъ аз воситаҳои ахбори омма, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ, бояд тақвият ёбад.
2. Рушди фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллии умумӣ: маънавиёт ва фарҳанг яке аз рукнҳои асосии ваҳдат мебошанд. Ҳифзи забон, адабиёт, анъанаҳо ва фарҳанги миллӣ бояд ба ҳайси омилҳои ваҳдатофар қадр карда шаванд. Фаъолияти зиёиён, эҷодкорон ва аҳли фарҳанг бояд барои нигоҳ доштани ин арзишҳо тақвият ёбад. Аз ҷумла, зимни вохӯрии гурӯҳҳои корӣ дар деҳаву маҳалҳо зарур аст, ки намояндагони бахшу шуъбаҳои фарҳанг ҳангоми ҳунарнамоӣ, муаррифии китоби нави адибе ё шеъри тозаэҷоди шоире ва монанди инҳо ҳатман арзишҳои миллиро тарғибу ташвиқ созанд.
3. Фаҳмондадиҳӣ ва муқовимат ба ақидаҳои ифротӣ: ҷомеа бояд бо ҳушёрӣ ва дониши сиёсӣ бо ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ, иғвоангез ва таблиғоти зидди давлат муқобилият кунад. Ба аҳли ҷомеа бояд фаҳмонда шавад, ки чунин ҳаракатҳо ба нобудшавии ваҳдат ва осеби ҷамъият оварда мерасонанд.
4. Ҳамкории ҷомеа ва мақомоти давлатӣ: ҳамкории судманд байни аҳли ҷомеа ва мақомот асоси таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Танҳо тавассути ҳамкорӣ ва эҳтироми якдигар метавон таҳдидҳоро ба таври муассир пешгирӣ кард. Имрӯзҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа дар таҳкими ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд.
5. Ташаккули механизми муошират ва мубодилаи назарҳо бо аҳли ҷомеа: механизмҳои доимии муколама байни гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби намояндагони ниҳодҳои мушаххаси иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар, аллакай, таҳия гардида, дар асоси нақшаҳои муайян дар як сол ду бор бо сокинони деҳаву маҳалҳо, омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон, инчунин, бо иштирокчиёни фаъоли иттиҳодияҳои динӣ вохӯриву суҳбатҳои фарогир ташкил карда мешаванд. Дар ин раванд на танҳо ба мардум моҳияти масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ фаҳмонда мешавад, балки масъулон аз масъалаҳои мубрами ҷомеа огоҳ шуда, сари вақт чораандешӣ мекунанд.
6. Мубориза бо ҷараёнҳои ифротӣ ва иғвогар: ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеа барои шинохт ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ, таблиғоти иғвогарона ва фаъолияти зидди ваҳдат муҳим мебошад. Мақомоти мазкур дар доираи барномаву стратегияҳои давлатӣ, хусусан стратегияҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирӣ аз коррупсия, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва монанди инҳо, метавонанд бо гузарондани чорабиниҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ дар ин самт саҳм гузоранд.
Хулоса, дар се даҳсолаи охир ваҳдати миллӣ ба давлатдории навини тоҷикон заминаи устувор гузошта, барои рушду пешрафти ҷомеа мусоидат намуд. Баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳамкории мунтазами ҷомеа ва мақомоти давлатӣ, мубориза бо таҳдидҳои экстремистӣ ва идеологӣ танҳо тавассути ҳамоҳангии ҳама гуна қишрҳо ва созмонҳои ҷомеа имконпазир мебошад. Аз ин рӯ, дар ояндаи дуру наздик ҳам мардуми аз ҳар ҷиҳат худогоҳу ташаккулёфта ҳамчун қувваи асосӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши калидӣ хоҳанд дошт.
Боварию эътимоди комил дорем, ки минбаъд низ тавассути ҷалби пурра ва мутамаркази аҳли ҷомеа метавон ба ҳифзи ваҳдати миллӣ, таъмини субот ва рушди устувори Тоҷикистон ноил шуд ва ба ояндаи дурахшон устуворона қадам гузошт.
Абдулло РАҲМОНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа