Баргашт Чоп кардан

ДУШАНБЕ. ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ НАССОҶӢ

Дар нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ, ки 8-10-уми июли соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ҳайатҳои беш аз 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла намояндаҳои ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, корпуси дипломатӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, институтҳои молиявӣ, истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳони маҳсулот ва таҷҳизоти нассоҷӣ давъат шудаанд. Дар назар аст, ки дар он беш аз 200 коршиноси байналмилалӣ, 50 ширкати истеҳсолӣ, 25 ҳайати ҳукуматӣ ва зиёда аз 100 соҳибкори ватанӣ иштирок намоянд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ мусоидат ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, баргузории муколама байни давлатҳо, соҳибкорию илм, инчунин, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун маркази ояндадори истеҳсолоти нассоҷӣ ва инноватсия мебошад.
Дар ин бора зимни вохӯрие, ки дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба омодагӣ ба ин чорабинӣ доир гардид, маълумот доданд.
Зикр шуд, ки нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ташаббусҳои афзалиятноки давлатӣ ва сиёсати стратегӣ, ки ба рушди ҳамаҷониба, навсозии саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ бо назардошти принсипҳои рушди устувор нигаронда шудааст, гузаронда мешавад.
Дар Форум ба масъалаҳои ҳамгироии саноатӣ, ташкили кластерҳои нассоҷӣ ва тавсеаи шарикии байналмилалӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Интизор меравад, ки дар доираи Форум ҷаласаҳои пленарӣ, муҳокимаҳои панелӣ, намоишгоҳи махсуси таҷҳизот, намоиши маҳсулоти саноати сабук, вохӯриҳои корӣ дар форматҳои В2В ва G2В гузаронда шуда, масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ матраҳ мегарданд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”