Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27-уми июн ҷашн гирифта мешавад, дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи ҳамгироии миллӣ, иттиҳод ва сулҳу субот сабт шудааст. Ин санаи муҳими таърихӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамчун рӯзи пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, наҷот аз вартаи нобудӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон арзиши гаронмоя дорад.
Имрӯз, ки Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди иқтисодию иҷтимоӣ қарор дорад, нигоҳи хирадмандона ба масъалаи ваҳдат аҳамияти бештар аз пештар касб мекунад. Ваҳдат танҳо як падидаи сиёсӣ нест, балки заминаи устувори рушди давлатдорӣ, сармоягузорӣ, амният, фазои ором, роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ ва, муҳимтар аз ҳама, атрофи арзишҳо ва идеяи миллӣ муттаҳид намудани ҷомеа маҳсуб мешавад.
Маҳз ваҳдат буд, ки имкон дод, Тоҷикистон аз кишвари ҷангзада ба давлати рӯ ба рушд табдил ёбад. Бунёди неругоҳҳои барқӣ, роҳу пулҳои стратегӣ, мактабу донишгоҳҳо, муассисаҳои фарҳангиву варзишӣ, корхонаҳои саноатӣ ва тамоми инфрасохтори муҳими кишвар маҳсули заҳмати мардуми шариф ва сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати кишвар мебошад, ки он ба шарофати ваҳдати миллӣ фароҳам омадааст.
Яке аз вазифаҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шароити муосир тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад. Мо бояд насли ҷавонро бо таърихи ваҳдати миллӣ шинос намоем, то онҳо арзиши сулҳу суботро дарк карда, дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳмгузор бошанд. Агар мо хоҳем, ки сулҳ, амният ва ваҳдати миллӣ пойдор бимонанд, бояд ин наслро дар руҳияи ваҳдати миллӣ тарбия намоем.
Бо ин мақсад, дар Барномаи созандаи ҲХДТ мавқеи ваҳдатгароӣ ва ғояи муҳаббат ба Ватан ҳамчун меҳвари асосии фаъолияти сиёсӣ қарор дорад. Бо ибтикори кумитаҳои иҷроияи Ҳизб дар шаҳру навоҳии кишвар, ҳамасола садҳо мулоқоту ҳамоишҳо, аксияҳо ва форумҳои ҷавонон таҳти шиори ваҳдату ҳамгироӣ доир мегарданд. Ин ҳама талошҳо ба он равона гардидаанд, ки руҳияи ҳамзистӣ ва худшиносии миллӣ дар зеҳни ҳар як фарди ҷомеа, махсусан насли наврас, ҷойгоҳи арзишманд дошта бошад.
Бештари барномаҳои тарбиявии Ҳизб ба баланд бардоштани сатҳи шуури сиёсии шаҳрвандон, таҳкими арзишҳои волои миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва пос доштани сулҳу субот нигаронда шудаанд. Аз ин лиҳоз, Ҳизб барои таблиғи арзишҳои ваҳдати миллӣ минбари боэътимоде эътироф шудааст.
Мояи ифтихор аст, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси муаззами худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун қувваи боэътимоди сиёсӣ, пуштибони воқеии манфиатҳои мардум ва кафили суботу пешрафти давлат шинохта шудааст.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар оянда низ ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлат ва мардуми шарафманди тоҷик бо иродаи устувор, сиёсати созанда ва хизмат ба миллат дар хатти аввал қарор хоҳад дошт. Пешбурди идеяҳои ваҳдат, худшиносии миллӣ ва суботи ҷомеа аз вазифаҳои муқаддаси мо буда, онро бо дилу нияти соф иҷро хоҳем кард.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд, ҳамеша таъкид мекунанд: "Ваҳдати миллӣ неъмати азизу муқаддас аст, ки онро бояд ҳамчун гавҳари ноёб эҳтиёт ва ҳифз намоем". Ин сухан дастур ва ҳушдор барои насли имрӯз ва оянда аст.
Таърихи башар собит кардааст, ки танҳо миллатҳое ба истиқлоли ҳақиқӣ ва пешрафти воқеӣ мерасанд, ки миёни шаҳрвандонаш ҳамдилӣ, иттиҳод ва ваҳдати воқеӣ ҳукмфармо бошад. Тоҷикистон, ки дар остонаи марҳалаи нави рушд қарор дорад, беш аз ҳарвақта ба ин неъмати бебаҳо – ваҳдати миллӣ ниёзманд аст. Пас биёед, ин неъмати бебаҳои миллӣ – ваҳдатро бо тамоми ҳастии худ ҳифз кунем, зеро ояндаи миллат, рушду пешравии кишвар аз ваҳдат ва ҳамгироии ҳар фарди солимфикри ҷомеа вобаста аст.
Мирзоқосим КАРИМЗОДА,
муовини раиси Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон