Баргашт Чоп кардан

28 СОЛ. АЗ НАҶОТИ МИЛЛАТ ТО ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад: дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид; мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар ҳақиқат, дарахте, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки мардуми Тоҷикистон аз он бо фараҳмандӣ истифода мебарад.
Бешубҳа, ваҳдат беҳтарин неъмат, таҳкими давлат ва наҷоти миллат дар ҳар давру замон аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Дар сурати пойдории ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум беҳтар мегардад ва кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд.
Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Бинобар ин, ваҳдати миллиро метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди сулҳу ваҳдат чунин фармудаанд: «Сулҳ, ваҳдат ва истиқлолият заминаи асосии рушди давлату миллат аст».
Сулҳ вазъест, ки дар он мардум, кишвар ё ҷаҳон аз ҷанг, низоъ ва хушунат озод аст. Сулҳ ба мардум имконият медиҳад, ки дар муҳити амну осуда зиндагӣ, таҳсил, кор ва инкишоф ёбанд. Нақши сулҳ дар зиндагӣ чунин мафҳумро фарогир аст:
1. «Оромии ҷомеа» – бе сулҳ давлат ва ҷомеа рушд намекунад.
2. «Пешрафти иқтисод» – ҷанг иқтисодро вайрон мекунад, сулҳ бошад, имконияти кор, сармоягузорӣ ва сохтмонро фароҳам меорад.
3. «Таҳсил ва фарҳанг» – дар фазои сулҳ мактабҳо, донишгоҳҳо, театрҳо ва китобхонаҳо фаъолияташонро озодона пеш мебаранд.
4. «Тараққиёти илм» – илм ва технология танҳо дар муҳити сулҳомез рушд мекунад.
5. «Ҳифзи арзишҳои инсонӣ» – сулҳ ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи инсонро ҳифз мекунад.
Хулоса, сулҳу ваҳдат асоси ҳама чиз аст: озодӣ, рушд, зиндагии осуда, оромии модарону кӯдакон ва муҳаббати байни одамон. Ҳар як инсон бояд сулҳу ваҳдатро қадр кунад, онро ҳифз намояд ва барои густариши он саҳм бигирад.
Афзалшоҳ ХОЛМУРОДОВ,
мудири кафедраи фанҳои биологии
МДТ «Коллеҷи тиббии н. Ёвон»