Ҳамон тавре таъкид мешавад, ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши олӣ ва пойдевори суботу амният дар рушди давлатдории навини тоҷикон нақши тақдирсоз дорад. Ҳоло ваҳдати миллӣ ва амнияти кишвар ҳамчун ду рукни ҷудонашавандаи ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ эътироф мегарданд. Вобаста ба ин мавзуъ Саидҳомид Шарифзода, сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро чунин баён дошт:
– Воқеан, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол ба сол вазъи сиёсии ҷаҳон мураккаб ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба чолишҳои нав ба нав рӯ ба рӯ мегардад. Бахусус, дар панҷ соли охир шумораи низоъҳои мусаллаҳона ду баробар афзоиш ёфт. Дар ин замина, агар соли 2020 теъдоди низоъҳои мусаллаҳона дар дунё 104 ҳазорро ташкил медод, ин омор дар соли 2024 ба 200 ҳазор баробар гардидааст. Дар робита ба масъалаи мазкур, танҳо соли 2024 бар асари низоъҳои мусаллаҳона 233 ҳазор нафар ҷон бохт. Дар заминаи ҷангу низоъҳо миллионҳо нафар аз аҳолии кишварҳои ҷангзада бо сабаби ноамнӣ ва бесуботӣ хонаю кошонаи худро тарк намуда, сарсону саргардон гардиданд. Пас маълум мешавад, ки дарки моҳияти ваҳдат, сулҳи пойдор ва таъмини суботи сиёсӣ барои ҳар як шаҳрванди ҷомеа аз ҳар замони дигар зарур шуморида мешавад. Моҳияти ваҳдати миллӣ барои мо тоҷикон пеш, аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки он омили муҳими ҳифз ва таҳкими истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад. Аҳамияти имзои санади муҳиму тақдирсоз барои кишварамон, яъне Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, ки ҳанӯз 27-уми июни соли 1997 ба имзо расида буд, беандоза муҳим аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақши ҳаётан муҳими ин санад зимни паёми табрикиашон ба муносибати сеюмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ (26-уми июни соли 2000) чунин баён доштанд: “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт...”.
Воқеан, бояд гуфт, ки нақши давлату миллати тоҷик на танҳо дар таъмини амнияти миллӣ, балки минтақавию байналмилалӣ низ ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар таъмини амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ эътироф гардидааст. Ташаккули “Раванди Душанбе дар мубориза бо терроризм” ба сифати майдони муҳими таҳлилу баррасии масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидати ҷиддӣ менамояд. Эътирофи раванди мазкур бевосита талоши хастанопазири Сарвари давлат ба ҳисоб рафта, эътибори ҷаҳонӣ касб намудааст.
Бо назардошти он ки Тоҷикистони азизи мо ҳамчун кишвари сулҳҷӯю сулҳофар дар сатҳи ҷаҳонӣ мақому манзалати хосса касб намудааст, аз ману мо тақозо мегардад, ки дар ҳама ҳолат бояд сулҳро пеша кунему кишварро аз ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ дур созем. Ваҳдати миллӣ кафолати асосии амнияти кишвар ва заминаи муҳими рушди ҳар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар вазъияте, ки даргириҳои марговар дунёро фаро гирифтан дорад, барои мо ифтихори бузург аст, ки зери сиёсати Сарвари давлатамон ҳамчун кишвари сулҳпарвару амн ном баровардаем. Ин муъҷизаро набояд нодида гирифт!
Басона САТТОРЗОДА,
“Ҷумҳурият”