Баргашт Чоп кардан

ДАСТОВАРДИ ТАЪРИХӢ

Ваҳдати миллӣ дастоварди таърихии халқи тоҷик буда, фарҳанги баланди сулҳҷӯии халқи моро таҷассум менамояд. Бо гузашти солҳо арзиш ва аҳамияти ин дастовард меафзояд, зеро ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ба сифати пуштибони боэътимод ва ҳимоятгари воқеии истиқлоли давлатӣ, созгории миллӣ, тамомияти арзии мамлакат баромад менамояд. Ба шарофати ин дастовард ва руҳияи пойдор, халқи тоҷик тавонист ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангии кишвар ноил гардад.
Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ вазъ дар кишвар мураккаб буд. Тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба буҳрон гирифтор шуда буданд. Бинобар ин, барои баромадан аз вазъияти душвор ва хатарнок муносибати оқилонаву дурбинона зарур буд. Хушбахтона, сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии халқи тоҷик тавонистанд давлати миллӣ, мавҷудияти миллат, забон ва фарҳанги миллиро ҳифз намоянд. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар натиҷаи меҳнати фидокорона ва пурмашаққати тамоми халқ ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагӣ ба даст оварда шуд, ки ба рушду таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат намуд. Имрӯз дар кишвар барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили таъмини амнияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат шароити мусоиди рушд фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус ҷавонон ва насли наврас бояд донанд, ки Пешвои миллат бо қимати ҷони худ аз нобудшавии давлати мустақили миллии тоҷикон ҷилавгирӣ намуда, миллатро аз ҷудоиву парокандагӣ, давлатро аз сепорчагӣ наҷот доданд. Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки ваҳдати миллиро ҳифз намоем, ба қадри неъматҳои он расем, насли наврасу ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, арзишҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ тарбия намоем.
Пас аз имзои санади тақдирсоз дар бораи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ 27-уми июни соли 1997 дар кишвар бисёр тағйиротҳои мусбат ба амал омаданд. Вақт як ҷо намеистад ва ҷомеаи мо босуръат рушд мекунад.
Дар ин давраи муҳими таърихӣ сохти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимият барқарор карда шуданд, сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар таъмин ва пойбарҷо шуд. Дар ин замина, давлати миллӣ, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ташаккул ёфт. Эҳёи анъана ва фарҳанги миллии тоҷик, эътирофи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳанги мардуми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ сурат гирифт. Тавре маълум аст, маҳз пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар ҷумҳурӣ вазъи иқтисодӣ ба эътидол омада, аз соли 2000-ум марҳалаи сифатан нави рушд оғоз гардид. Сохтмони инфрасохтори энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳҳо ва нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, зеристгоҳҳои барқӣ – ҳамаи ин самараи пурфайзи ваҳдати миллӣ мебошанд.
Имрӯз халқи тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳимоя аз ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ устуворона сӯи ҳадафҳои олии худ қадам мегузорад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ барои расидан ба ояндаи боз ҳам беҳтару дурахшонтар чун манбаи илҳому неру мусоидат хоҳад кард.
Саврия ВАЛИЕВА,
ёрдамчии судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон