Дар таърихи ҳар як миллат ва давлат ҳастии артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо ҳамчун кафили амният ва ҳифзи сарҳад, балки ҳамчун пояи устувори ваҳдати миллӣ ва якпорчагии ҷомеа мавқеи хосса дорад.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ нақши Артиши миллии кишвар дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва пойдории давлатдорӣ басо назаррас ва сарнавиштсоз мебошад. Артиши миллӣ на танҳо муҳофизи марзу буми кишвар, балки мактаби ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ҷасорату мардонагӣ ва таҳкимбахши якпорчагии ҷомеа мебошад.
Пас аз нооромиҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ки Тоҷикистонро ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашид, эҳёи ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии сохторҳои давлатӣ вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарияти кишвар гардид. Дар ин раванд, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз иқдомҳои сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.
Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ, Артиши миллӣ ҳамчун сутуни боэътимоди давлатдорӣ дар таҳкими суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу созиш саҳми бевосита гузошт. Маҳз бо садоқатмандии афсарону сарбозон мардуми шарифи Тоҷикистон тавонист дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ қадамҳои устувор гузорад.
Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар шароите таҷлил менамоянд, ки авзои сиёсии ҷаҳон ноором аст. Вале мо хушбахтем, ки дар партави сиёсати оқилонаи Сарвари давлат фазои амну осоишта дар кишвар ҳукмфармост.
Ба ҳар сурат, дар ин давру замон расидан ба қадри ҳар як дастоварди миллат аз ҳар як сокини кишвар масъулияти баландро тақозо менамояд. Маҳз ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҳисси баланди ватандӯстӣ, ягонагии миллӣ ва зиракии сиёсӣ дар байни ҷавонон нақши муассир мебозад.
Бо назардошти муҳимияти ваҳдати миллӣ барои ҷомеа ва ҳифзу гиромӣ доштани он, бедор намудани ҳисси меҳанпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, дар миёни сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби ҷасорату мардонагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста омӯзонда мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ намояндагони тамоми минтақаҳо ва қавмҳои сокини Тоҷикистон бо як ният – ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ якҷо хизмат мекунанд. Ин ҳамбастагӣ худ намунаи равшани ваҳдати воқеии миллӣ аст, ки дар амал татбиқ мешавад. Ҷавонони зиёд, ки имрӯз ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, бо эҳсоси баланди масъулият дар назди миллат ва давлат хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меоранд.
Барномаҳои тарбиявӣ, баргузории машғулиятҳои маърифатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва мулоқотҳои пайваста бо Пешвои миллат, ҳамаи ин муҳити солими маънавӣ ва сиёсиро дар дохили артиш таъмин менамояд, ки худ омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: «Артиши миллӣ бояд на танҳо қудрати ҳарбӣ, балки рамзи ваҳдат ва ифтихори миллӣ бошад». Ҳамин сиёсати хирадмандона аст, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як ниҳоди устувор, боқудрат ва дорои эҳтироми баланди мардумӣ табдил ёфтааст.
Маврид ба зикри хос аст, ки Артиши миллии Тоҷикистон, дар баробари муҳофизати истиқлолият, субот ва ягонагии кишвар, ҳамзамон, як мактаби тарбияи кадрҳои ватандӯст, худшинос ва ваҳдатофар низ ба шумор меравад. Ҳамкории зичи он бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таваҷҷуҳи хоса ба тарбияи насли ҷавон ва омодагии ҳамешагӣ барои дифои арзишҳои миллӣ, ба таҳкими бештари ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба рушд ва тақвияти Артиши миллӣ, эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбӣ ва шинохти нақши онҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ салоҳи кор дониста мешавад, зеро бе амният ва оромӣ ваҳдат намешукуфад ва бе артиши қавӣ амният таъмин намешавад.
Мо бояд аз хизматҳои шабонарӯзии ҳар як сарбозу афсари Артиши миллӣ ифтихор намоем ва барои рушди бештару беҳтари он, ҳамчун як рукни муҳими давлатдорӣ ва ваҳдатофар, ҳамеша кӯшиш намуда, дастгирӣ кунем.
Бигзор мурғи бахту саодат ва ваҳдат дар фазои кишвари азизу маҳбуби мо – Тоҷикистони биҳиштосо, ҷовидона парафшонӣ кунад ва мардуми сарбаланди тоҷик бар сӯйи ободиву пешрафти бештар бо қадамҳои устувор ба пеш раванд.
Эмомалӣ СОБИРЗОДА,
вазири мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-лейтенант