Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ
Боздид аз замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Додихудо Додихудоев
26-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон бо рафти парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Додихудо Додихудоев шинос шуданд.
Тавре аён гардид, оилаи Додихудоевҳо чор садяк қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ихтиёр дошта, онро самаранок истифода мебаранд. Хусусан, пас аз дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ аъзои ин оила, чун дигар мардуми кишвар, корро дар самти парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дар замини наздиҳавлигӣ ҷоннок карда, аз он ҳосили хуб ба даст меоранд. Ҳоло дар замини наздиҳавлигии оилаи Додихудо картошка, қаланфури булғориву помидор, бодиринг, карам ва дигар намуди зироат нашъунамои хуб дошта, ба ин васила, онҳо эҳтиёҷоти оилаи худро бо маҳсулоти худӣ қонеъ месозанд.
Аъзои оила ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки ҳамасола аз замини худ то 800 килограмм картошка ҷамъ оварда, дар тамоми фасли сол аҳли оилаву хешовандонро бо он таъмин менамоянд. Ҳамчунин, бо истифода аз меъёрҳои агротехникӣ аъзои оила аз замини наздиҳавлигӣ ҳосили хуби дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзиро ба даст меоранд. Онҳо дар самти парвариши дарахтони мевадиҳанда низ таҷрибаи хуб дошта, бо истифода аз обу хоки ҳосилхез дар ҳавлиашон олучаву гелос, зардолу, себ ва навъҳои гуногуни нок шинонданд, ки дарахтони онҳо ҳосили хуб доранд. Бахусус, дар ҳавлии хоҷагӣ навъҳои гуногуни себ пурбор буда, ба иттилои аъзои оила, онҳо аз ин ҳисоб низ ҳамасола ҳосили хуб мегиранд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунари занону духтарони ноҳияи Рӯшон, ки маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллиро пешниҳод намуданд, шинос шуданд.
Бонувони ҳунарманди ноҳия дар намоиш нони танӯрӣ, чапотӣ, кулча, санбӯсаи танӯрӣ ва таомҳои миллии маҳаллӣ, аз қабили ширчой бо чормағз, каду бо чормағз, омоч, атолаи донаки зардолу, оши бурида, кабкшӯрбо ва оши палавро намоиш доданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо рафти истифодаи замини наздиҳавлигӣ ва муаррифии таомҳои миллӣ, бо аҳли хонаводаи Додихудо Додихудоев гирди дастархон суҳбати озоду самимӣ оростанд. Ба андешаи Сарвари давлат, дар шароити имрӯза бояд ҳар як оилаи кишвар ҳар порча замини корам, бахусус замини наздиҳавлигиро ба манфиат истифода бурда, дар навбати аввал талаботи оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар хӯрокворӣ қонеъ созад ва бо ин васила, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини амнияти озуқавории кишвар, саҳм гузорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода кардан аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Додихудоевҳо як миқдор ашёи рӯзғор ҳадия карданд.
Ифтитоҳи бинои нави прокуратураи ноҳияи Рӯшон
26-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бинои замонавии прокуратураи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нав сеошёна буда, аз 11 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, таҳхона ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Сохтмони бино соли 2023 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар муддати ду сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд шуд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ба хотири таъмини кормандон бо ҷойи зист, дар ошёнаи сеюми бино чор ҳуҷраи истиқоматӣ вуҷуд дорад. Бояд гуфт, ки то имрӯз кормандони прокуратура дар иншооте фаъолият мекарданд, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгашта дар бинои нав ва суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба тақвият бахшидани фаъолият барои назорати риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷалб карданд. Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои кормандони прокуратура дар шаҳру ноҳияҳо бо тариқи бунёду баистифодадиҳии биноҳои хуштарҳу замонавӣ марҳала ба марҳала имкони созгори фаъолият фароҳам оварда мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот баҳои баланд дода, онро туҳфаи Ҳукумати кишвар дар рӯзҳои таҷлил аз 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуданд. Сарвари давлат аз кормандони прокуратура талаб намуданд, ки ба волоияти қонун арҷ гузошта, вазифаҳои хизматии хешро содиқонаву софдилона дар назди Ватан ва мардуми кишвар анҷом диҳанд.
Бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоб
26-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тариқи видеоӣ ба фаъолияти 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Рӯшон ва 2 кӯдакистони дигар дар ноҳияи Мурғоб оғози расмӣ бахшиданд.
Ин муассисаҳо дар маркази ноҳия ва деҳаҳои Дерушон, Дерзуд ва Висав ҷойгир буда, дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд бунёд шудаанд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки муассисаҳо дар деҳаҳое бунёд гардиданд, ки мардумонаш ба он эҳтиёҷ доштанд. Иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ба зинаи аввали таҳсилот фаро гирифтани кӯдакон рӯи даст гирифта шуда, ҳамаи иншооти соҳаи маориф бо назардошти талаботи замони муосир сохта шуданд.
Кӯдакистони деҳаи Дерушон дуошёна буда, барои 70 кӯдак дар 4 гурӯҳ пешбинӣ мешавад. Масоҳати бино 708 метри мураббаъро ташкил дода, дар он барои гузарондани машғулиятҳо тамоми имкониятҳо муҳайёст. Бояд гуфт, ки баъди ба истифода додани кӯдакистон наврасони ду деҳаи дурдасти ноҳияи Рӯшон: Вамд ва Дерушон ба таълими томактабӣ фаро гирифта мешаванд.
Кӯдакистони навбунёди деҳаи Дерзуд барои 60 кӯдак дар 3 гурӯҳ пешбинӣ гашта, тамоми синфхонаҳои дарсӣ бо адабиёти бачагона, лавозимот ва аёниятҳои соҳавӣ таъминанд. Ин муассиса барои кӯдакони деҳаҳои Дерзуд ва Барзуд пешбинӣ шуда, дар он 10 нафар соҳиби кори доимӣ гардид.
Муассисаи таҳсилоти томактабии тозабунёд дар деҳаи Висав низ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфта, дар он 50 кӯдак ба таълим фаро гирифта мешавад.
Муассисаи таълимии томактабии «Лола» барои кӯдакон ва наврасон дар деҳоти Ғоҷо Бердибаеви ноҳияи Мурғоб ҷойгир буда, бо шароити наву замонавӣ бо маблағи 452 ҳазор сомонӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуд. Тавре иттилоъ доданд, дар ин деҳа зиёда аз 1600 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад ва акнун бе мушкилӣ фарзандони онҳо ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Сокинон бунёди ин муассисаро самараи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, миннатдории хешро ба Сарвари давлат изҳор доштанд.
Муассисаи таълимии томактабии «Афсона» бошад, дар деҳаи Саргумбези ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст. Он аз ҳисоби буҷети ноҳияи Мурғоб ва саҳми сокинони маҳаллӣ ба маблағи 460 ҳазор сомонӣ қомат афрохт. Тавре зикр гардид, бунёди чунин иншоот барои тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин, ба тарбиятгирандагони ин муассисаҳо туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сарулибос иборат буд, аз ҷониби намояндагони Ҳукумати кишвар тақдим шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро намунаи ибрат хонданд. Роҳбари давлат иброз доштанд, ки саҳм гузоштан дар ободии диёр яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба шумор рафта, аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баландро талаб менамояд.
Қобили зикр аст, ки баъди ифтитоҳи чор иншооти соҳаи маориф дар самти ҷалби кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот дар ноҳияи Рӯшон, 230 ҷой барои фарогирии наврасон муҳайё гардида, наздики 30 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд.
Дар ноҳия ҳамин гуна корҳои созандагӣ идома дошта, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди боз якчанд муассисаҳои томактабӣ дар назар аст.
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рӯшон
26-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо роҳбарону фаъолон мулоқот намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия ва вилоятро ба муносибати санаи муҳими таърихӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд. Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми бонангу номуси ноҳияи Рӯшон дар оянда низ ба хотири ободу пешрафта гардондани диёри худ ва Ватани азизамон – Тоҷикистон, сарҷамъона заҳмат мекашанд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд.
Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа
26-уми июн дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.
Меҳмони олиқадрро сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Роҳбари давлат бо самимияти хос ва бо шодмонӣ истиқбол гирифтанд.
Ифтитоҳи Парки технологӣ
26-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Парки технологии иборат аз 6 коргоҳи истеҳсолӣ ва нуқтаи хизматрасониро мавриди истифода қарор доданд.
Парки технологӣ дар масоҳати 930 метри мураббаъ доман густурда, арзиши лоиҳавии он зиёда аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Иншоот дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, бунёд ёфт.
Парки технологӣ аз 6 коргоҳи истеҳсолӣ: коргоҳи истеҳсоли тирезаҳои пластикӣ, коркарди меваю сабзавоти хушк ва бандубаст, коргоҳи табъу нашр ва маҳсулоти полиграфӣ, коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ, қаннодӣ ва истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ иборат мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парки технологӣ, нахуст, аз корхонаи коркарди меваю сабзавоти хушк ва бандубаст дидан намуданд.
Иқтидори солонаи корхона 10 тонна меваи хушкро ташкил медиҳад. Маҳсулоти он бештар аз зардолу, себ ва хуч бо иловаи дигар намуди меваю сабзавоти хушк коркард ва омода мешавад.
Тибқи иттилои масъулон, маҳсулоти корхона рақобатпазир буда, таҳти бренди «Кӯҳмева» ва бо бандубасти зебо ба бозорҳои вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар бароварда мешавад. Талқони себ ва хокаи хуч аз самти дигари истеҳсоли коргоҳи мазкур ба ҳисоб меравад, ки онро дар омода кардани қаннодиҳо истифода мебаранд. Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти корхона пурра аз ноҳия таъмин карда мешавад. Корхона бо панҷ навъи таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин муҷаҳҳаз гардид.
Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, коргоҳи табъу нашр ва маҳсулоти полиграфиро мавриди истифода қарор доданд. Корхона бо муосиртарин технология муҷаҳҳаз буда, фаъолияти он ба рангубори лавҳаҳо ва шиору овезаҳои таблиғотӣ, маҷаллаву рӯзномаҳо, китобу маводи чопӣ равона гардидааст.
Пас аз ба истифода додани корхона, мушкилии табъу нашр, алалхусус шиору овезаҳо дар шаклу услуби зебо, дар ҳудуди ноҳия ва шаҳру ноҳияҳои вилоят бамаротиб осон мегардад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар ин мавзеъ ба фаъолияти корхонаи коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ расман оғоз бахшиданд.
Самти асосии фаъолияти коргоҳ истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, навъи босифати орди мушунг, боқило, талқони гандум, гандумбирён, қурути нармак, чормағзи кӯфта ва нони чормағзӣ мебошад. Коргоҳ имкон дорад, ки дар як сол зиёда аз 70 ҳазор бастаи талқон аз гандум ва мушунгро истеҳсол кунад. Дар корхона осёби барқӣ мавҷуд аст, ки дар як соат метавонад 500 килограмм гандумро бо сифати баланд орд намояд. Маҳсулоти корхона барои пешгирӣ аз касалиҳои ғафсшавии хун, диабети қанд, фишорбаландӣ ва камвазнӣ мусоидат мекунанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар Парки технологӣ корхонаи коркарди меваю сабзавот ва қаннодиро ба истифода доданд. Корхона аз ду коргоҳ иборат аст. Корхонаи мазкур ба коркарди меваю сабзавоти маҳаллии консервашуда, аз ҷумла помидор, бодиринг ва қаланфури булғорӣ машғул мебошад.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол зиёда аз 80 ҳазор консерваи маҳсулоти табиии маҳаллиро ташкил медиҳад. Пештар масъулони коргоҳ чунин корро дар шароити хона анҷом медоданд. Акнун бо ворид гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосир коркарди меваю сабзавот бамаротиб осон ва истеҳсол зиёд гардид.
Ҳамзамон, дар коргоҳи қаннодӣ номгӯи зиёди шириниҳо омода шуда, пешниҳоди меҳмонону сайёҳон мегардад. Дар ин коргоҳ чой бо таъми гуногуни меваҳо омода мешавад. Ин шириниҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, бе иловаи қанд ва маводи кимиёӣ истеҳсол мегарданд. Дар оянда соҳибкор Умеда Донаёрова нақша дорад, ки бандубасти меваро ба роҳ монад. Ҳамзамон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ коргоҳи истеҳсоли дару тирезаи пластикиро мавриди истифода қарор доданд. Дар коргоҳ вобаста ба дархост ва талаботи муштариён намудҳои гуногуни тиреза истеҳсол мешавад. Дар корхона дастгоҳҳои васлкунӣ, ченкунӣ ва олоти буранда насб гардида, барои босифат истеҳсол намудани маҳсулот замина мегузорад.
Корхонаи мазкур бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Манучеҳр Силтолиев сохта шуда, иқтидори солонаи он дар сол 1500 тиреза мебошад. Маҳсулоти хоми корхона аз шаҳри Хоруғ ворид хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи маҳсулоти бетониро ифтитоҳ намуданд.
Дар корхона маҳсулоти гуногуни ороишӣ аз санг омода мешавад. То кунун дар ноҳия чунин корхона мавҷуд набуд. Ашёи хом аз ҳудуди ноҳия дастрас шуда, вобаста ба талабот масҳулоти ороишӣ аз санг истеҳсол мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парки технологии ноҳияи Роштқалъа ба масъулон ва мутахассисон барои бо сифати баланд истеҳсол намудани маҳсулот дастуру тавсияҳо доданд. Ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа 17 корхонаи саноатӣ бо зиёда аз 100 ҷойи кори доимӣ фаъолият менамояд.
Ифтитоҳи Неругоҳи барқи обии «Себзор»
26-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Неругоҳи барқи обии «Себзор»-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот аз 3 агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он 11 мегаваттро ташкил медиҳад.
Неругоҳи «Себзор» дар доираи дастгирии Ҳукумати кишвар нисбат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст ва технологияи насбшуда имкон медиҳад, ки дар як сол зиёда аз 77,6 миллион кВт/соат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол шавад.
НБО «Себзор» имкон медиҳад, ки 220 ҳазор нафар ба барқ дастрасӣ пайдо намояд ва ин барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Инчунин, барои содироти барқ ба дигар давлатҳо имконияти иловагӣ пайдо шуд.
Ёдовар бояд гашт, ки санги асос барои бунёди НБО «Себзор» аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29-уми июли соли 2015 гузошта шуд.
Дарозии сарбанди Неругоҳ 65 ва баландияш 8,5 метрро ташкил медиҳад. Мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот имкон фароҳам овард, ки дар Бадахшон истеҳсоли неруи барқ 25 фоиз зиёд ва эътимоднокию сатҳи таъминоти барқ беҳтар шавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Неругоҳро барои беҳтаршавии таъминот бо неруи барқ ва рушди дучанди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳангоми бунёди Неругоҳ то 600 нафар бо кор таъмин шуда, истифодаи техникаи муосир имкон фароҳам овард, ки сохтмон тибқи талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расад.
Дар маҷмуъ, 97 дарсади корҳо дар Неругоҳ аз ҷониби коргарону мутахассисони ширкатҳои маҳаллӣ ба анҷом расид. Истифодаи технологияи муосир имкон дод, ки фаъолияти Неругоҳ ба таври худкор сурат гирад.
Солҳои охир бунёду навсозии неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон дар баробари зиёдшавии иқтидори истеҳсолӣ, ҳамзамон ба баландшавии малакаи касбӣ ва саҳмгузории мутахассисони тоҷик дар бунёди иншооти гидроэнергетикӣ мусоидат намуд.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии «Себзор» 20 мутахассиси маҳаллӣ ба шуғли доимӣ таъмин шуд.
Неруи барқи тавлидшуда дар зеристгоҳи 110-киловолтаи Себзор танзим гардида, тавассути хатти интиқоли барқи 110-киловолтаи Себзор – Хоруғ бо дарозии 18 километр ба шабакаи умумии барқи ВМКБ пайваст мешавад.
Татбиқи Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037 тавассути таъмини истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоя, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва дар ҳамин замина бунёди неругоҳҳои барқи обӣ таъмин мешавад.
Бунёди НБО «Себзор» дар доираи амалигардонии барномаи “иқтисоди сабз” аз ҷониби Ҳукумати кишвар далели афзуншавии муваффақият дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ, истифодаи технологияи муосир, саҳмгузорӣ дар пешгирии дигаргуншавии иқлим ва афзуншавии дастовардҳо дар ҷодаи тавлиди “энергияи сабз” арзёбӣ мешавад.
Ба истифода додани 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ
26-уми июн аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Шуғнон, муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Роштқалъа санги асос гузошта шуда, се муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим бо тариқи видеоӣ ба истифода дода шуд.
Инчунин, ҳамин рӯз лоиҳаи Неругоҳи барқи офтобии «Рож», ки дар деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сохта мешавад, муаррифӣ гардид. Иншооти энергетикӣ бо иқтидори 3 мегаватт бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро барои истифодаи имкониятҳои табиӣ, иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинишуда ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика вазифадор намуданд.
Ҳамчунин, ҳамин рӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 оғоз бахшиданд. Муассисаи таълимӣ барои фарзандони сокинони деҳаҳои Даштак ва Ҷангали ноҳияи Роштқалъа сохта мешавад. Иншоот дуошёна буда, барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ мегардад.
Бо иштироки Роҳбари давлат ифтитоҳи 3 кӯдакистон дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим бо тариқи видеоӣ сурат гирифт.
Муассисаи томактабии №2 дар деҳаи Бодом ва Муассисаи томактабии №3 дар деҳаи Риҷезд ба истифода дода шуданд. Ҳар ду муассисаи таълимии томактабӣ дар ноҳияи Роштқалъа барои 60 таълимгиранда пешбинӣ мешавад.
Инчунин, дар деҳаи Даршайи деҳоти Вахони ноҳияи Ишкошим муассисаи томактабӣ барои 35 кӯдак ба истифода дода шуд. Имкон пайдо гардид, ки наврасони ин деҳаи дурдаст дар шароити ҷавобгӯ ба талабот ба таълими томактабӣ фаро гирифта шаванд. Ҳамчунин, масъулон иттилоъ доданд, ки ҳоло сохтмони бинои дуошёнаи кӯдакистон барои 150 нафар дар деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим идома дорад.
Роҳбари давлат фарогирӣ бо таълими томактабиро заминаи асосӣ барои ташаккули донишҳои наврасон ва оянда ба камол расидани ҷавонони донишманду хештаншинос муҳим арзёбӣ намуданд.
Ифтитоҳи беморхонаи сироятӣ дар ноҳияи Роштқалъа
26-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бинои муосири беморхонаи сироятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Беморхона бо дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар он шароити корӣ барои фаъолияти босамари табибон фароҳам мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои беморхона дорои 20 кат буда, дар он барои ташхису табобат ва хизматрасонии тиббии сифату сатҳи баланд шароиту имконияти васеъ фароҳам аст.
Иншооти тибқи фармоиши Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи зиёда аз 30 миллион сомонӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Бинои беморхонаи сироятии ноҳия аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои сари вақт ба табобат фаро гирифтани маризон шароити муосир фароҳам гардидааст.
Муассисаи тиббӣ дорои 42 ҳуҷраи корӣ буда, дар он шуъбаи қабул, ҳуҷраҳои функсионалӣ, шуъбаи эҳёгарӣ, шуъбаи ташхис ва ҷарроҳӣ ҷойгиранд.
Масоҳати беморхонаи сироятӣ 1 ҳазору 300 метри мураббаъро ташкил дода, бинои асосӣ дар масоҳати 480 метри мураббаъ бунёд гашт.
Корҳои сохтмонӣ дар беморхона бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ соли 2022 оғоз ёфта, бо сатҳу сифати баланд, тибқи талаботи муосири меъморӣ ба анҷом расиданд.
Бинои қаблии беморхона куҳнаю фарсуда шуда, дорои чунин шароити муосир набуд ва ин ҳолат ба сокинон мушкилии зиёд ба миён меовард. Акнун бо ба истифода додани беморхонаи сироятии замонавӣ ва дорои тамоми шароити муосир дар ноҳия мушкилии чандсолаи сокинон бартараф гардид.
Ин бино бо намои зебо ва гирду атрофи чароғону сабзкорияш ба симои маркази ноҳия зебоии тоза зам намудааст.
Табибон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои ҳамешагияшон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, табибонро барои сари вақт ва бо сифати баланд хизматрасонӣ намудан ба сокинони ноҳия муваззаф сохтанд. Таъкид карданд, ки табибон ҳангоми фаъолият бо беморон хушмуомила бошанд, зеро бемор беш аз дигарон ба муомила ва суханони хуб ниёз дорад.
Суҳбати самимии Пешвои миллат бо ятимон
ва нафарони дорои имконияти маҳдуд
26-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бо 100 нафар ятиму шахсони дорои имконияти маҳдуди то 18-солаи ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим ва Роштқалаъа суҳбати самимӣ оростанд.
Дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятимон аз ҷониби Сарвари маҳбуби давлат ба 100 наврас маҷмуи сарулибос, маводи канселярӣ, ширинӣ ва дигар ҳадяҳо тақдим шуд.
Роҳбари давлат таъкид карданд, ки дастгирии ятимону бепарасторон ва нафарони дорои имконияти маҳдуд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамеша ба онҳо кумакҳои моддию маънавӣ расонда мешавад.
Марҳала ба марҳала таҳким бахшидани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбияи онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати кишвар қарор дода мешаванд, то ин ки дар оянда ҳамчун шахсони комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.
Аз чеҳраи ҳар як кӯдак бармало эҳсос мегардид, ки суҳбату вохӯрии имрӯзаро бесаброна интизор буданд, зеро ба андешаи онҳо, суханҳои пурмеҳру падаронаи Сарвари давлат ба зиндагии онҳо умеди тоза мебахшад.
Ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа наздики 40 ятим ва нафарони дорои имконияти маҳдуд ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Дар ноҳияи Роштқалъа барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо мактаб-интернати наздимактабӣ фаъолият дорад.
Бунёду навсозии мактаб-интернатҳо ва фароҳам овардани шароити замонавии зисту таҳсил барои ятимону бепарасторон намунаи олии дастгириҳои доимии роҳбарияти олии мамлакат дониста мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ин қишри ҷомеа барои аз худ намудани илмҳои муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо, инчунин, дар самти дуруст ба камол расондани онҳо ба масъулон дастуру тавсияҳои муфид доданд.
Ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғатӣ
26-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Анҷини ноҳияи Роштқалъа боғи фарҳангию фароғатии Шоҳдараро, ки бо тарҳи муосир сохта шуд, мавриди истифода қарор доданд.
Боғи фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар масоҳати 1 гектар дар асоси ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфт.
Иншооти фарҳангӣ бо тарҳи муосир ва унсурҳои шаҳрсозии миллӣ бо назардошти талаботи замон ва санъати баланди меъморӣ сохта шудааст.
Дохил ва роҳравҳои боғи навбунёд бо гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфта, барои хуррамгардонӣ бештар аз 670 бех дарахти ороишию сояафкан парвариш мегардад. Даромадгоҳ ва роҳравҳои он сафолакпӯш гаштанд.
Мувофиқи нақшаи асосии лоиҳа, дар ҳудуди боғ таҷҳизоти дилхушкунанда барои кӯдакон, расмҳои қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ, атраксионҳо, саҳна барои гузарондани чорабиниҳо, ҳайкалчаҳои ҳайвоноти нодир ва нишастгоҳҳо насб шуданд ва аз ин пас сокинону меҳмонони ноҳия дар ин макон истироҳату фароғати хуш хоҳанд дошт.
Бо мақсади машғул шудани ҷавонон ба варзиш дар дохили боғ ду майдончаи варзиш барои бозии футбол ва волейболу баскетбол бунёд ёфт. Фароҳам овардани чунин шароит имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон вақти холигии худро босамар гузаронда, ба варзиш машғул шаванд ва аз дигар имкониятҳои боғ самаранок истифода баранд.
Бо мақсади равшаннамоӣ дар ҳудуди иншоот 18 чароғак бо баландии 9 метр ва 70 чароғак бо баландии 3 метр мавҷуданд, ки шабонгоҳ намои боғи фарҳангиро боз ҳам дилработар мегардонанд. Инчунин, барои ҳифзу нигоҳдошти гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ гирду атрофи боғ панҷарабандӣ шудааст.
Дар рафти сохтмони боғ зиёда аз 70 сокини маҳаллӣ ва мутахассиони ватанӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Аз ин пас, боғ макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷашнҳои миллӣ ва дигар тантанаҳо гашта, сокинонро барои боз ҳам дӯст доштани Ватан, пос доштани муқаддасоти миллӣ ва меҳнати софдилона барои рушду ободии сарзамини аҷдодӣ водор менамояд.
Боғи фарҳангию фароғатии Шоҳдара туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат ба сокинони ноҳияи Роштқалъа ба ифтихори Ҷашни бузург – Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад.
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа
26-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Роштқалъа мулоқот намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаро натиҷагирӣ намуда, барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди роҳбарияти ВМКБ ва ноҳия вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дар фароварди сухан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯсти ноҳияи Роштқалъа барои боз ҳам ободу зебо гардондани сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли хеш саъю талоши бештар хоҳанд кард.
Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ
26-уми июн дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як қатор иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва Рӯшону Роштқалъа ба маркази вилоят – шаҳри Хоруғ, ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, фаъолони ҷомеа, намояндагони касбу кори гуногун ва ҳазорон сокини ватанпарвар бо руҳу илҳоми баланди сиёсиву ватандорӣ ва муҳаббати беандоза нисбат ба Роҳбари давлат истиқбол гирифтанд.
Ин дидор ба сокинони шаҳри Хоруғ руҳу илҳоми тоза бахшида, нишонаи равшани пайванди устувори мардум бо Президенти мамлакат гардид.
Аҳли санъату ҳунари вилоят бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолию озодӣ ва саҳми таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар мебошад, ҳунарнамоӣ намуданд.
Ҳар як сафари Роҳбари давлат ба Бадахшон муҳтавои амиқи сиёсӣ ва рушди ҳаматарафаи иҷтимоиву иқтисодиро доро буда, ба раванди созандагиву бунёдкорӣ дар ин гӯшаи диёр такони ҷиддӣ мебахшад.
Ҳазорон сокини шаҳри Хоруғ, ки муҳаббати фарзандона ба Сарвари давлатро дар дил мепарваранд, дар кӯчаҳои марказӣ ва хиёбонҳои асосии шаҳр бо парафшон намудани Парчами давлатӣ ва шодии беинтиҳо, фазои идона ва иттиҳоди миллиро таҷассум карданд.
Истиқболи Президенти кишвар дар шаҳри Хоруғ ифодаи равшани муҳаббат ва эътимоди мардум ба сиёсати ҳакимона ва дурбинонаи Сарвари давлат буда, аз иродаи устувори мардум барои пайравӣ ба ғояҳои давлатсозиву ватандорӣ шаҳодат медиҳад.
Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Шуғнон
27-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ВМКБ ба ноҳияи Шуғнон ташриф оварданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони сарбаланду меҳмоннавози ноҳияи Шуғнон бо самимияти хоса, руҳияи идона ва меҳри беандоза истиқбол гирифтанд. Барои пазироии меҳмони олиқадр аҳли санъат барномаи рангини фарҳангӣ дар сатҳи баланд пешниҳод намуданд. Дар ноҳияи Шуғнон ба истиқболи ҷашнҳои ваҳдати миллӣ ва 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ гардида, раванди созандагиҳо вусъати тоза касб мекунад.
Имрӯз симои ноҳияи Шуғнон бо қомат афрохтани иншооти хуштарҳу замонавӣ куллан тағйир ёфтааст. Бо қудуми файзбори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ вусъати бештар мегиранд.
Ифтитоҳи корхонаи ҶДММ “Барги Шоҳтут”
27-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ба фаъолияти корхонаи ҶДММ “Барги Шоҳтут” оғоз бахшиданд.
Корхонаи “Барги Шоҳтут” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат ва шароити мусоид барои тақвияти рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои кори нав ва таъмини бозору содироти маҳсулот аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Моҳпарӣ Саидҳасанова бунёд шуд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти нави саноатӣ дорои 3 хатти истеҳсолӣ буда, дар он 3 намуди маҳсулот, аз қабили чой аз барги тут ва алафҳои шифобахш, омехтаи тут, зардолу, гармдору, донаҳои зардолу ва бодоми талх дар шакли кӯфташуда бо бастабандии муосир ва ширинӣ аз тут бо риояи стандартҳои ватанию ҷаҳонӣ бароварда мешавад.
Таҷҳизоти истеҳсолии корхона насли нав буда, он дар асоси таваҷҷуҳ ба бахши хусусӣ ва ҷорӣ гардидани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон оварда шудааст.
Корхона аз рӯи самти фаъолият дар вилоят ва ноҳия аввалин буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол то 90 тонна маҳсулоти тайёр аст. Маҳсулоти тайёри корхона, асосан, ба содирот пешбинӣ гардидааст.
Бо ба фаъолият оғоз намудани корхонаи “Барги Шоҳтут” дар ноҳияи Шуғнон 15 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуда, шумораи умумии коргарон дар ояндаи наздик бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ ду баробар зиёд мешавад. Бар замми ин, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил ва гиёҳҳои шифобахш шумораи коргарон бештар мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро барои дар шароити кӯҳистон бунёд намудани чунин корхонаи саноатӣ намунаи ибрат гуфта, таъкид сохтанд, ки ин тадбир метавонад ба истифодаи имкониятҳои табиӣ, пешгирӣ аз талафоти маҳсулоти боғот, беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат мусоидат намояд.
Боздиди Пешвои миллат аз қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ
27-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пашори деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон аз қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ дидан намуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати 4 гектар замини бекорхобида бунёд гардида, дар майдони 1,5 гектар ниҳоли дарахтони зардолу, шафтолу, олу, олуболу, нок, гелос, себҳои қадпасту миёнақад ва дар масоҳати як гектари дигар ниҳоли чормағзи ҳамелӣ шинонда шудаанд.
Дар байни қатори ниҳоли дарахтони боғ картошка, сабзӣ, ҷуворимакка ва дигар зироатҳои ба иқлими минтақа мутобиқ парвариш меёбад. Дар як гектар замин ба таври таҷрибавӣ пиёзу лаблабуи сурх ва лаблабуи сафед кишт гардидааст, ки нашъунамои хуб доранд.
Парвариши тамоми намуди зироатҳои кишоварзӣ бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ба роҳ монда шудааст. Зироатҳои интихобгардида, тибқи таҷриба, даҳаи охири моҳи апрел кишт гардида, тибқи хислатномаашон бояд охири моҳи август ҷамъоварӣ шаванд.
Мақсад аз роҳандозии ин таҷриба интихобу мутобиқсозии зироатҳои кишоварзӣ ба иқлими маҳал, ҷорӣ кардани таҷрибаи муосир, истифодаи оқилонаи замин ва таъмини ҳарчи бештари мардум бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ, умуман, андешидани чораҳо ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз ҳавзи парвариши моҳӣ, ки дар масоҳати 20 садяк замин сохта шудааст, дидан карданд. Тавре аён гардид, дар он моҳиҳои гармидӯст аз қабили зағорамоҳӣ ва амури сафед сар додаанд.
Оянда тасмим гирифта шудааст, ки бо истифода аз шароити мусоид ва оби фаровон масоҳати ҳавзи моҳӣ то ба як гектар васеъ карда шавад.
Сарвари давлат таъкид сохтанд, ки даромад аз фурӯши моҳӣ як роҳи ғанӣ гардондани буҷети хоҷагиҳо мебошад ва дар ноҳияи Шуғнон барои рушди ин бахши сердаромади соҳаи кишоварзӣ имконият бештар аст.
Ҳамзамон, дар ҳамин ҷо ба Роҳбари давлат лоиҳаи гармхонаи доимоамалкунандаи муосир, ки дар шафати қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати бештар аз як гектар замин бо иншооти ёрирасон аз тарафи Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” сохта мешавад, муаррифӣ гардид.
Таъкид шуд, ки масоҳати парвариши сабзавот дар гармхонаи муосир 32 садяк замин пешбинӣ гашт, ҳосили онро дар чор фасли сол ба бозор мебароранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаро саривақтӣ арзёбӣ карда, ба ташаббускорони он барору комёбӣ хостанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъд аз боздид аз қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳавзи моҳипарварӣ, таваҷҷуҳи хоҷагидоронро ба масъалаи истифодаи оқилонаи заминҳои корам, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, истифодаи тухмиҳои баландҳосил, зиёд намудани масоҳати боғҳо, васеъ истифода бурдани зарфиятҳои табиӣ ва, бо ин роҳ, саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ равона намуданд.
Ифтитоҳи беморхонаи марказӣ
27-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон – шаҳраки Ваҳдат, бинои нави беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор дода, бо шароити кору фаъолият ва хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Бинои асосии ин беморхона аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои зиёда аз 75 ҳуҷра, аз ҷумла 55 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 45 кат, шуъбаҳои кӯдакона, эҳё, ташхис, таваллуд, занона, ҷарроҳӣ ва иншооти ёрирасон мебошад.
Инчунин, дар ин ҷо гӯшаи гиёҳҳои шифобахш низ ташкил шудааст, ки дар он бо истифода аз гулу гиёҳҳои табиати Тоҷикистон нӯшобаҳо омода мешаванд.
Масоҳати беморхона 1 гектар ва масоҳати бино 2 ҳазору 419 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба истиқболи ҷашнҳои бузургу таърихӣ 28-солагии Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағи 13 миллион сомонӣ бунёд гардид.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи иҷтимоӣ соли 2024 оғоз ёфта, бо истифода аз масолеҳи баландсифат мутобиқ ба талаботи соҳа дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расиданд.
Дар ин муассисаи тандурустӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла ҷарроҳии умумӣ, рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхисии ултрасадо, сабти барқии дил ва таҷҳизоти нодири ташхису муолиҷа, аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ харид ва насб шудааст.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои муассисаи тандурустӣ, мушкили чандсолаи аҳолии беш аз 14-ҳазорнафараи ноҳияи Шуғнон дар самти дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ бартараф гашт.
Шароити замонавӣ дар беморхона, ки аз баракати сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ фароҳам омад, имкон медиҳад, ки табибон дар он ташхису муолиҷаи бемориҳои гуногунро ба сокинон сари вақт ба роҳ монанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои суҳбати самимӣ бо табибон ва кормандони беморхона, барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон ва муомилаи хуш бо беморон ба онҳо дастуру тавсияҳо доданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ноҳияи Шуғнон 55 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 410 табиби ботаҷриба ба сокинон хизмати тиббӣ мерасонад.
Саҳн ва атрофи бинои беморхона ободу сабзкорӣ гардида, бо насби чароғакҳои ороишӣ шабонгаҳ низ намои зебо дорад.
Ифтитоҳи майдони Нишони давлатӣ
27-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бо нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд. Иншоот дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфта, сохтмони онро мутахассисони маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонданд.
Иттилоъ дода шуд, ки баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 16,3 метр буда, бо истифода аз масолеҳи аълосифат бунёд ёфт. Саҳн ва атрофи Нишони давлатӣ бо санги хоро зинат дода шудааст. Дар майдони Нишони давлатӣ дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шуда, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити форам муҳайё гардидааст. Иншоот мутобиқ ба меъёрҳои муосир бунёд ёфта, макони асосии тамошо, сайру саёҳат ва фароғати сокинону меҳмонон ва баргузории чорабиниҳои гуногун мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон барои дар чунин муҳити сабзу гулпӯш нигоҳ доштани майдони Нишони давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ифтитоҳи Муассисаи томактабии №3 бо номи Пайравони Пешво
27-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон – шаҳраки Ваҳдат, Муассисаи таҳсилоти томактабии №3 бо номи Пайравони Пешворо мавриди истифода қарор доданд.
Ин аввалин Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар маркази ноҳия буда, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардид. Бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо риояи талаботи соҳа ва мувофиқ ба завқи кӯдакон қомат афрохтааст, ки дар он барои ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 150 кӯдак дар панҷ гурӯҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар саҳни Муассисаи томактабӣ майдончаи бозии кӯдакон бо насби арғунчакҳо бунёд ёфта, атрофи он ободу сабзкорӣ шудааст. Иншооти мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда буданд, вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ бо харҷи 8 миллион сомонӣ эъмор гашт. Муассисаи таҳсилоти томактабии №3 аз 21 ҳуҷраи машғулиятҳои амалӣ, хобгоҳ, ошхона, сардхона, анборхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тариқи видеоӣ се муассисаи таҳсилоти томактабиро дар шаҳри Хоруғ ва панҷ муассисаи таҳсилоти томактабии дигарро дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Шуғнон мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки се муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Хоруғ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дар онҳо барои фарогирии 150 кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ, шароити мусоид фароҳам овардаанд.
Панҷ муассисаи таҳсилоти томактабии тозабунёд дар деҳаҳои дурдасти Чарсем, Вабист, Турбат, Раҳмонобод ва Рожи ноҳияи Шуғнон низ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, шарикони рушд ва саҳми сокинони маҳал бунёд гардид. Бинои муассисаҳои соҳаи маориф вобаста ба талаботи маҳал бунёд шуда, дар онҳо зиёда аз 230 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта мешавад. Дар расми ифтитоҳи иншооти зикррафта ба ҳамаи кӯдакон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ туҳфаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гашт, ки шодиву нишоти онҳо беканор буд.
Ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон туҳфаи арзандае гардид ва онҳо миннатдориву самимияти хоси хешро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд. Зимни боздид Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфа ва сатҳу сифати шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, масъулонро барои таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намуданд.
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон
27-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳмоннавози ноҳияи Шуғнон барои истиқболи самимӣ арзи сипос намуданд. Президенти кишвар иштирокдорони мулоқот ва кулли сокинони вилоятро бо санаи муҳими таърихӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, фазои орому осуда, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ дар ҳар гӯшаи Ватани азизро орзу намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди сухан иброз доштанд, ки мардуми ватандӯсти ноҳияи Шуғнон дар оянда низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ба хотири пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми босазо мегузоранд ва дар ояндаи наздик диёри худро боз ҳам ободу зебо месозанд.
Ифтитоҳи бино ва озмоишгоҳи муосир
27-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бино ва озмоишгоҳи Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур, ки бо таҷҳизоти муосир ва инфрасохтори техникии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст, дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ ҷойгир буда, ҳамчун маркази муҳими муҳандисиву озмоишӣ дар самти нигоҳдорӣ, назорат ва рушди роҳҳои минтақа хизмат хоҳад кард. Озмоишгоҳ дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ – “БРАМОМ-4” бунёд шуда, маблағи он беш аз 5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бино сеошёна буда, дорои инфрасохтори муосир ва шароити ҷавобгӯ ба талаботи стандарти байналмилалӣ мебошад. Дар ошёнаи якум 11 ҳуҷраи кории барҳаво барои кормандон, дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм ошхона ва меҳмонхонаҳои барҳаво барои меҳмонону коргарон мавҷуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бино аввалин муассисаи дорои чунин шароити сатҳи баланд дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ба Корхонаи воҳиди давлатии Маркази рақамикунонии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст карда шудааст. Тавассути шабакаи ягонаи идоракунии рақамӣ, тамоми воситаҳои техникии Муассиса, ки бо таҷҳизоти муайянкунандаи мавқеи моҳворавӣ (GPS) муҷаҳҳазанд, идора ва назорат мешаванд.
Зимни муаррифии харитаи электронии роҳҳои вилоят, Роҳбари давлат бо навтарин усулҳои назорати вазъи роҳҳо шинос гардиданд. Намоиши интерактивии харита нишон дод, ки кормандони Муассиса дар вақти воқеӣ метавонанд маълумот дар бораи ҳолати роҳҳо, ҷойгиршавии биноҳои ёрирасон, аломатҳои роҳ, нуқтаҳои хатарнок ва қисмҳои осебпазирро дарҳол дарёфт намоянд. Ин технологияи рақамӣ яке аз муосиртарин таҷҳизотҳои идора ва мониторинги роҳҳо дар низоми нақлиёти кишвар ба шумор меравад. Бо истифода аз чунин шароит ва таҷҳизоти нав, Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди ВМКБ минбаъд метавонад ба таври самаранок дар нигоҳдории роҳҳо, таъмини бехатарии нақлиёт ва хизматрасонии саривақтӣ ба ронандагон ва мусофирон саҳми назаррас гузорад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз имкониятҳои озмоишгоҳ, аз сифати таҷҳизоти санҷишӣ, сатҳи омодагии муҳандисон ва муҳити кории кормандон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Озмоишгоҳ ба таври доимӣ хоку ҷисмҳои кӯҳӣ ва масолеҳи сохтмониро пеш аз истифода дар роҳ ва пулҳо месанҷад, то сифати роҳҳои баландкӯҳ ба талаботи бехатарии нақлиётӣ ҷавобгӯ бошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои боздид аз ҳуҷраҳои корӣ, таъкид доштанд, ки ин гуна иншоот бояд на танҳо дар сатҳи вилоят, балки ҳамчун намунаи миллии маркази роҳсозӣ дар дигар минтақаҳо низ роҳандозӣ шавад.
Сарвари давлат ба ширкати сохтмонӣ, муҳандисону лоиҳакашон ва кормандони соҳаи роҳсозӣ, ки дар шароити кӯҳистон бо садоқат ва масъулияти касбӣ фаъолияти намунавӣ доранд, изҳори сипос намуданд ва барои боз ҳам баланд бардоштани сифати корҳои роҳсозӣ дастурҳои мушаххас доданд. Мардуми шукргузори Бадахшон ва роҳсозони вилоят ифтитоҳи иншооти мазкурро як қадами бузург дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини рушди устувори минтақа арзёбӣ мекунанд.
Ба Сарвари давлат шароити муосири дохилии озмоишгоҳи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят бо тариқи видеоӣ муаррифӣ гардид. Зимни муаррифӣ имкониятҳои техникии озмоишгоҳ дар самти таҳқиқ ва санҷиши хоку ҷисмҳои кӯҳӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ, ки барои бунёди роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ Рӯшон – Мурғоб –Кулма истифода мешаванд, ба таври муфассал нишон дода шуд. Ин самт дар доираи нақшаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хос дошта, татбиқи он ба бехатарии нақлиётӣ ва устувории роҳҳои кӯҳӣ мусоидат менамояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини нигоҳдории роҳҳо ва лоиҳакашону пудратчиён дастур доданд, ки масири роҳи байналмилалиро бо истифода аз шароити сатҳи баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Зеро ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани самаранокии тиҷорати байнисарҳадӣ ва устуворӣ ба хатарҳои табиӣ ва бехатарии инфрасохтори роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, ба Сарвари давлат бо тариқи видеоӣ маросими ифтитоҳи расмии як қатор иншооти муҳими инфрасохторӣ, аз ҷумла кушодашавии қитъаи 3,7-километрии роҳи таҷдидшуда, долони 550-метрии зидди тарма ва пули мошингузари 82-метра дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон нишон дода шуд.
Маълумот дар бораи сатҳи баланди иҷрои лоиҳа, сифати корҳои сохтмонӣ ва аҳамияти ин масир барои рушди иқтисодӣ ва бехатарии нақлиётӣ ба Роҳбари давлат муаррифӣ гардид. Қитъаи нави роҳ бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири роҳи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ –Мурғоб – Кулма, ки Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мепайвандад, мутобиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ шудааст.
Дар шароити кӯҳистони душворгузар, бо истифода аз техника ва технологияҳои муосир, сохтмони долони зидди тарма ва пули мошингузар анҷом дода шуд, ки дар таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва робитаи устувори минтақа нақши калидӣ мебозад.
Ба гуфтаи масъулон, озмоиши масолеҳи сохтмонӣ ва сифати роҳ тавассути озмоишгоҳи муосири нигаҳдории роҳҳои мошингарди вилоят пешакӣ анҷом дода шудааст, то ки роҳ ҷавобгӯи талаботи замон бошад. Мардуми сарбаланди ноҳияи Шуғнон изҳори сипосу миннатдорӣ аз таваҷҷуҳи хосса ва дастгирии ҳамешагии Сарвари давлат намуда, таъкид доштанд, ки бунёди чунин иншооти муҳими инфрасохторӣ барои зиндагии беҳтари сокинон, рушди соҳаи сайёҳии ин минтақа, равнақи савдо ва робитаҳои байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди босифати долони зиддитармавӣ, пули мошингузар ва таъмири роҳи деҳаи Барсем низ ба роҳсозон баҳои баланд доданд. Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур намунаи возеҳи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми пурарзиш дар самти беҳтарсозии шароити роҳҳо, пайвастшавии минтақаҳо ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ арзёбӣ гардид.
Ифтитоҳи 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма
ва пули мошингузар
27-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тариқи видеоӣ 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузарро бо дарозии 82 метр дар деҳаи Барсеми деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки қитъаи роҳи деҳаи Барсем мутобиқ ба талаботи замон бунёд ёфт. Ин қитъаи роҳ дорои аҳамияти байналмилалӣ буда, ҷузъи муҳими шоҳроҳи стратегии Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма ба ҳисоб меравад. Он Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути гузаргоҳи сарҳадии Кулма мепайвандад. Бо истифода аз техника ва технологияҳои муосир ва бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва шарикони байналмилалӣ, корҳои таҷдиди роҳ, сохтмони долони зидди тарма ва пули мошингузар дар шароити мураккаби релйефи кӯҳӣ ба анҷом расида, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва иртиботи минтақаҳоро таъмин менамоянд.
Сокинони ноҳияи Шуғнон ва тамоми аҳолии деҳоти Сучон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи беназири инсонпарварона нисбати рушди устувор ва беҳбуди зиндагии сокинони ноҳияи Шуғнон ва тамоми минтақаи кӯҳистони вилоят миннатдорӣ баён карданд. Зеро соли 2015 бар асари ҳодисаи табиӣ роҳи ин мавзеъ зери об монда, рафтуомади мардум ба мушкилӣ мувоҷеҳ шуда буд.
Маҳз бо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар дар муддати кӯтоҳ ин роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ навсозӣ шуда, барои бехатарии мардум долони зиддитармавӣ ва иловатан пули мошингузар сохта шуд.
Бояд гуфт, ки татбиқи ин лоиҳа намунаи равшани сиёсати давлат дар самти ҳамбастагӣ бо мардум, таъмини дастрасӣ ба роҳҳои байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буда, ҳадафмандона амалӣ гардид.
Ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ
27-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави хуштарҳ ва замонавии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бунёд гардида, дорои шароити хуби кору хизматрасонӣ мебошад. Бинои ҳукумати шаҳри Хоруғ 7-ошёна буда, сохтмони он тибқи фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо сифати баланд ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти нав дорои 150 ҳуҷраи корӣ барои 300 нафар, маҷлисгоҳ барои 400 нафар ва толори хурди маҷлисӣ мебошад. Бино, инчунин, бо тамоми инфрасохтор аз қабили системаи гармидиҳӣ дар фасли зимистон, таваққуфгоҳ, зеристгоҳи барқӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, ошхона ва иншооти ёрирасон таъмин буда, ҳамаи ҳуҷраҳо тибқи стандартҳои матлуб ҷиҳозонда шудаанд. Дар таҳхона ҳуҷраҳои техникӣ ва анборҳо ҷойгиранд. Ороиши зоҳирии иншоот бо истифода аз гранит, тахтасангҳои хоро ва мармар сурат гирифта, намои бино бо истифода аз санъати баланди меъморӣ ва ороиши миллию ҷаҳонӣ зинат ёфтааст. Барои зебу зинати дохили бино аз кандакориҳои рӯи гаҷ, панелҳо аз навъи чӯбҳои қиматбаҳо ва рангҳои аълосифат истифода гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо имкониятҳои бинои нав, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ дар пешорӯйи 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ унвон карданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз бинои нав, зикр карданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамшуда кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ вазифадоранд, ки дар татбиқи ҳадафҳои неки Ҳукумати мамлакат, таъмини зиндагии шоистаи мардум, пешбурди корҳои созандагиву ободонӣ саҳми бештар гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки, бо назардошти ниёзи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба бинои замонавӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 барои оғози бунёди он санги асос гузоштанд. Бинои пештараи мақомоти шаҳр дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур ба талаботи фаъолияти корӣ чандон ҷавобгӯ набуд. Қомат афрохтани бинои наву замонавии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар яке аз кӯчаҳои марказию маъмурии ВМКБ ба зебоии бештари шаҳри Хоруғ мусоидат кардааст.
Ба истифода додани пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд
27-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ пули мошингузар, ки ду соҳили рӯдхонаи Ғундро дар мавзеъҳои Шарифобод ва Паринен пайваст менамояд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот 1-уми июни соли 2023 оғоз гардида буд. Дарозии пул 200 метр ва паҳноияш 10 метр аст. Он бо 7 сутуни устувор, деворҳои муҳофизатӣ ва такядеворҳо мустаҳкам гаштааст. Сохтмони пул дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва марҳалаи чоруми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ анҷом ёфт.
Дар шафати пули мошингузар панҷараҳои оҳанӣ насб гардида, аз ду тараф роҳи пиёдагард бо паҳноии 2,20 метр сохта шуд. Инчунин, мутобиқи талабот зери новаҳои обгузар дигар конструксияҳои оҳанубетонӣ насб гардида, гирду атрофи пул чароғон мебошад. Иқтидори борбардории пул 80 тонна буда, аз ду тарафаш барои сокинон бо тарҳу меъмории муосир зинапояҳо сохтаанд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гашт, ки сохтмони пули мошингузар дар маҳаллаи Шарифобод василаи беҳтарини рафтуомади сокинон ва коҳиши танбашавии нақлиёт дар шаҳри Хоруғ мешавад. Сокинон аз бунёди пули мошингузар изҳори хушнудӣ намуда, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.
Ифтитоҳи чойхонаи «Хатлон»
27-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хоруғ бинои навбунёди 3-ошёнаи чойхонаи «Хатлон»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони иншооти мазкур моҳи марти соли 2016 оғоз ёфта, моҳи июни соли равон ба итмом расид. Он дар масоҳати 1000 метри мураббаъ қомат меафрозад. Чойхонаи «Хатлон» дорои меҳмонхонаи замонавӣ буда, дар он барои меҳмонону сайёҳон 24 ҷойи хоб мавҷуд аст. Баробари ба истифода додани иншооти иҷтимоиву хизматрасонии мазкур 15 сокини маҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чойхона, ки бо шаклу унсурҳои миллӣ, дар фазои озоди хушобу ҳавои ин табиати биҳиштосо, дар болои дарёи Панҷ сохта шудааст, дидан намуданд ва ба корҳои созандагии соҳибкори ватандӯст баҳои баланд доданд. Атрофи чойхонаро кӯҳҳои сарбафалак ва дарахтони ҳамешасабзи табиӣ ҳусну таровати тоза мебахшанд. Дарёи Панҷ аз лиҳози экологӣ тоза буда, дорои ду намуди моҳӣ: «карел»-у «маринка» мебошад. Ин имконият фароҳам меоварад, ки ҳангоми истироҳат мизоҷ ва меҳмонону сайёҳон ба моҳигирӣ машғул шуда, истироҳати худро комил намоянд.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 ятим ва шахсони имконияташон маҳдуд аз шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот карданд. Вохӯрии Роҳбари давлат бо нафарони бо амри тақдир аз падару модари худ маҳруммонда дар меҳвари таваҷҷуҳ ва пуштибонӣ қарор доштани ятимону ниёзмандон ва шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби давлату Ҳукумат арзёбӣ мешавад.
Зимни мулоқот Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шароити хуби таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо пайваста чораҳои саривақтиву зарурӣ ва муассир меандешад.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд хони идонаи пурнозу неъмат ороста гардид ва ҳамчунин, ба онҳо туҳфаҳои хотирмон тақдим шуд. Туҳфаҳо аз сарулибос, лавозимоти дарсӣ, шириниҳо ва маблағҳои пулӣ иборат буд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон бобати нигоҳубини хуби ятимону барҷомондагон дастуру тавсияҳо дода, насли наврасро ба омӯхтани дониш, касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят сохтанд.
Ифтитоҳи маркази фарҳангӣ, савдо ва шурои иттифоқи касаба
27-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хоруғ иншооти шашошёнаи маркази фарҳангӣ, савдо ва шурои иттифоқҳои касабаи вилоятро ифтитоҳ намуданд.
Сохтмони иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2021 аз ҷониби панҷ соҳибкори ватандӯст,оғоз гардид. Иншоот бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ дар масоҳати 643 садяк қитъаи замин бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир бунёд шуд.
Иттилоъ доданд, ки шурои иттифоқҳои касабаи ВМКБ, ки дар ошёнаи дуюми марказ ҷойгир аст, дорои 9 ҳуҷраи муосири корӣ ва маҷлисгоҳ мебошад. Дар баробари чор узви шурои иттифоқҳои касаба боз 20 корманди иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкӣ, нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ, комплекси агросаноатии вилоят низ дар бинои навбунёд бо шароити муосири корӣ таъмин гардиданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои фароҳамоварда, ба иқдоми соҳибкорони шаҳри Хоруғ баҳри бунёди чунин як иншооти зебо баҳои баланд доданд. Аснои боздид дар пешайвони бинои муосир ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид.
Дар гӯшае барои ҷалби сайёҳон армуғонҳои хотиравӣ, ба монанди ҷуроб ва шероз, намунаи сангҳои ороишии Бадахшон, ба намоиш ва фурӯш гузошта шудаанд.
Ҳамчунин, дар иншооти муосир коргоҳи ширкати “Хушкори Хоруғ”, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ороишӣ ва чопӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ, аз ҷумла тайёр намудани шиору овезаҳо, оро додани дохили биноҳои нав тавассути тайёр намудани нишона, лавҳа, навиштаҷот, ҳарфҳои равшандиҳанда машғул мебошад, ҷойгир аст.
Инчунин, дар ошёнаҳои дигари иншооти муосир, маркази фароғату истироҳати кӯдакон, кинотеатри хурд барои кӯдакону калонсолон ва қаҳвахонаҳо бо таомҳои гуногуни милливу аврупоӣ мавҷуданд.
Ифтитоҳи Маркази рушди зеҳни сунъӣ
27-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъиро ба истифода дода, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.
Иншоот дар доираи истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва амалишавии Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 рӯи даст гирифта шуда, аз ҷониби соҳибкорзани муваффақ Гуланор Одилбекова бунёд ёфт. Бино дар масоҳати 280 метри мураббаъ бо риояи талаботи шаҳрдорию шаҳрсозии муосир сохта шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат аст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бино китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, қабати дуюм китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва дар қисмҳои болоии бино Маркази рушди зеҳни сунъӣ ҷойгиранд. Китобхонаҳои мазкур дорои толори хониш, ҳуҷраи нигоҳдории китоб, толор барои баргузории маҳфилҳои илмию адабӣ, китобхонаи электронӣ бо дастрасии беш аз 5 ҳазор адабиёт буда, бо техникаю лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳазанд.
Дар қисми алоҳидаи китохбонаи кӯдаконаи вилоятӣ гӯшаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил шуд, ки дар он ҳамаи адабиёти зарурӣ барои дӯстдорони китоб маҳфуз аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳиммати соҳибкор, барои ташкили чунин пойгоҳи илму дониш баҳои баланд дода, иқдоми мазкурро намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат бунёд ва муҷаҳҳазгардонии иншоотро бо адабиёти зарурӣ ва фаъолияти Маркази рушди зеҳни сунъӣ дар маркази шаҳри Хоруғро қадами устувор дар роҳи илму дониши муосир хонданд. Бояд таъкид сохт, ки то имрӯз масъулони китобхонаҳои кӯдаконаи вилоятӣ ва шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ аз набудани шароит дар ин самт ва дастрас набудани адабиёти зарурӣ мушкилӣ доштанд. Ҳоло бо роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инфрасохтори зарурӣ дар ин самт таъмин гардид. Зимни муаррифии фаъолияти Маркази рушди зеҳни сунъӣ, таъкид гашт, ки муассиса бо назардошти талаботи замон фаъолият дошта, ба он омӯзгорони соҳибтахассус, донандагони хуби забонҳои хориҷию илмҳои муосир ҷалб шудаанд.
Рӯи даст гирифтани тадбири мазкур, дар асоси амалинамоии Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ба ҳисоб меравад, ки кишвари мо дар ин самт қадамҳои устувор мегузорад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди зеҳни сунъиро дар замони мусоир яке аз унсурҳои ҷудонопазир бобати пешрафти иқтисоди рақамӣ неку муассир арзёбӣ намуда, фаъолияти самарабахш дар ин ҷодаро ба манфиат маънидод карданд.
Гуфта шуд, ки маҳз барои ҳамин солҳои 2025-2030 – Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидааст, ки яке аз самтҳои асосии он рушди зеҳни сунъӣ ва ҳамгироии он ба иқтисод ва идоракунии давлатӣ мебошад.
Сарвари давлат ба иҷрои корҳои сомонёфта баҳои баланд дода, ба масъулон барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати кор ва тарбияи дурусти наврасону ҷавонон ба илмҳои замони муосир дастуру тавсияҳои мушаххас доданд. Дастандаркорон аз дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат аз бахши хусусӣ изҳори миннатдорӣ карда, дар оянда барои саҳмгузорӣ дар ободонии кишвар изҳори омодагӣ намуданд.