Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 24 то 29 апрели соли 2023 дар давлатҳои узви Бюрои минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қайд карда мешавад, мизи мудаввар сурат гирифт.
Чорабинӣ бо иштироки Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раймундас Кароблис, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Виктор Олшавский, сардори намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҷумҳурӣ, Осама Маккави, сардори намояндагии хазинаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ), Файзалӣ Саидзода, директори генералии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика, доир гашт.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол таҳти шиорҳои гуногун сурат мегирад. Соли ҷорӣ он «Ҳар як воя муҳим аст. Вақт муҳим аст» унвон дорад.
Абдухолиқ Амирзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт: «Мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаро нигарон кардааст, ин бемории сурхча мебошад. Бемории мазкур бори дигар тамоми мардуми дунёро водор месозад, ки аҳамияти иммунизатсияро дар пешгирии бемориҳои сироятӣ дарк намуда, аз он бетараф набошанд. Хушбахтона, айни замон дар Тоҷикистон бемории сурхча ба қайд гирифта нашудааст».
– Ваксинаҳо барои пешгирӣ ва назорат кардани бисёри бемориҳо дар байни аҳолии синну солашон гуногун кумак мерасонанд. Маҳз барои ҳамин, Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия соли 2023-ро Соли иммунизатсия эълон кардааст, то дар он диққати махсус барои паст кардани сатҳи фарогирии кӯдакони бозмонда ба воя равона карда шавад. Лозим меояд, кӯдаконе, ки дар давоми пандемия аз иммунизатсия бозмондашудаанд, ҳадди ақал ба сатҳи дар соли 2019 бадастоварда баробар шаванд, – гуфт Раймундас Кароблис.
Виктор Олшавский, иброз дошт, ки аз оғози пандемияи COVID – 19, дар минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки Тоҷикистон ба он шомил аст, як миллиону дусад ҳазор кӯдак аз иммунизатсияи зидди сурхча, баногӯшак ва гулафшон (СБГ) боз мондаанд. Тоҷикистон ҳамасола ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи иммунизатсия баҳри тарғиби он дар байни аҳолии кишвар ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ як қатор чорабиниҳоро амалӣ гардонда истодааст.
Зикр гардид, ки як қатор чорабиниҳои муҳим баҳри баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони соҳаи тиб оид ба масъалаҳои иммунизатсия ва гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифода аз ВАО, тақсим намудани варақаҳои иттилоотӣ дар байни аҳолӣ ташкил ва гузаронда мешаванд.
Дар анҷоми чорабинӣ бахшида ба 75-солагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ як зумра роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии пойтахти мамлакат, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ баҳри саҳми арзанда гузоштан дар маъракаҳои иммунизатсия бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»