Бигӯям шукри бепоён, Ватан амн аст,
Дирафши сулҳ болафшон, Ватан амн аст.
Наарзад ҳеҷ ганҷу сарвати дунё,
Ба хоби роҳати тифлон, Ватан амн аст.
Адолат гар бигирад дасти озодӣ,
Шиори насли озодон, Ватан амн аст.
Муроди дил шавад ҳосил зи сарҷамъӣ,
Ки ободӣ набуд осон, Ватан амн аст.
Ҳимоят мекунад оромии моро,
Ба ҷонаш афсари даврон, Ватан амн аст!
Чароғи нанги миллатро кунад равшан,
Ба хуни дил, зи сӯзи ҷон, Ватан амн аст.
Сурайёи ҲАСАНСУЛТОН,
“Ҷумҳурият”