Имрӯз Пешвои ваҳдатовари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо яке аз шахсиятҳои калидии минтақа, балки ҷомеаи башарианд, ки қадам ба қадам бо ҳамин ормон – ваҳдатгароӣ ташаббусҳои созандаро рӯи даст гирифтаву талош меварзанд. Далели ин пайгирӣ намудани дипломатияи об ва саҳм гузоштан дар ҳифзи иқлими сайёра аст, ки ҳамакнун ҷомеаи байналмилалӣ ба ҳарфи Тоҷикистон гӯш медиҳад ва Душанберо чун макони баргузории бузургтарин чорабиниҳо интихоб кардааст.
Воқеан, дар ҳоли ҳозир ҷомеаи башарӣ дар ҳалли масоили обу иқлим ба ваҳдати сартосарӣ ниёз дорад, то фардои ҳаёт дар рӯи замин ҳифз шавад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон бошад, тайи беш аз 20 сол аст, ки ба масъалаи мазкур нигаронда шудаанд ва Сарвари давлат аз меҳмонҳои ифтихории чорабиниҳои дар ин самт баргузоршаванда дар саросари ҷаҳонанд.
Чанде пеш аввалин Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баргузор шуд, ки ҳама сухан аз нақши боризи Пешвои миллат дар ҳалли ин проблемаи умда буд. 2500 меҳмон аз Тоҷикистон бо таассуроти нек рафт. Ҳанӯз сухан дар бораи Конфронси болозикр буд, ки Роҳбари давлат ба маросими ифтитоҳи Даҳсолаи байналмилалии илмҳои криосферӣ ва иштирок дар Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнус (UNOC-3) ба шаҳри Нитсаи Фаронса даъват гардиданд.
Шахсан барои ман ҳамчун намояндаи Тоҷикистон пешвози гарму самимии Роҳбари давлат аз ҷониби кишвари мизбон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, суханрониҳояшон дар расми ифтитоҳи Даҳсола ва Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнус боиси ифтихор буд. Дар ҳар гӯшаи Нитса шоҳиди суханони меҳмонони ба наздикӣ аз Душанбе рафта будем, ки дар бораи кишвари мо мегуфтанд.
Зимни мулоқот Президенти Фаронса Эммануэл Макрон аз Сарвари давлати мо ҷиҳати қабули даъват ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии Нитса арзи сипос намуда, нақши пешвоии Тоҷикистонро дар умури ҷаҳонии обу иқлим махсус таъкид кард. Ҳамчунин, ҷониби кишвари моро бо баргузории бомуваффақияти нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо табрику таҳният гуфт.
Муовини директори генералии ЮНЕСКО хонум Лидия Брито ҳангоми баромадаш дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе ба оғози Даҳсолаи байналмилалии илмҳои криосферӣ ишора карда, аз иштироки Сарвари давлат дар ин чорабинии муҳим истиқбол намуд.
– Ин оғози сиёсӣ ҳадаф дорад, ки натиҷаҳои Конфронси имрӯзаи моро ба як садои устувор, уҳдадории Даҳсола барои илм ва амал дар соҳаи криосфера табдил диҳад. ЮНЕСКО бо ифтихор Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ мекунад ва дар ин лаҳзаи таърихӣ паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад", – гуфт ӯ.
Директори кулли Созмони ҷаҳонии метеорологӣ хонум Селеста Сауло иқдомоти Президенти маҳбуби моро барои пешбурди рӯзномаи ҳифзи пиряхҳо қобили тавсиф донист. Ба таъкиди ӯ, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамчун як рӯйдоди муҳим саҳми Тоҷикистон ва роҳбарони дигари ҷаҳонро дар ҳифзи пиряхҳо ва муҳити зист нишон медиҳад.
Хулоса, аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, то намояндагони Гамбияву Малдив ва Зимбабвеву Эрони бародар аз иқдоми шоистаи Тоҷикистон дар ҳалли масоили нобудшавии сарчашмаҳои обӣ гуфтанду нақши Ҷаноби Олиро дар ин самт махсус таъкид карданд. Меҳвари ҳама суханрониҳо як буд – аҳли олам бояд ба ҳам ояд. Танҳо ваҳдати халқҳо метавонад инсониятро аз ин буҳрони шадид наҷот диҳад.
Комрон САФАР,
“Ҷумҳурият”