Бо назардошти таҳаввулоти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа, моҳи июни соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба тасвиб расид.
Қонуни мазкур, ки ҳоло дар кишвар мавриди амал қарор дорад, ба хотири ҳимояи манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон, коҳиши исрофкорӣ ва таъмини баробариҳои иҷтимоӣ қабул шудааст. Бешубҳа, таҳрири нави Қонун ба фарҳанги сарфакорӣ ва зиндагии оқилона такони нав бахшид.
АЗ ТАҶРИБА ТО ТАДБИРҲОИ ҲУҚУҚӢ
Таҷрибаи солҳои пешин нишон дод, ки баргузории ҷашну маросим бо хароҷоти аз ҳад зиёд ба буҷети хонаводаҳо таъсири ҷиддӣ мерасонд. Бисёр вақт оилаҳо барои "беобрӯ нашудан" ба гирифтани қарзҳои аз бонк даст мезаданд, ки ин амр оқибатҳои нохуши иҷтимоиву равонӣ низ ба бор меовард.
Қонуни мазкур татбиқи баробари меъёрҳоро барои ҳамаи шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, сарфи назар аз ҷойгоҳ ва имкониятҳои моддӣ, ба роҳ монда, фарҳанги сарфакорӣ, мутаносибӣ ва маърифати ҳуқуқиро ташвиқ мекунад.
ТАТБИҚИ ҚОНУН ДАР СУҒД
Дар вилояти Суғд ҷиҳати риояи муқаррароти Қонуни мазкур як қатор тадбирҳои ҷиддӣ роҳандозӣ гардидаанд. Бино ба иттилои Назирзода Фаррух Назирҷон, мутахассиси шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, танҳо дар панҷ моҳи соли 2025 дар вилоят 5901 маърака баргузор шуда, маблағи хароҷот 46 миллиону 193 ҳазору 314 сомониро ташкил дод. Дар ин маъракаҳо 14 сар чорвои калону 1424 сар чорвои майда забҳ гашт.
Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар минтақа сатҳи риояи Қонун ва масъулияти иҷтимоии шаҳрвандон тадриҷан боло меравад ва анъанаҳои маъракаороӣ мутобиқи имкониятҳои воқеии мардум мегузаранд.
МАСЪУЛИЯТИ ИҶТИМОӢ ВА ТАҒЙИРИ ТАФАККУР
Қонуни мазкур танҳо бо чораҳои маъмурӣ татбиқ намешавад – иҷрои самараноки он, пеш аз ҳама, ба сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандон вобаста аст. Омори панҷ моҳи соли равон нишон дод, ки дар вилояти Суғд 148 қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда аз зарурати ҷалби фаъолонаи ҷомеа ва густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ шаҳодат медиҳад.
Мардум беш аз пеш дарк мекунанд, ки риояи Қонун на танҳо сарфаи маблағ, балки рамзи эҳтиром ба фарҳанги миллӣ ва ойини ватандӯстӣ мебошад.
Дар робита ба ин масъалаи муҳим, сокини шаҳри Конибодом Шарофат Каримова чунин мегӯяд:
– Мо баъди қабули Қонун чор фарзанди худро хонадор кардем ва дигар маъракаҳоро низ баргузор намудем. Бо харҷи кам ва бидуни қарз тавонистем маъракаҳоро дар сатҳи хуб ва мутобиқи меъёрҳо гузаронем. Қонун барои мо бисёр сабукӣ овард.
НАҚШИ СОХТОРҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ВАО ДАР ТАТБИҚИ ҚОНУН
Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, нозирони давлатӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти татбиқи қонун вазифаи муҳими фаҳмондадиҳӣ, назорат ва роҳнамоӣ доранд. Дар ин росто, танҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2025 аз ҷониби шуъбаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросими вилоят 192 семинару мизи мудаввар ва 986 мулоқоту вохӯрӣ бо шаҳрвандон доир гардидааст.
Инчунин, бо ҷалби васоити ахбори омма, паёмҳои тарғиботӣ, шарҳи моддаҳои қонун ва ташвиқи таҷрибаи хуби шаҳрвандон, ҷомеа тадриҷан ба риояи муқаррароти қонун омода мегардад.
ФАРҲАНГИ МАЪРАКАОРОӢ – ОМИЛИ СУБОТ ВА РУШДИ ИҶТИМОӢ
Имрӯз зарур аст, ки ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ дарк намояд: ҷашну маросим танҳо як қисми суннат нестанд, балки рукни муҳими фарҳанги миллӣ ва бозгӯи маърифати ҳуқуқии шахс мебошанд.
Танзими оқилонаи маъракаҳо на танҳо аз исрофкорӣ ҷилавгирӣ мекунад, балки ба таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ, устувории хонаводаҳо ва рушди зеҳнии ҷомеа низ мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, риояи Қонуни мазкур бояд рисолати ахлоқиву шаҳрвандӣ дониста шавад. Ҳар шахс, қатъи назар аз мансабу мақом, метавонад бо ҳисси баланди масъулият ба амалӣ шудани ин Қонуни зиндагисоз саҳми арзанда гузорад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”