Чанде пеш бо ташаббуси Агентии иттилоотии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин “Синхуа” ва Комплекси телевизион ва радиои Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона, Форуми рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамзамон, Конфронси сеюми байналмилалии коммуникатсионии “Роҳи Абрешим” баргузор гашт.
Дар Форум намояндагони воломақоми расмӣ, илмӣ ва иттилоотии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзида, мавзуъҳои муҳими марбут ба сиёсати байналмилалӣ, ҳамкории расонаҳо, рушди иқтисодро баррасӣ намуданд.
Ёвари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба сиёсати дохилӣ ва коммуникатсия Арман Қириқбоев бо қироати номаи табрикии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев Форумро ифтитоҳ бахшида, тазаккур дод, ки баргузории ҳамоиш ба шарофати сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар доираи Форуми дуюми рушди ҳамкориҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ – Чин имконпазир гардид.
Сипас, директори генералии Агентии иттилоотии “Синхуа” Фу Хуа доир ба дастовардҳо, имкониятҳо ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ сухан ронда, тазаккур дод, ки бо раҳнамоии муштараки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳо миёни Чин ва кишварҳои минтақа ба марҳалаи нави таърихӣ ворид гардидаанд.
Шахсони масъули агентиҳои иттилоотии кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳими Форуми оҷонсиҳои иттилоотии “Чин – Осиёи Марказӣ”-ро дар таҳкими ҳамкориҳо баланд арзёбӣ намуданд. Онҳо, ҳамзамон, иброз доштанд, ки омодаанд мубодилаи таҷриба ва ҳамкориҳоро бо васоити ахбори оммаи Чин, аз ҷумла Агентии иттилоотии “Синхуа”, минбаъд давом дода, дар пешбурди омӯзиши мутақобилаи тамаддунҳо ва расидан ба рушди муштарак саҳми муносиб гузоранд.
Раушан Кажибаев, Директори генералии Комплекси телевизион ва радиои Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, баён дошт, ки Форум таҷассумгари равобити ҳамсоягӣ ва дӯстии амиқи байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, воситаҳои ахбори омма бояд ба татбиқи натиҷаҳое, ки дар ин ҳамоиш ба даст омадаанд, мусоидат намоянд.
Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” Субҳиддин Шамсиддинзода таъкид сохт, ки ҳамкориҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар соҳаи иттилоот самараи нек ба бор овардаанд. Ӯ, ҳамзамон, изҳори умед кард, ки мубодилаи таҷрибаҳо оид ба масоили омодасозии мутахассисон дар соҳаи коммуникатсия, таҳкими ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ (креативӣ) дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.
Бояд гуфт, ки Форум се бахшро дар бар гирифт, ки ҳар кадом ба самтҳои алоҳида бахшида шуда буд. Дар бахши якум оид ба мавзуи “Ҳамгироии кишварҳои минтақа, ташаккули ҷомеаи ягона ва мутобиқсозии стратегӣ ба таҳаввулоти глобалӣ” аз Тоҷикистон ноиби аввали ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Тоҳир Маҷидов ва директори иҷроияи медиа-ҳолдинги “Азия Плюс” Манижа Аҳмадова баромад карданд. Дар ин бахш иштирокдорон дурнамои ҳамкориҳои иттилоотӣ ва нақши зеҳни сунъиро дар ҷаҳони муосир баррасӣ намуданд.
Хулоса, Форуми агентиҳои иттилоотии “Чин – Осиёи Марказӣ” як минбари муҳими байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкориҳо байни васоити ахбори омма, густариши табодули фарҳангӣ ва эҷоди фазои иттилоотии мутавозин миёни кишварҳои ин минтақа гардид. Форум заминаи тоза барои ташаббусҳои муштарак, мубодилаи таҷриба, барномаҳои омӯзишӣ ва тавсеаи лоиҳаҳои иттилоотӣ фароҳам овард. Он ҳамчун қадами муҳим дар самти бунёди “ҷомеаи бо сарнавишти муштарак” байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”, Душанбе – Остона – Душанбе