Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мавсума Муинӣ бо Президенти Парламенти музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Олмон Гуннар Шелленбергер мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ густариши ҳамкории Тоҷикистону Олмон, таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ байни кишварҳо ҳамчун механизми мусоидат ба раванди ҳамкории мутақобилан судманд муҳим арзёбӣ гардид.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Рушди мунтазами муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ҳар ду давлат муносибатҳои дуҷониба мунтазам рушд карда, тамоюли расидан ба сатҳу сифати нави ҳамкорӣ дорад.
Ширкати Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ
Дар шаҳри Минск ҷаласаи Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид, ки дар он Музаффар Ашуриён иштирок ва суханронӣ намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа вазири адлия оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рақамикунонӣ ва такмили фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ маълумот пешниҳод намуд.
Эмомалӣ Собирзода дар машварати вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар шаҳри Тсиндаои Чин машварати вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СҲШ доир гашт. Дар он вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода низ иштирок намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа ва амният, инчунин, рушди муносибатҳо байни қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин
Дар шаҳри Нинбо масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика байни Тоҷикистон ва Чин дар мулоқоти муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шарифа Худобахш бо муовини роҳбари Идораи давлатии энергетикаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Жэн Сзиндун баррасӣ гардид.
Аз дафтари матбуоти Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи 5-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардида, ҷонибҳо атрофи рушди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти идоракунии самараноки энергетика табодули афкор намуданд.
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ мешавад
Имсол Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (ИФАД) дар Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ»-ро ба анҷом мерасонад.
Дар ин хусус зимни вохӯрии вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода бо ноиби президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Жерардин Мукешимана иттилоъ дода шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои устувории лоиҳаҳои баанҷомрасидаи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон ва саҳми онҳо дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ноҳияҳои пилотӣ ва рафти татбиқи лоиҳаҳо мубодилаи афкор намуданд.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроияи Фонди рушди саудӣ
Дар шаҳри Риёз сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо раиси иҷроияи Фонди рушди саудӣ Султон ибни Абдурраҳмон ал-Маршад вохӯрд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, дар мулоқот ҳолати феълӣ ва дурнамои ҳамкорӣ бо Фонди рушди саудӣ, инчунин, раванди татбиқи лоиҳаҳои рушд, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби Фонди мазкур маблағгузорӣ мешаванд, баррасӣ гардиданд.
Гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи EXPO-2025
«Ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 25 ҳазор нафар гӯшаи Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи EXPO-2025 тамошо карда, бо табиати нотакрори Тоҷикистон, пиряхҳо ва захираҳои обӣ, дастоварду имкониятҳои сармоягузорию сайёҳии мамлакати мо шинос мешаванд»,– омадааст дар хабари АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки 27-уми июн дар шаҳри Осака, дар доираи Намоишгоҳи EXPO-2025, Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар чорабинӣ муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода, Комиссари генералии Намоишгоҳ Ҳанеда Коҷи, намояндагони мақомоти давлатии Ҷопон, корпуси дипломатӣ ва меҳмонон иштирок намуданд.
Дар он маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, имкониятҳои сармоягузорию сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сангҳои ороишӣ, нигораву армуғонҳои миллӣ ва маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклет, QR-код ва бюллетени электронӣ муаррифӣ шуданд.