Бо ибтикори Вазорати молия дар доираи лоиҳаи “Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ”-и (ТШСИ) Бонки ҷаҳонӣ зери унвони “Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ ва татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тренинг баргузор гардид.
Рафиқа Мусоева, узви Шурои ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ, зимни баррасии мавзуъ ҳадафи ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба ин ташкилот шарҳ дода, иброз дошт, ки ин иқдом ба беҳтар кардани шароити сармоягузорӣ таъсири мусбат дошта, обрӯи кишварро ҳамчун ҷонибдори шаффофият афзун мегардонад, ҷойҳои нави кор таъсис дода мешаванд ва барои табақаҳои муайяни аҳолӣ сарчашмаҳои нави даромад ба вуҷуд меоянд.
Таҷрибаи шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ стандарти ҷаҳонӣ буда, барои шаффофият дар соҳаҳои саноати истихроҷи нафту газ ва кӯҳканӣ мусоидат менамояд. Ташаббуси мазкур аз се ҷузъи асосӣ иборат аст: кӯшиши манфиат гирифтани ҳамаи ҷонибҳо аз истихроҷи захираҳои табиӣ; иттифоқи Ҳукумат, ширкатҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ; стандарти интишори маълумоти пардохти ширкатҳо ва ифшои маълумоти ҳукуматӣ оид ба ворид шудани маблағҳо.
Гуфта шуд, ки ҳоло зиёда аз 100 ширкати бузурги нафту газ ва канданиҳои кӯҳӣ барои татбиқи ТШСИ талош меварзанд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ҳамроҳшавӣ ба ташаббуси мазкурро моҳи июни соли 2011 шуруъ кард.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
ҲИСОР. ТАҶЛИЛИ СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ДОШТ
Дар кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр Ҷаббор Носирзода, собиқадорони ҷангу меҳнат, аҳли зиё ва дигар фаъолони шаҳр бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ ва фарҳангӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш раиси шаҳр иштирокчиён ва дар симои онҳо сокинони шаҳрро табрику таҳният гуфта, нахуст, аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, саҳми арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, баргардондани беш аз як миллион гуреза аз хориҷи кишвар ва сарҷамъии миллат, таъмини амнияту субот, обод ва баланд гардидани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ёдовар шуд.
Ҳамзамон, афзуд ки ваҳдати миллати тоҷик зодаи истиқлолияти давлатии ин халқи тамаддунофар ва куҳанбунёд буда, самараи ҷоннисорӣ ва ватандӯстиву фидокориҳои фарзандони фарзона ва халқи некманиши он бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз имтиҳони таърих гузаштаву пойдор мондааст. Моро зарур аст, ки бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар атрофи роҳбарияти олии кишвар муттаҳид шуда, барои рушд ва шукуфоии диёрамон дучанд талош варзем. Ваҳдат – ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро арҷ гузошта, ҷавонону наврасонро дар руҳияи неки ахлоқӣ, ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намоем, то тавонанд дар оянда ин гавҳари ноёбро пойдор нигоҳ доранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор кормандони ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони шаҳр, ки дар суботу оромии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ ҳиссагузор ҳастанд, сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тақдим гардид. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва тараннумгари зебоиҳои диёр барномаи рангини консертиро пешкаши аҳли нишаст карданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
«ШОҲРОҲИ ҲАЁТ»
Бо чунин унвон китоби нави адиби заҳматпеша, журналисти номвар, публитсист Раҷабалӣ Аҳмад, ки бештар аз 65 соли умри пурбаракати худро ба кори адабиёту матбуот бахшидааст, ба нашр расид, ки аз маҷмуи мақола, мусоҳиба ва хотираҳои нависанда иборат аст.
Муҳаррири «Шоҳроҳи ҳаёт» шоир Парда Ҳабиб нигоштааст, ки Раҷабалӣ Аҳмад шахси хушбахт аст, ки кори худро дар рӯзномаи бонуфузтарини кишвар «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») оғоз намуда, аз мактаби муътабари он сабақ бардоштааст. Аз ин рӯ, дар маҳсули килкаш домани тасвир, андеша, гузориши масъалаҳо густурдаву басо ҷиддӣ ба назар мерасанд. Минбаъд Раҷабалӣ Аҳмад сармуҳаррири рӯзномаи ноҳияи Файзобод таъин мегардад ва ҳам робитаашро бо нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Адабиёт ва санъат», ҳамчунин, бо «Садои мардум» - у «Минбари халқ» густариш мебахшад.
Устод Раҷабалӣ Аҳмад сол ба сол дар эҷоди асарҳои публитсистӣ камол ёфта, сипас, ба навиштани очеркҳои бадеӣ, ҳикоя ва қиссаҳо мепардозад ва китобҳояш «Саманди зебо», «Аланга», «Бӯи шир», «Манзили меҳри шумо», «Меҳри диёри шукуфон», «Роғун – кафолати зиндагии шоиста», «Дурдонаҳои диёри нурафшон», «Қаламкаш» (дар ду ҷилд) ва ғайра паси ҳам ба дасти хонандагон мерасанд. Қаҳрамони асарҳои бадеӣ ва публитсистиаш ҳама аҳли заҳмат, пешқадамони истеҳсолот, ҳамчунин олимону зиёиён, ихтироъкорони варзида мебошанд. Махсусан, дар бораи бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо як меҳру муҳаббати самимӣ қалам меронад. Вай, ки аз солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри ХХ бо лоиҳа ва рафти корҳои аввалини Неругоҳ шинос буд ва баъдтар, дар солҳои соҳибистиқлолӣ, ҳангоми фаъолияташ дар Кумитаи ҳифзи табиат ва маркази матбуоти НБО «Роғун» бо мутахассисон ва коргарони ин иншооти бузург робитаи пайваста дошт ва бо онҳо дар лаҳзаҳои мувофиқ суҳбат меорост. Натиҷаи ин ҳамнишиниҳо бо офарандагони манбаи нур сабаби ба миён омадани очеркҳо, ҳикояҳо ва қиссаҳои воқеию мондагор шудааст. Корманди шоистаи Тоҷикистон, шаҳрванди фахрии шаҳри Роғун Раҷабалӣ Аҳмад ҳар як асари хурду калонашро бо меҳр эҷод менамояд. Ҳамин аст, ки тасвирҳои ҷолиб, зинда, табиӣ, гуфторҳои самимиву пандомез, симоҳои офаридаи муаллифи пуркор китобҳояшро ҷолиб ва хонандагонашро ба иҷрои корҳои нек ҳидоят менамоянд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
МЕЪМОРӢ. ТАВАҶҶУҲ БА ШАҲРСОЗӢ ТАЛАБИ ЗАМОН АСТ!
Дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони "Рушди меъморӣ, шаҳрсозӣ - талаби замон" семинари вилоятӣ доир шуд, ки дар он намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ, лоиҳакашон, меъморон, раисони кумитаҳои заминсозии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ширкат доштанд.
Қабл аз оғози кори семинар, иштирокдорон дар толори калони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд намоиши васеи кори лоиҳакашону шаҳрсозон – ангораҳои гуногуни ҷолибу дилангезро, ки аз тахайюлоти баланди эҷодӣ гувоҳӣ медоданд, тамошо карданд. Ангораҳо иборат аз тарҳи биноҳои замонавӣ бо таъиноти гуногун: манзили истиқоматӣ, кохҳои фарҳангӣ, кӯдакистону макотиб, майдони варзишиву марказҳои саломатӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ буданд, ки ба ҳозирин таассуроти хуб бахшиданд.
Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, аз ҷумла гуфт:
– Ҳадафи асосӣ аз баргузории ҳамоиши мазкур таҳким бахшидани меъморию шаҳрсозӣ дар қаламрави вилоят ва ба ин васила, бунёди беҳтарин иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, варзишиву фарҳангӣ, таваҷҷуҳи зиёд намудан дар ҷараёни лоиҳакашиву меъморӣ ба унсурҳои миллии шаҳрсозӣ, кандакориву нақшнигорӣ бо такя ба анъанаҳои қадимиву таърихии ниёгон, дар сохтмон истифода бурдани беҳтарин санъати сохтмонии ҷавобгӯй ба талаботи муосир, баҳрбардорӣ аз пешрафти илму техника ва дар ниҳоят, куллан зебову замонавӣ гардондани симои шаҳру деҳот мебошад, ки аз дастурҳои доимии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар доираи истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншооти дорои таъиноти гуногун сохта мешавад, ки дар бунёди онҳо саҳми лоиҳакашу меъмор ва муҳандисони сохтмон басо бузургу муассир аст.
Дар семинар Музаффар Юнусов, собиқадори меъморию шаҳрсозӣ, мушовири раиси вилоят оид ба кори сохтмон, Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, Мӯъминҷон Бобоев, раиси Ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва меъмор Мансур Эшонов оид ба сатҳи имрӯзаи меъмориву шаҳрсозӣ ҳарф зада, таъкид намуданд, ки бояд дар бунёди ҳамагуна иншоот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”