Дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик байни ахтарони пурҷилову мондагор ситорагоне ҳастанд, ки тобишу ҷилову фурӯғи онҳо то замони мо рангин боқӣ мондааст. Яке аз аввалин чунин шахсиятҳои таърихсоз, ки дар сарнавишти халқи тоҷик дирафши дӯстиро парафшон намудааст, подшоҳи Ҳахоманишиҳо – Куруши Кабир мебошад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун нишонаи аввалини ирода ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсонӣ сабт шудааст. Фарҳанги сулҳпарварӣ, дарку шинохти он дар замири халқи тоҷик азалӣ ва меросӣ буда, аз даврони ҳукмронии Куруши Кабир сарчашма мегирад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми беназири Куруши Кабирро дар таъмини сулҳу озодӣ ва амнияти инсоният таъкид дошта, зикр кардаанд: “Эъломияи Куруши Кабир, ки фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстӣ аз он сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст”.
Ҳадаф аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки банда ҳамчун шахси бакамолрасида ва дорои ҳувияти милливу идроки сиёсӣ дар ақидаву амалҳо, сиёсати сулҳпарварона ва оини сулҳофаринии Пешвои миллат, давомдиҳандаи ғояҳову азму талоши Куруши Кабирро дар истиқрори сулҳ мебинам.
Далели ин гуфтаҳо ҳаллу фасли масъалаҳои марзӣ бо ҳамсоякишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистон мебошад, ки дар солҳои гуногун ҳатто баъзан боиси муноқишаҳо мегардид. Дар заминаи ин таҳаввулоти нусратбахш, сарҳадҳои баста боз шуданд ва мардуми тоҷику ӯзбеку қирғиз ҳусни неки ҳамсоядориро ҳифз карданд. Бори нахуст дар таърихи соҳибистиқлолӣ 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ вохӯрии якҷояи сарварони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Муҳимтарин натиҷаи ин нишаст ба имзо расидани Созишномаи таърихӣ дар бораи пайванди марзҳои се кишвар мебошад, ки ба баҳсу муноқишаҳои солҳои охир хотима бахшид. Роҳбарони давлатҳо Эъломияи Хуҷандро имзо карданд, ки он санади муҳими таърихӣ миёни ин давлатҳо буда, дӯстии абадӣ миёни ин се кишвари ҳамсояро баён мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд таъкид намуданд: “Мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем. Боварӣ дорам, ки аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт”.
Дар такя ба ин далелҳо бо ифтихор арз мекунам, ки ҳар куҷое Пешвои муаззами миллат пой мениҳанд гулзор мегардад, ҳар гуфтушуниде, ки бо ҳузури Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттифоқ меафтад, натиҷаҳои хубу зиндагисоз ба бор меоранд, ки то имрӯз намунаҳои зиёде аз онҳоро шоҳид будем.
Фаришта ҲАСАНЗОДА,
ассистенти Донишгоҳи техникии
Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд