Баргашт Чоп кардан

СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. РАҚАМИКУНОНИИ СОҲА ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои мақомоти мазкур Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагиронро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Таъкид шуд, ки Марказ дар асоси нишондоди Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024), дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) ва ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ба хотири вусъати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ таъсис ёфтааст. Ин тадбир шаҳодати тақвияти равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи муассири имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар соҳа мебошад.
Тамос бо Марказ тавассути рақами кӯтоҳи 3900 имконпазир буда, ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон тавассути телефони мобилӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъини нафақа аз рӯи маъюбӣ, синну сол, маҳрум шудан аз саробон ва пас аз таъин гардидани нафақа идома додани фаъолияти меҳнатӣ, пешниҳоди ҳуҷҷат барои бозҳисобии нафақа, аз ҷониби операторон пурра ва сари вақт посух дода мешавад.
Ҳамзамон, аз тарафи Агентӣ барномаи Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон таҳия гардидааст, ки барои пешбурди пардохти нафақа ба таври автоматӣ тавассути КВД БА ҶТ “Амонатбонк” аз моҳи марти соли 2025 дар доираи лоиҳаи таҷрибавӣ пардохти мутамаркази нафақаро дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав ва Файзобод роҳандозӣ намуд. Тибқи нақша, Агентӣ тасмим гирифтааст, ки то моҳи сентябри соли 2025 дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ба пардохти автоматикунонии нафақа тавассути КВД БА ҶТ “Амонатбонк” пайваст намояд.
Инчунин, оид ба сари вақт гирифтани маълумот дар бораи шаҳрвандони фавтида Агентӣ якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода, чорабиниҳои ташкилию техникӣ ва методии зарурӣ гузаронд. Дар ин раванд, барои табодули маълумот бо дигар мақомот тавассути барномаи пули ҳушманд (Smart Bridge) миёни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хатти нурии баландсуръат барқарор шуд. Тавассути барномаи мазкур корҳо оид ба автоматикунонии қабули маълумот дар бораи фавти шаҳрвандон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати адлия амалӣ гардида, бақайдгирӣ ва муайян намудани далели фавти шаҳрвандон ба таври автоматӣ боздошт ва қатъ намудани пардохтҳои нафақа ба роҳ монда шуд.
Пас аз гузарондани санҷишҳои таҷрибавӣ, тавассути системаи мубодилаи иттилоотии байниидоравӣ сабти шаҳрвандони фавтида ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа интиқол ёфт, ки барои соҳа муҳим аст.
Роҳандозии чунин иқдомҳо барои беҳтарсозии раванди кор бо ҳуҷҷатҳои электронӣ нақши бориз дорад. Ин дар ҳолест, ки Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамасола дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои махсуси фаъолиятро таҳия намуда, ҷиҳати татбиқи онҳо чораҳои мушаххасро амалӣ месозад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”