Баргашт Чоп кардан

БОБО САНГИНОВ. САҲМИ ШАХСИЯТ ДАР РУШДИ ИЛМИ КИШОВАРЗӢ

Академик Бобо Сангинов, ҳамчун олими соҳибтаҷрибаи соҳаи кишоварзӣ, соли 1993 президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) таъин гардида, дар ин вазифа 12 сол самаранок фаъолият намуд. Аз соли 2005 то соли 2017 мушовири президенти АИКТ буд.
Дар солҳои фаъолияташ дар вазифаи президенти АИКТ Бобо Сангинов барои равнақу ривоҷи илми соҳавӣ ҳиссаи арзанда гузошт. Дар ин давра Маркази ҷумҳуриявии механиконии кишоварзӣ, Маркази илми кишоварзӣ дар вилояти Суғд, Стансияи таҷрибавии кишоварзии Помир, Стансияи таҷрибавии Панҷакент доир ба шолию тамокупарварӣ, хоҷагии тухмипарварӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва чандин шуъбаю озмоишгоҳҳои замонавӣ ва марказҳои илмӣ дар институтҳо таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, Маркази захираҳои генетикии зироатҳои кишоварзӣ дар Институти зироаткорӣ, Маркази минтақавии омӯзиши зардолу дар Институти боғпарварию сабзавоткорӣ ва Маркази биотехнологияи чорво дар Институти чорводорӣ.
Ҳиссаи устод Бобо Сангинов дар коркарду такмили низоми пешбурди илми кишоварзӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаҳои илмии Академия назаррас мебошад. Бо ташаббуси ӯ якчанд экспедитсияҳои байналмилалӣ оид ба дарёфт намудани намунаҳои ёбоии зироатҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ гузаронда шуд. Дар назди муассисаҳои илмии Академия шуроҳои диссертатсионӣ ташкил гардида, шумораи кадрҳои баландихтисоси илмӣ афзуд ва иқтидори илмии соҳаи кишоварзӣ ғанӣ гардид.
Бобо Сангинов дар давоми фаъолияташ аз ходими илмӣ то ба дараҷаи олими намоён, академики АМИТ ва АИКТ, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Россия, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон расида, дар рушди илми соҳавӣ саҳми арзанда гузошт. Ӯ мактаби бузурги илмии академик В.П. Красичковро идома дода, тамоми ҳаёташро ба рушди соҳаи пахтапарварӣ бахшида, зиёда аз 30 навъи серҳосилу пешпази ба касалиҳо тобовар ва дорои сифати баланди нахи пахтаро ихтироъ намуд. Якчанд навъҳои пахтаи маҳиннахи офаридаи ӯ дар селексияи пахта аҳамияти калон дошта, то ҳол дар ҷумҳурӣ кишт мешаванд.
Бобо Сангинов бо ҳамкории кормандони Институти умумииттифоқии илмӣ-таҳқиқотии рустанипарварии ба номи И.Вавилови Санкт-Петербург Феҳристи коллексияи пахтаи маҳиннахи ҷаҳонро тартиб дод. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо олимони Ҳиндустон оид ба ривоҷи пахтакорӣ дар Осиёи Миёна асари илмии пурарзишро ба чоп расонд, ки ин ифтихори миллии мо мебошад.
Бобо Сангинов дар Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Миср, Шветсия, Амрико, Венесуэла, Олмон, Фаронса, Туркия, Россия, Сурия бо гузоришҳои илмӣ баромад намуда, дастовардҳои илми тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Дар натиҷаи таҳқиқоти худ академик Бобо Сангинов зиёда аз 250 асари илмӣ навишта, муаллифи 19 кашфиёту ихтироот мебошад.
Ҳаёт ва фаъолияти академик Бобо Сангинов, бешубҳа, намунаи шоистаи софдилона хизмат намудан ба миллату Ватан ва мактаби бузурги нотакрор буда, хотираи некаш дар дилу дидаи мардум, махсусан шогирдону ҳамкасбон ва пайвандон, ҳамеша боқӣ хоҳад монд.
САЛИМЗОДА А.Ф., президенти АИКТ,
КОМИЛЗОДА Д.Қ., мушовири президенти АИКТ