8-уми июл Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Саҳни Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои сарварони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.
Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.
Ҳамчунин, баҳри пазироии сатҳи баланди меҳмони олиқадр аз ҷониби ҷавонон ва аҳли ҳунар барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ таҳия ва пешкаш шуд.
Зимни суҳбати кӯтоҳи дар толори Фурудгоҳ баргузоршуда, сарварони ду давлат доир ба барномаи сафари давлатии Садир Жапаров ба Тоҷикистон табодули назар намуда, аз ҷумла изҳори бовар намуданд, ки он дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя саҳифаҳои нав боз мекунад.
Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон 8-9-уми июл ҷараён гирифта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ, дар назар аст.
МАРОСИМИ ИСТИҚБОЛИ САДИР ЖАПАРОВ ДАР ҚАСРИ МИЛЛАТ
8-уми июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарварони ду давлат анҷом ёфт.
Ҳамчунин, ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.
МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН
Дар Қасри миллат масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хосаи сарварони давлатҳо ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр – Садир Жапаров ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар мулоқоту музокирот доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуд.
Сарварони ду давлат аз поёнрасии делимитатсияи сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар изҳори қаноат намуда, таъкид доштанд, ки корҳо доир ба анҷом додани демаркатсия низ бо ҳамоҳангии ҷонибҳо идома дорад.
Мусоҳибон таҳким ва густариши робитаҳои парлумониро воситаи маҳими рушди ҳамкории дуҷониба номида, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳо дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла миёни ноҳияҳои наздисарҳадиро зарур шумурданд.
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати сабуку хӯрокворӣ аз самтҳои афзалиятноки афзоиши сармоягузории мутақобила арзёбӣ гардид. Пешниҳод шуд, ки ҳамкорӣ дар самти содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ густариш дода шавад.
Ҷонибҳо барои сармоягузорӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди марказҳои логистикию саноатӣ ва густариши шарикӣ дар соҳаи рушди системаҳои иттилоотӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои ояндадори энергетика, тавсеаи шоҳроҳҳои транзитию нақлиётӣ ва зиёд кардани шумораи парвозҳо, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҷониби Тоҷикистон барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, робитаҳои байни муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, табобатию солимгардонӣ ва муассисаҳои санитарию курортӣ изҳори омодагӣ кард.
Баргузор намудани фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ омили муҳими таҳкимбахши робитаҳои фарҳангию гуманитарии байни мардумон номида шуд.
Мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ҳамкории зич барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, оқибатҳои гармшавии глобалӣ ва ҳифзи пиряхҳо аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд.
Ҳамчунин, атрофи ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон, дар ҳузур ва иштироки сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.
Ҳамчунин, санадҳои зерин ба имзо расиданд:
– Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тадбирҳои боварӣ;
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба таъсиси Шурои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон;
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва мушоҳидаи фосилавии Замин;
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот ва аккредитатсия;
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба хизмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон;
– Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2026-2027;
– Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат барои давраи солҳои 2025-2026;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникии Ҷумҳурии Қирғизистон;
– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии радиошунавонии Ҷумҳурии Қирғизистон;
– Ёддошти тафоҳум миёни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти илмию тадқиқотии зироаткории назди Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва коркарди саноати Ҷумҳурии Қирғизистон;
– Созишнома оид ба таъсиси Шурои корӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Қирғизистон.
ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ САРҲАДӢ
Дар Қасри миллат пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар маросими видеоии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадии “Тоҷварон” – “Қарамиқ” дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба омодагӣ ба бозкушоии гузаргоҳҳо шахсони масъул гузориш доданд.
Сарварони ду давлат барои кушодани гузаргоҳҳо иҷозат доданд.
Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии Лахши Тоҷикистон ва Чон-Алайи Қирғизистон баргузор шуд.