Баргашт Чоп кардан

ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН АБАДИСТ!

Миллати тоҷик аз қадимулайём сулҳдӯсту таҳаммулпазир аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус чунин таъкид намудаанд: «Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тули асрҳо пуштибонӣ намудааст».
Дарвоқеъ, сулҳ ин осоиштагию ободӣ, лабони пурхандаи модарон, бунёдкорию хушҳолӣ аст. Ҷанг бадбахтию вайронкорӣ, ғаму ғусса, ашки сӯзони модарону ятимон мебошад. Аз ин рӯ, бузургон ҳамеша дӯстию сулҳпарвариро васф намуда, ҷангу душманиро накуҳиш кардаанд. Чунончи, Ҳофизи Шерозӣ фармудааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳпарваронаро пеш гирифта, дар муносибат бо кишварҳои ҳамсояву минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамеша принсипи ҳамсоядории нек ва дӯстию ҳамзистии осоиштаро риоя менамояд.
Тоҷикону қирғизҳо аз қадимулайём бо якдигар муносибатҳои неки дӯстӣ, ҳамсоядорӣ ва хешутаборӣ доранд. Ба роҳ мондани робитаҳои дӯстонаи ду халқи ҳамсоя гарави сулҳу субот дар минтақа мебошад. Дар ҳама даврон намояндагони ду ҷумҳурии бародар аз майдонҳои кишт, корхонаҳои саноатӣ ва фермаҳои чорводории ҳамдигар дидан намуда, баҳри пешрафти кор маслиҳатҳои муфид медоданд. Ҳайатҳои фарҳангӣ намоиши филмҳо ва консертҳоро ташкил карда, дар шиносоии таъриху маданияти халқҳо нақши арзанда мегузоштанд.
Баъди соҳибистиқлолӣ низ ин робитаҳо идома ёфтанд. Дар ин хусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштаанд: «Кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд».
Соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими робитаҳои дӯстӣ миёни ду кишвари ҳамсоя ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафари давлатӣ доштанд, ки хеле пурсамар буд.
Инчунин, 31-уми марти соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба шаҳри Хуҷанд ташриф овард. Баъд аз анҷоми мулоқоти хосса миёни сарварони Тоҷикистону Қирғизистон санадҳои муҳим: протоколи мубодилаи тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ», созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард» имзо шуданд. Хатти интиқоли барқи 500 кВ «Датка-Суғд», ки дар доираи татбиқи лоиҳаи СASA-1000 сохта шуда, низоми энергетикии ду кишварро пайваст намуд, мавриди истифода қарор гирифт.
Дар вохӯрии расмии сеҷониба миёни президентҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки дар фазои дӯстӣ, бародарӣ, эҳтиром ва эътимод доир гардид, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва ҳам Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба тасвиб расиданд. Мавриди истифода қарор додани стелаи (сутуни) рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунин, иштирок дар тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯзи бостонӣ аз воқеаҳои таърихӣ ба ҳисоб мераванд.
Сафари Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як қадами навбатӣ дар густариш ёфтани робитаҳои ду халқи дӯсту бародар хоҳад гашт.
Таҳкими ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба манфиати тамоми халқҳои ду кишвари ҳамсоя буда, боиси боз ҳам бештар густариш ёфтани ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ мегардад.
Музаффарҷон МАҲМУДЗОДА,
раиси Ҷамъияти дӯстии
Тоҷикистон – Қирғизистон