Баргашт Чоп кардан

«ФАРЗАНДИ ДУ ХАЛҚ...» ДАР ФАРҒОНА

Дар шаҳри Фарғона китоби “Фарзанди ду халқ. Қаҳрамони ду миллат” интишор ёфт, ки ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамонписари шуҷоъ, “Баҳодури тоҷик” ва “Мергани уқобчашм” Тешабой Одилов бахшида шудааст. Ин китоб бо иқдому талоши Одилҷон Тешабоев, писарбузурги ӯ, ба дасти муштариён расидааст.
Одилҷон Тешабоев соли 1975 Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм карда, солҳои дароз дар МТМУ № 14 ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва хоҷагии ҷамоавии “Ҳушёр”-и ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона фаъолият намудааст.
Дарвоқеъ, як идда адибони тоҷику ӯзбек, русу укроин ва белорус, мисли М. Турсунзода, С. Улуғзода, М. Миршакар, М. Раҳимӣ, З. Ҷавҳарӣ, М. Аминзода, Ойбек, А. Раҳмат, А. Гитович, П. Лукнитский, Т. Дяченко, З. Пивен, А. Белоголовсев ва дигарон дар бораи ҷасорату қаҳрамониҳои Тешабой Одилов дар майдони Ҷанги Бузурги Ватанӣ қиссаву достонҳо ва маводи зиёди публитсистӣ навиштаанд.
Муҳтавои китоби “Фарзанди ду халқ. Қаҳрамони ду миллат” аз нақлу ҳикоятҳои Тешабой Одилов дар солҳои мухталиф иборат аст, ки дар вақту ҷойҳои гуногун вирди забон овардааст.
– Чунин унвон гирифтани китоб ба он маънист, ки халқи тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародаранд ва ҳама дар як маҳалу як минтақа, мисли гӯшту нохун зиндагӣ карда меоянд. Падарам дар суҳбату мулоқотҳояшон ҳамеша ин дӯстиро қадру васф мекарданд ва мегуфтанд, ки чун вакили ин ду халқ бар зидди душман ҷангидаанд, то ки наслҳои баъдӣ аз фазои дӯстӣ баҳраманд ва ба қадри сулҳу дӯстӣ бирасанд, барои мустаҳкам шудани он ҳисса гузоранд, – изҳор намуд Одилҷон Тешабоев, фароҳамсози китоб.
М. АҲРОРОВ, хабарнигор