Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо директори Оҷонсии танзими техникии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Ҷумъаназаров мулоқот анҷом додааст.
Тавре маълум шуд, дар вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар бахши сертификатсия, стандартизатсия, метерология ва назорати савдо баррасӣ гардиданд. Гуфта мешавад, ки ҷониби Ӯзбекистон хостори рушди ҳамкориҳои соҳавӣ буда, ташкили семинару конфронсҳои муштарак, табодули таҷрибаи ҳамдигар ва ҷалби мутахассисон ба курсҳои такмили ихтисосро ба мақсад мувофиқ шумурдааст.
Абдуҷаббор Раҳмонзода зарурати такмилу ворид намудани иловаҳо ба Созишномаи муштаракро таъкид намуда, ба имзо расидани “Харитаи роҳ” бо Оҷонсиро барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои тарафайн омили муҳим арзёбӣ кард.
Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Тошкент
МУЛОҚОТИ ФИРӮЗ ШАРИФЗОДА БО ҒИЁС ШАБСИҒ
Дар доираи 23-юмин нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ (IFSB) Фирӯз Шарифзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Дабири кулли ин Шуро Ғиёс Шабсиғ мулоқот намуд.
Дар он ҷонибҳо оид ба масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ, пешбурди молияи исломӣ, татбиқи стандартҳои байналмилалии IFSB, инчунин, таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои барориши сукук (коғазҳои қиматноки исломӣ), дастрасӣ ба захираҳои техникиву молиявӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи молия ва бонкдории исломӣ табодули назар намуданд.
Фирӯз Шарифзода зикр намуд, ки рушди молияи исломӣ дар кишвар ҳамчун як самти стратегии афзалиятнок барои фарогирии молиявӣ, диверсификатсияи бахши молиявӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои мутобиқ ба принсипҳои молияи исломӣ аҳамияти калон дошта, Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, омӯзиши мутахассисон ва татбиқи маҳсулоти исломӣ, корҳои назаррасро анҷом додааст.
Дар навбати худ Ғиёс Шабсиғ омодагии Шуроро барои таҳияи стандартҳо, баргузории омӯзишҳои муштарак, дастгирии техникӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ баён намуд. Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон на танҳо мақоми танзимкунандаи низоми бонкӣ, балки мақоми танзимкунандаи соҳаи суғуртаи кишвар, аз ҷумла суғуртаи исломӣ (такафул) низ мебошад. Дар робита ба ин, ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дар омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар соҳаҳои такафул, сукук, фишангҳои монетарии исломӣ ва технологияи молиявии исломӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак расонда мешавад.
Бояд гуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2010 узви IFSB буда, намояндагони он дар гурӯҳҳои кории созмон фаъолона ширкат меварзанд. Ҳамкории БМТ бо IFSB ба таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва танзиму назорати молияи исломӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”