Баргашт Чоп кардан

ЧАРОҒИ САОДАТ

Тобистони соли 2012. Шаҳри Ваҳдат. Ҳанӯз нурҳои тиллоранги Офтоб ба паҳнои замин равшанӣ мекард. Роҳбарият ва масъулони дигари шаҳрдорӣ барои истиқболи меҳмони олиқадр омода буданд. Мани мактабхон ҳам он лаҳза дар радифи пешвозгирандагон қарор доштам.
Ҳамин ки аз партави Хуршед ба чеҳраҳо гармӣ дамид, корвони мошинҳои Сарвари давлат ҳам ба ҷойи вохӯрӣ расид. Ман бештар ба тавъамии ду нур аҳамият медодам, ки он субҳ ҷилои ҳар ду дар як вақт рост омада буд. Офтоби аввал сарчашмаи равшанию гармии замин, дувумӣ дидори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – нишонаи меҳр, гармии дилҳо, дӯстию осудаҳолӣ, ободӣ ва шукуфоии Ватан, Офтобе, ки рӯшании роҳи имрӯзу фардои мо ва Меҳан ба он вогузор шудааст...
Воқеан, ин дидор ба ман руҳияи қавӣ бахшид ва ба худафрӯзӣ таҳрик дод. Роҳамро дар зинаҳои баъдии таҳсил ҳамвор кард, ба донишгоҳ дохил ва соҳибтахассус шудам.
Дарвоқеъ, Офтоб будану рӯшангари роҳи фардои ҷавонон будани Пешвои муаззами миллатро аз он лаҳзае дарк кардам, ки маро ба оғӯш гирифтаву фарзандвор ҳол пурсиданд. Он лаҳазот ҳеҷ аз лавҳи хотиротам зудуда намешаванд, ки барои таҳсили ояндаи мани наврасу мактабхон ба вазири маориф ва дигар масъулон супоришҳои мушаххас дода буданд. Шумораи чунин дастгириҳо дар корномаи Пешвои миллат бешумор аст. Яъне, зиёд дидаву шунидаам, ки ҷавонони манотиқи дурдасти кишвар бо дастгирии Сарвари давлат сазовори номи баланди донишҷӯӣ шудаву дар зиндагӣ ба мақомҳои баланд расиданд.
Хушбахтам, ки чунин дидори рӯ ба рӯ бо Пешвои миллат минбаъд низ борҳо бароям муяссар шуд. Ҳар вохӯрӣ бардоштҳои хосе дошт, ки дар зиндагии шахсиям мудом аз онҳо кор гирифтаам. Вале чунин иқболи баланд танҳо насиби ман набуда, балки ҳамаи аъзои ҷомеа аз чунин марҳамати Роҳбари оқилу хирадманди хеш файз бардоштаанд.
Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи мураккаби эҳё, гузариш ва барқарории Тоҷикистон ба поён расид ва ҳамакнун кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд гомҳои устувор мегузорад. Дар ин замина, мо, ҷавонон ва ҳамаи аъзои ҷомеа, вазифадорем, ки дар татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои олии давлату Ҳукумат саҳмгузор бошем ва сиёсати созандаи Пешвои миллатро аз сидқи дил дастгириву амалӣ созем.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”